ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Хабарҳо

2023-06-13 12:46:48

Вартаи сиёҳи бузургмасса, ки на он қадар дур аз Замин аст

Вартаи сиёҳи бузургмасса, ки на он қадар дур аз Замин аст

Муаллиф: Асоев Ҳ.

Астрономҳо бо истифода аз телескопи кайҳонии  Ҳаббл як тарокуми ситорагиеро кашф карданд, ки дар маркази он метавонад вартаи сиёҳе бошад, ки он наздиктарин вартаи сиёҳба сайёраи мо бошад. Он дар бурҷи Ақраб (Скорпион), мавқеъ дошта, аз сайёраи мо дар масофаи    6 ҳазор соли рӯшноӣ  ҷойгир аст.

Муҳаққиқон модели компютерии ин  тарокуми ситорагиро сохта, ба хулосае омаданд, ки дар маркази он минтақаи хурде мавҷуд аст, ки массааш тақрибан 800 массаи Офтобро ташкил медиҳад. Мушоҳидаҳои минбаъда бояд ба саволи он ки чӣ гуна вартаҳои сиёҳи бузургмасса ба вуҷуд меоянд, ва чӣ гуна онҳо бо дигар объектҳо таъсир мерасонанд ҷавоб диҳанд

2023-06-02 12:09:27

Сайёраи хурди «Тоҷикистон»

Сайёраи хурди «Тоҷикистон»

Муаллиф: Гулчехра Қоҳирова

Узви вобастаи АМИТ,

Раҳматуллоева Ф.Ҷ.-муовини директор оид ба илм ва таълими  ИА АМИТ

Дар Системаи Офтобӣ ғайр аз ҳашт сайёраҳои калон, боз бисёр ҷирмҳои хурд дар гирди атрофи Офтоб доимо дар харакат мебошанд. Ин ҷирмхо сайёраҳои хурд ё астероидхо, кометахо ва метеороидхо хастанд. Астероидҳо асосан дар тасмаи асоси астероидҳо ҷойгир ҳастанд. Миқдори ками онҳо бо таъсири қувваи ҷозибаи Муштарӣ ба мадорҳои наздизамини партофта шуда, дар масофаи наздик ба мадори Замин ҷой ёфтаанд. Ҳамин тавр, сайёраҳои хурд вобаста ба ҷойгиршавиашон дар Системаи Офтобӣ ба ду гурўҳи калон тақсим мешаванд, яъне астероидҳои тасмаи асосӣ ва астероидҳои наздизаминӣ.

Сайёраи хурдӣ рақами 2469, ки ба тасмаи асосии астероидҳо дохил мешавад, дар расадхонаи Қрим ошкор карда шуд. Азбаски ҷойгиршавии объект дар масофаи хеле дур аз Замин мебошад (тақрибан 250 млн км) ва дурахшониаш паст аст, он бо ёрии телескоп аз тарафи корманди илмии расадхонаи Қрим Тамара Смирнова кашф карда шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мактаби илмӣ-тадқиқотии ҷирмҳои хурд аз тарафи олимон, академикҳо Бобоҷонов П.Б. ва Доброволский О.В. ташкил ёфтанд. Натиҷаҳо доир ба омўзиши хусусиятҳои физикию динамики ҷирмҳои хурд бо роҳбарии онҳо коркард шуда дар тамоми ҷаҳон маълуманд. Ин самти тадқиқотҳо то ҳозир фаъол аст ва шогирдони ин мактабҳо бо омўзишҳои илмӣ ва дастовардҳои худ дар ҷахон машҳур мебошанд. Қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ ин комёбиҳоро ба назар гирифта ба шарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёраи хурдӣ рақами 2469 бо номи “Тоҷикистон” номгузорӣ кард.

«Тоҷикистон» сайёраи хурди оддии тасмаи асосӣ астероидҳо ҳаст. Мадори ў, яъне роҳи ҳаракат дар фазои кайҳонӣ, дар байни мадорҳои сайёраҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгир шуда, қариб доирашакл мебошад (расми 1). Дурахшонии он ба 16-ум бузургии ситорагӣ баробар аст. Одатан, ситораҳоро бо чашми оддӣ то 9-ум бузургии ситорагӣ дидан мумкин аст. Аз ин бар меояд, ки  астероиди «Тоҷикистон» объекти хеле хира ба ҳисоб меравад ва бо чашми оддӣ дидани он ғайриимкон аст. Барои дидани объектҳои хира дар масофаҳои хеле дур аз Замин телескопҳоро истифода кардан лозим аст. Даври чархзании «Тоҷикистон» дар гирди Офтоб 5.5 сол мебошад.

Расми 1. Мадори сайёраи хурдӣ Тоҷикистон дар фазои кайҳонӣ.

Моҳи августи соли 2015 астероиди «Тоҷикистон» ба Замин наздик шуд. Дар ин давра мушохидаи ў бо мақсади муайян кардани хусусиятҳои номаълум дар расадхонаҳои Санглох ва Ҳисор бо воситаи телескопҳо гузаронида шуд (расми 2). Он вақт масофаи астероид аз Офтоб қариб 414 млн км ва аз Замин 263 млн км буд. Суръати ҳаракати сайёраи хурд дар фазои кайҳон  19 км дар як сония мебошад. Қутри андозаи астероид “Тоҷикистон” тахминан 20 км аст, ки мо метавонем онро ба объектҳои калон доҳил намоем.

Расми 2. Астероиди (2469) «Tоҷикистон» дар байни ситораҳо ҳангоми мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон 16 августи соли  2015.

Дар натиҷаи мушоҳидаҳо, мавқеъ ва тағйирёбии дурахшонии астероид муайян шуданд. Нахустин бор нишон дода шуд, ки даври чархзании астероид ба 320 соат баробар аст. Дар асоси таҳлили тағйирёбии дурахшонии астероид ба хулоса омадем, ки шакли он ғайрикуравӣ буда, як қисми ҷирм нисбати қисми дуюм яку ним маротиба зиёд аст. Масоҳати сатҳ зиёда аз як ҳазор км2 ва массаи он таҳминан 3 млн. Мт (мегатонн) мебошад. 

Тадқиқотҳои ҷирмҳои хурд  ахамияти фундаменталӣ ва амалӣ доранд. Онҳо ба бисёр саволҳои муҳими пайдошавии Системаи Офтобӣ, аз он ҷумла пайдоиши об ва ҳаёт дар Замин, алоқаманданд. Натиҷаҳои тадқиқотҳои мо дар оянда барои чавоб ба ин саволҳо лозим мешаванд. Аз дигар тараф, мадорхои баъзе аз чирмхо мадори Заминро бурида мегузаранд ва барои Замин хатари эҳтимолӣ доранд. Барои коркарди чораҳои кам кардани хатар, маълумотхо оид ба хусусиятҳои динамикию физикии чирмхо зарур хастанд.

Мо умедворем, ки шаҳрвардони кишвар фахр аз он менамоянд, ки астероиди бо номи “Тоҷикистон” дар фазои кайҳонӣ давр мезанад.

2023-06-02 11:46:08

Арзёбиҳои баланди натиҷаҳои расадхонаи Санглох дар бурунмарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Арзёбиҳои баланди натиҷаҳои расадхонаи Санглох дар бурунмарзи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаллиф: Раҳматуллоева Ф.Ҷ.



Боиси ифтихор аст, ки расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳкиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо пурра ба роҳ монда шудааст.

Баъди барқарор кардани расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз,  мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ мунтазам  идома дорад ва кормандони илмии Институт ҳар вақти муносиб ба онҷо рафта таҳқиқи омӯзиши худро такмил медиҳанд.  Инчунин дар ин равия олимони ҷавон ва аспирантони Институти астрофизикаи АМИТ фаъолона ҷалб карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки расадхонаи Санглох дорои телескопи оинагие мебошад, ки қутри он ба як метр баробар аст. Ин телескоп соли 1980 аз ширкати Карл Тсейсси Олмон оварда шуда, дар расадхона насб гардидааст, ки номи ин телескоп Тсейсс-1000 мебошад. Сифати аксҳои ин телескоп хело баландсифат буда, аксҳои гирифтаи он аз тарафи олимони астрофизикҳои ҷаҳон арзёбӣ карда шудааст.

Ин далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки як гурӯх астрофизикҳои тоҷик моҳи октябри соли 2017 дар конференсияи байналмилӣ иштирок карданд  ва натиҷаҳои ба даст овардаи онҳо мавриди баҳсҳои илмӣ қарор гирифтанд.

Конференсияи байналмилалии «Астрономияи наздизаминӣ- 2017» бо ташаббуси Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия ва Донишгоҳи давлатии Кубани Федератсияи Россия ташкил карда шуд. Дар конференсияи мазкур олимони муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ даъват карда шуда буданд. Мо ҳам фурсатро муносиб дониста, як гурӯҳ ходимони илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конференсияи бонуфуз бо натиҷаҳои нави илмии бадастовардаи худ иштирок намудем.  Бояд ёдовар шуд, ки қисми зиёди ин натиҷаҳои нав дар расадхонаи Санглох ба даст омаданд. Дар конференсия ходимони илмии Институт роҷеъ ба фаъолияти нави таҳкиқи омӯзишҳои кометаҳои 2015ER61, 2015VL62, 29P, C2014N3, астероидҳои фаъол (596) Шейла, 2008GO98 ва астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25 баромад намуданд.

Хусусан натиҷаҳои астероиди эҳтимолан хатарноки 2014JO25 пешниҳод  гардид,  ки он дар масофаи наздиктарини ба Замин  рӯзҳои 18-24 апрели соли 2017 ба вуқӯъ омада буд. Дар ин лаҳзаҳо  кормандони илмии Институти астрофизикаи АМИТ мониторинги мушоҳидавиро дар расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон ба роҳ монданд. Аксҳои баландсифати онҳо бевосита бо  ёрии телескопҳои расадхонаи Санглох ва расадхонаи астрономии  Ҳисор ба навор гирифта шуданд. Дар рафти коркарди маводҳо маълум гашт, ки  астероид хеле дурахшон аст ва бо суръати калон ҳаракат мекунад. Ба хулосае омадем, ки имконияти бархурии астероид бо Замин дар солҳои наздик хело назарногир мебошад, яъне ин ҷирм наметавонад ба сайёраи мо зарар расонад. Ҳамин тариқ, мушоҳидаҳои муштараки расадхонаҳои мо ва ҷаҳон пешгӯиҳои назариявиро тасдиқ карда, исбот намуданд, ки ҳарчанд астероиди 2014JO25 ба гурӯҳи астероидҳои эҳтимолан хатарнок дохил шуда бошад ҳам, ба Замин таъсири манфӣ намерасонад. Чунин наздикшавии навбатии ин астероид ба Замин дар ояндаи дур, яъне баъди 74 сол ба вуқуъ меояд, бинобар ин натиҷаҳои мушоҳидаҳои якҷояи ҳозира барои тадқиқотҳои он аҳамияти хеле зарурӣ доранд.

Яке аз натиҷаи илмии муҳим ин тадқиқи астероидҳои фаъол аз тасмаи асосии астероидҳо дар Институти астрофизикаи АМИТ аст.  Фарқи астероидҳои аз тасмаи асосӣ аз астероидҳои наздизаминӣ дар он аст, ки онҳо аз Замин дар масофаи зиёда аз 300 млн км ҷойгир ҳастанд. Маводи коркарди астероиди фаъоли (596) Шейла, ки марҳилаи фаъолнокии ӯ то имрӯз давом карда истодааст, низ пешниҳод гардид.  Нишон дода шуд, ки сабаби фаъолнокии (596) Шейла ин бархурии бо ҷирми кайҳонии хурд мебошад ва  партофтани чангҳои зиёд аз сатҳаш хуруҷи (596) Шейларо ба вуҷуд овард.  Натиҷаи мазкур барои ошкор намудани алоқаҳои волидайнии байни ҷирмҳои кайҳонӣ хеле муҳим аст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки самтҳои нави замонавӣ дар Институт ба роҳ монда шудааст.  Боиси тазаккур аст, ки дастовардҳои илмии Институти астрофизикаи АМИТ, ки дар расадхонаи Санглох ба даст омада коркард  шудаанд, таваҷҷӯҳи кулли олимони конференсияро ба худ ҷалб намуда ба арзёбии баланд сазовор гардиданд. Якчанд  комёбиҳои муштарак бо олимони Федератсияи Россия ва Словакия  муайян шуданд ва мақолаҳо доир ба натиҷаҳои ҳамҷоя нашр гардиданд.

Кормандони Институти астрофизикаи АМИТ бо ҳайати олимони Россия дар конференсияи байналмилалии «Астрономияи наздизаминӣ-2017», Вилояти Краснодар, Федератсияи Россия

2023-05-25 10:04:46

Кометаҳо аз нигоҳи илм ва радди ақидаҳои хурофотии одамон нисбати ин ҷирмҳо

Кометаҳо аз нигоҳи илм ва радди ақидаҳои хурофотии одамон нисбати  ин ҷирмҳо

        Ҳусейн Асоев

ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ


Аз рӯзе, ки инсоният дар дунё арзи ҳастӣ кард, дар баробари инкишофи шуураш  хост нисбат ба объектҳо ва мавҷудоти гирду атрофаш маълумот ба даст орад.  Дар баробари тараққиёти илму техника, фаҳмиш ва ҷаҳонбинии одамон  рушд  ва инкишоф ёфту, нисбат ба ҳодисаю воқеъаҳои олами ҳастӣ маълумотҳои ҷолибу диққатҷалбкунандаро ба даст овард. Диққати одамони замонҳои қадимро асосан ҷирмҳои осмонӣ ҷалб мекарданд. Онҳо ситораҳои равшанро дар осмон роҳнамо интихоб карда, ба воситаи ин ситораҳо дар баҳру биёбонҳо роҳ мерафтанд.

Маълумоти умумӣ дар бораи кометаҳо

Кометаҳо ҷирмҳои зебо ва  диққатҷалбкунандаи осмонӣ мебошанд,  хусусан вақте, ки хеле равшан мешаванду онҳоро бо чашми оддӣ дидан имконпазир аст. Калимаи  “комета” аз калимаи юнонии  “кометис” гирифта шуда, маънояш “мўйдор” мебошад. Дар ҳақиқат кометаи бо чашми бесилоҳ  дидашаванда дорои думи дароз мебошад, ки дарозиаш якчанд ва баъзан даҳҳо дараҷаи кунҷиро ташкил медиҳад. Кометаҳои равшан  дар давоми 10-15 сол як маротиба пайдо мешаванд ва ин ҳам бошад, онҳоро танҳо аз як нимкураи Осмон дидан мумкин аст.  Ҳоло ба туфайли ихтироъи асбобҳои дақиқи астрономӣ  дар як сол то 100 кометаи нав кашф мешавад.

Кометаҳо ҷирмҳои яхин  буда, ба гурӯҳи ҷирмҳои  хурди  Низоми офтобӣ дохил мешаванд.  Қариб 90% - и массаи кометаҳоро моддаҳои сабуки зудгудози яхшуда аз қабили,  об, молекулаи кабон, аммиак, метан, оксиген, нитроген ва ғ. ташкил медиҳанд. Боқимондаро бошад, моддаҳои вазнин, ба монанди оҳан, никел ва дигар навъи силикатҳо ташкил медиҳанд.  Кометаҳо аз се қисм: ҳаста (ядро), сар ва дум иборатанд. Қисми фаъолтарини кометаҳо ҳастаи онҳо ба шумор меравад.  Ҷолибтарин қисми комета думи он мебошад. Вақте, ки кометаҳо аз Офтоб дар масофаҳои дур воқеъанд, онҳо  ғайрифаъоланд ва онҳоро  чун астероидҳо  мушоҳида мекунанд. Дар ҳолате, ки кометаҳо ба Офтоб ба масофаи 3 3,5 воҳиди астрономӣ (1- воҳиди астрономӣ ба 150 000 000 км баробар аст, ки ин  масофаи байни Офтобу Замин аст) наздик мешаванд, дар таҳти таъсири гармии Офтоб моддаҳои сабуки таркиби онҳо бухор мешаванд. Ин моддаҳои бухоршуда дар атрофи ҳаста (ядро) и комета атмосфераи газиеро ташкил мекунанд, ки онро комаи комета меноманд. Кома ва ҳаста якҷоя сари кометаро ташкил медиҳанд. Газу чанге, ки атрофи ҳастаи кометаро иҳота кардаанд, дар таҳти таъсири фишори рӯшноӣ ва шамоли Офтобӣ ба муқобили Офтоб ҳаракат мекунанд ва думи кометаро ташкил медиҳанд. 

Кометаҳоро ба ду гурӯҳ: дароздавр ва кӯтоҳдавр ҷудо мекунанд. Кометаҳое, ки даври гардишашон дар атрофи офтоб аз 200 сол зиёд аст, кометаҳои дароздавр ва кометаҳое, ки даври гардишашон аз 200 сол хурд аст, кометаҳои кӯтоҳдавр меноманд.

Расми 1. Сохти комета

Андозаи ҳастаи  кометаҳо аз 500 м то 20 км ро дар бар гирифта, андозаи сарашон бошад, аз  100 000 км то 1,5  млн. км ро ташкил медиҳад.  Дарозии думи кометаҳо аз 1 млн. км сар карда, то ба 900 млн. км мерасад. 

 Аз хурофот то илм

Аввалин дастнависҳои хаттие, ки дар бораи мушоҳидаи кометаҳо маълумот медиҳад, ба таърихи 2296 солаи пеш аз мелод рост меояд. Кометаҳоро астрономҳои Чини қадим мушоҳида  мекарданд. Чиниҳои қадим осмонро чун як мамлакати бузург тасаввур карда, дар он сайёраҳои дурахшонро ҳокимон, ситораҳоро дарбориёни ҳукумат мепиндоштанд.  Аз сабаби он, ки кометаҳо дар кураи осмон мавқеашонро дар байни ситораҳо зуд – зуд иваз мекарданд, онҳоро хаткашонҳои ҳокимони осмонӣ гумон мекарданд. Онҳо гумон мекарданд, ки маҳз хамин ҷирмҳо, яъне кометаҳо ба воситаи нома фармони императорро ба ҳокимони осмонӣ  мерасонанд. Бинобар ин бо тасаввуроти онҳо ҳамаи ҳодисаҳои дар осмон ва Замин ба амал омада бо фармони императори осмонӣ ба вуқуъ меомад.

Аз қадимулайём кометаҳо дар байни одамон ҳамчун ситораҳои думдор маълуманд. Пайдоиши кометаи равшани думдор дар осмон ҳодисаи нодир ва аҷоиб мебошад. Одамони қадим аз кометаҳо бисёр меҳаросиданд ва пайдоиши онҳоро сабаби рух додани ҳодисаҳои нохуш аз қабили вабо, гуруснагӣ, ҷангу хунрезӣ, офатҳои табии ва ғайраҳо дар рӯи Замин мепиндоштанд.  Кометаҳо, ки ҷирмҳои думдор буданд ва баъзан вақт дар тамоми нимкураи осмон думашон паҳн мешуд, тарсу ваҳми одамонро дучанд мегардонд.

Албатта сабаби асосии бо чунин тасаввурот ва  ақидаҳои нодуруст ва беасос гирифтор шудани онҳо ин  маълумоти оддитарин надоштанашон дар бораи табиати физикӣ ва динамикии ин ҷирмҳо буд.

 Таҳқиқи кометаҳо пеш аз мелод

           Аввалин тасаввуроти илмиро дар бораи кометаҳо олими юнони қадим Арасту пешниҳод кардааст. Ба ақидаи Арасту кометаҳо чун ҷисмҳои буғшавандаи  атмосферӣ буданд. Ақидаи Арастуро мардум дастгирӣ карданд. Ақидаҳои хурофотӣ ва беасос дар бораи кометаҳо ҳатто аз тарафи олимони машҳӯр пешниҳод мешуд ва то асрҳои миёна идома ёфт.

Расми 2. Тарси одамон аз пайдоиши комета

Таҳқиқи кометаҳо дар асри XVI

Дар охирҳои асри XVI астрономи даниягӣ Тихо Браге кометаҳоро ҳамчун ҷирми осмонӣ таҳқиқи илмӣ намуд. Ин олим як кометаи равшанро аз ду расадхона, ки аз ҳамдигар дар масофаи хеле дур воқеъ буданд мушоҳида намуд. Браге дид, ки аз ду расадхона ҳам мавқеъи комета нисбат ба ситораҳо тағйир намеёбад. Аз ин рӯ вай исбот намуд, ки ҷирмҳо аз Замин дар масофаҳои хеле дур ҷойгиранд. Дар ин замина ақидаҳои хурофотӣ  ва беасос, аз он ҷумла ақидаҳои Арасту оид ба кометаҳо инкор шуд. Ба тадқиқотҳои илмӣ нигоҳ накарда одамони ҷоҳил боз ақидаҳои хурофотиро идома медоданд. Масалан, марги Людовики XIV ро  ба кометаи равшане, ки соли 1680 пайдо шуда буд, нисбат медоданд.   

          Пайдоиши кометаҳои дурахшон ҳамчун ҷирми осмонӣ дар осмони ситоразор ба ҳодисаҳои нохуши дар  Замин ба амал меомада ҳеҷ рафъе надорад.  Кометаҳо чун сайёраҳо ва астероидҳо дар атрофи Офтоб давр мезананд. Аз сабаби он, ки ин ҷирмҳо яхинанд бо наздик шудан ба Офтоб яхи онҳо бухор шуда, дум ва сари кометаро ташкил мекунанд.

          Саҳми асосиро дар таҳқиқоти табиати кометаҳо астрономи ангилис Эдмонд Ҳаллей гузоштааст. Вай як кометаеро, ки дар солҳои 1531, 1607 ва 1682 пайдо шуда буд, таҳқиқ  кард ва даврӣ  будани ин кометаро исбот намуд. Ин астроном нишон дод, ки  як даври пурраи ин комета дар атрофи Офтоб ба 76 сол баробар аст. Баъд аз маргаш ин кометаро (1P/Галлей) ба номи ӯ гузоштанд. Масофаи миёнаи байни Офтобу кометаи Галлей ба 2 660 000 000 км (17,8 масофаи байни Офтобу Замин) баробар аст. Андозаи ҳастаи комета ба 15 км баробар аст.

 Таҳқиқи кометаҳо дар асри XХ

Дар аввалҳои асри ХХ алакай тасаввурот ва ақидаи  мардум дар бораи кометаҳо хеле дигар шуда, шиддати  хурофот хеле паст шуд. Тадқиқоти ҷиддии кометаҳо аз солҳои 80 уми асри гузашта шурӯъ шуд. Аввалин шуда 9 марти соли 1986 ба тадқиқи кометаи Ҳаллей дасгоҳҳои кайҳонии ИҶШС ВЕГА 1, ВЕГА 2 ва дасгоҳи кайҳонии аврупоӣ Ҷотто фиристонида шуданд. Ин дасгоҳҳо кометаро аз масофаи хело наздик (аз 500 то 9000 км) аксбардорӣ  карда, маълумотҳои навтаринро доир ба сохт ва таркиби химиявии комета фиристониданд.

Расми 3, 4 . Расми кометаи Ҳаллей, ки аз Замин гирифта шудааст (т. чап)

Расми кометаи 1P/Ҳаллей, ки аз масофаи 13 400 км гирифта шудааст  (т. рост)


Таҳқиқи кометаҳо дар асри XXI

Дар асри XXI, ки донишу хиради инсонӣ, ба дараҷаи воло тараққӣ намуд, ба донишҳои андак оиди ин ҷирмҳои диққатҷабкунанда  қаноъат накарданд. Бинобар  ин  олимон тасмим гирифтанд, ки ба сатҳи ин ҷирмҳои яхин дастгоҳҳои кайҳониро шинонанд то маълумоти мукаммале гиранд.  Моҳи марти соли 2004 Агентии кайҳонии Аврупо (АКА) ба сӯи кометаи кӯтоҳдаври 67P/Чурюмов Герасименко дастгоҳи кайхонии «Розетта» ро фиристонд.  Ин дастгоҳи кайҳонӣ муддати 10 сол дар Низоми офтобӣ кометаро пайгирӣ карда, ниҳоят 12 ноябри соли 2014 ба сатҳи комета лабораторияи  хурдакаки илмии «Фили» ро фурӯд овард.  Ин дастовард яке аз дастовардҳои бузург ва нодир дар асри XXI буд, зеро як инқилоби илмиеро дар соҳаи асрономия ба вуҷуд овард. Ин дастгоҳ қариб муддати 2 сол дар сатҳи комета тадқиқоти илмӣ гузаронида,  маълумотҳои нав ба нави илмиро, ки барои инсоният муаммои сарбаста буд, кашф намуд. Дастгоҳ дар комета 16 адад элементҳои нави химиявиро кашф намуд.

Расми 5. Акси кометаи 67Р/ Чурюмов – Герасименко аз диди Розетта

               Кометаи Чурюмов – Герасименкоро 23 сентябри соли 1969 астрономи Украинӣ  Клим Чурюмов ва Светлана Герасименко(корманди Институти астрофизикаи АМИТ) кашф намуданд. Даври гардиши ин комета дар атрофи Офтоб ба 6,5 сол баробар  буда, масофаи миёнаи байни Офтобу комета  ба 525 000 000 км баробар аст. Андозаи комета ба 4,5 км баробар буда, массааш 1013 кг – ро ташкил медиҳад.

Расми 6. Фурўди «Фили» ба сатҳи кометаи 67Р/Чурюмов – Герасименко

Омӯзиши кометаҳо дар  Тоҷикистон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ ва фазои кайҳонӣ аз онҷумла кометаҳо соли 1932 баъди таъсис ёфтани пажӯҳишгоҳи Академияи илмҳои Тоҷикистон ва расадхонаи астрономии Ҳисор оғоз ёфта буд. Дар тадқиқоти   кометаҳо олимони варзида ба монанди Доброволский О.В., Бобоҷонов П.Б., Всехсвятский С.К., Ибодов С., Ибодинов Х.И., Раҳонов А. ва ғайраҳо саҳми назаррас гузоштанд. Шӯҳрати ҷаҳонӣ доштани астрофизикаи Тоҷикистон боиси он гардид, ки 7 сайёраи хурди солҳои охир кашф гардида ба номи олимони он - Бобоҷонов П.Б., Бахерев А.М., Чернова Г.П., Доброволский О.В.,  Герасименко В.А.,  Ибодинов Х.И., Киселев Н.Н. гузошта шуданд.

Бояд қайд намуд, ки ҳоло роҳбарии Институти астрофизикаи АМИТ- ро узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна ба уҳда доранд.  Ҷамъияти астрономии  ҷаҳон саҳми назарраси ин шахсро дар тадқиқоти   астероидҳо ба назар гирифта, ба  номаш астероидеро бо номи астероиди KOKHIROVA (24533) номгузорӣ намуданд.

Ҳоло  дар Институти астрофизикаи АМИТ аз ду расадхона астрономӣ: Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи Байналмиллалии Санглох пажӯҳишгарони Институт ба омӯзиши кометаҳо ва астероидҳо  машғуланд.

Воқеъан руҷуъ ба илм ин шикасти хурофот аст. Маҳз бо заҳмати чандинасраи олимони дунё, чӣ тоҷику чӣ рус ва чӣ амрикоию дигар миллат илм дар чор асри охир ривоҷ ёфта тараққӣ намуд. Тараққиёти илм боиси мешавад, ки инсоният худаш ва дунёро ба таври дигар шиносад ва он тасаввуротҳои беасосро, ки асрҳо мардумро ташвиш медоданд аз зеҳнаш дур созад.

Сарчашмаҳо

1. Коитиро Томита. Беседы о кометах. Перевод с японского – Москва: знание, 1982. – 320 с.

2.Марочник Л. С. Сведение с кометой. – М.: Наука. 1985. 208 с.

3.Обидҷон Мамадов. Сайёҳат ба кайҳон. Душанбе: “Ирфон”, 1987. 64 с.

Чурюмов К.И. Кометы и их наблюдение. – Москва 1980 – 160с.

http://hi-news.ru/tag/rosetta

http://special.tass.ru/nauka/2155235

http://galspace.spb.ru/index380.html

http://samlib.ru/m/mateshwili_g_g/cosmos-9.shtml

https://ru.wikipedia.org/wiki/Комета


2023-05-22 09:12:43

Ҳадафи мушоҳидаҳои астраномӣ барои бартараф намудани хатари бархӯрди астероидҳо

Ҳадафи мушоҳидаҳои астраномӣ барои бартараф намудани хатари бархӯрди астероидҳо

Муаллиф: Сафаров С.

Ходими хурди илмии ШФКА.

Астероидҳо ба ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дохил мешаванд. Астероидҳо миллиардҳо сол пеш ҳангоми ташаккулёбии Системаи офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, аз ин рӯ синну соли онҳо бо синну соли Офтоб қобили муқоиса аст. Хусусиятҳои динамикӣ ва манбаъҳои пайдоиши онҳо гуногунанд. Инро таркиби онҳо, сохтори дохилӣ ва ҳарорати бухоршавии моддаҳо гувоҳӣ медиҳанд. Бо вуҷуди ин моддаи  астероидҳо, шакли аввалаи худро ҳифз намудаанд ва маводи аввалин дараҷае мебошанд, ки Системаи офтобӣ дар марҳилаҳои ибтидоӣ ва минбаъдаи таҳаввул аз он ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷиҳат, астероидҳо дар таҳқиқоти астрономӣ мавқеи бениҳоят муҳим доранд. Омӯзиши онҳо дар бораи шароит ва равандҳои пайдоиши Системаи офтобӣ маълумот медиҳанд. Мушоҳидаҳои оптикии заминии астероидҳо аҳмият ва муҳимияти худро нигоҳ доштаанд. Қутр ва шакли геометрӣ, сохт ва таркиби сатҳ, давр ва самти меҳвари гардиш ва параметрҳои дигар на барои ҳамаи астероидҳо муайян карда шудаанд. Ҳангоми баррасии астероидҳои эҳтимолан хатарнок ин вазифаҳо махсусан актуалӣ мешаванд. Барои ба даст овардани мадорҳои дақиқ, бузургии ситорагӣ, даври гардиш, қутр, нишондиҳандаи ранг ва ҳадди аққал таркиби тахмини минералогии ҷирмҳо то ҳадди имкон маҷмӯи маълумотҳои мушоҳидавӣ дар бораи ин гуна астероидҳо ниҳоят муҳим аст. Мушоҳида ва омӯзиши чунин астероидҳо яке аз масаълаҳое мебошад, ки баррасӣ шудааст.

Таҳқиқии ҳамаҷонибаи хусусиятҳои физикӣ ва динамикии ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ дар асоси мушоҳидаи оптикӣ на танҳо барои омӯзиши онҳо аҳамияти принсипӣ, балки аҳамияти калони амалӣ низ дорад.

Натиҷаҳои нави аз мушоҳидаҳо ба даст омада дар бораи хусусиятҳои физикӣ ва динамикии астероидҳо маълумоти дар базаҳои мухталиф мавҷудбударо ба таври назаррас пурра мекунанд. Онҳо барои ҳалли масъалаҳои муосири астрономия, ки бо омӯзиши шароити ташаккулёбии Системаи офтобӣ алоқаманданд, муайян кардани манбаъҳои пайдоиш ва робитаҳои байни ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ бисёр муҳиманд.

Натиҷаҳои таҳқиқот барои ба назар гирифтани хатари астероидҳо ба миссияҳои кайҳонӣ, ҳалли масъалаҳои хатари бархӯрди онҳо бо Замин ва инчунин дар ташаккули масъалаҳои нави илмӣ ҳангоми мушоҳидаи астероидҳои ба Замин наздикшаванда тавассути дастгоҳҳои кайҳонӣ муҳиманд.

Астероидҳое, ки масофаи перигеллиашон аз 1,3 в.а. камтар ё ба он баробаранд, одатан астероидҳои наздикшаванда ба Замин (АНЗ) номида мешаванд. Аввалин астероид бо чунин мадор соли 1898 кашф карда шуд. Он рақам ва номи (433) Эрос (a = 1.458 в.а, q = 1.133 в.а.) ро гирифт. АНЗ аз дигар астероидҳо на танҳо бо масофаи нисбатан хурди перигелиашон, балки бо андозаи хурдашон фарқ мекунанд. То имрӯз тақрибан 7000 АНЗ кашф карда шудааст, аммо танҳо тақрибан 800 тои онҳо андозаи аз 1 км зиёдтар доранд. Калонтарин АНЗ, астероиди (1036) Ганимед мебошад, ки қутри он 38,5 км мебошад. Ду астероиди дигар - (433) Эрос ва (3552) Дон Кихот - андозаи онҳо тақрибан 20 км мебошанд, дар ҳоле ки ҳамаи боқимонда аз 10 км хурд ҳастанд [1].


Тақсимоти астероидҳои ба Замин наздикшавандаи калон (бо бузургии мутлақ H <18m) вобаста ба масофаи перигелий

Ҳама АНЗ-ро вобаста ба масофаи перигелий ё масофаи афелий ва нимтири калони мадор ба якчанд навъҳо ё гурӯҳҳо тақсим карда мешаванд. Ҳар як гурӯҳ бо номи астероид - намояндаи хоси он номгузорӣ шудааст. Як қатор муҳаққиқон астероидҳоро мувофиқи қимати параметрҳои мадор ба чунин намудҳо тақсим кардаанд:

Астероидҳои гурӯҳи Амур ((1221) Amor). Масофаҳои перигелияшон q аз масофаи афелии Замин (1.0167 < q <1.3 в.а.) калонтар аст. Астероидҳои ин гурӯҳ метавонанд ба Замин наздик шаванд, аммо ба мадори Замин дохил намешаванд.

Астероидҳои гурӯҳи Аполлон ((1862) Apollo). Масофаҳои перигелияшон q аз масофаи афелии Замин (a > 1 в.а. q > 1,0167 в.а.) хурдтар аст. Астероидҳои ин гурӯҳ метавонанд ба мадори Замин ворид шаванд.

          Астероидҳои гурӯҳии Атон ((2062) Aten). Нимтирҳои калонашон нисбат ба Замин хурдтар, масофаҳои афелий аз масофаи перигелии Замин калонтар аст (a < 1 a.e., Q > 0,983 в.а.). Мадори астероидҳои ин гурӯҳ асосан дар дохили мадори Замин ҷойгиранд ва танҳо дар наздикии афелий аз ҳудуди он берун мешаванд.

          Астероидҳои гурӯҳии Атир ((163693) Atira). Мадорҳои ин гурӯҳи астероидҳо ба пуррагӣ дар ҳудуди мадори Замин ҷойгиранд; Q < 0, 983 в.а. Чунин ҷирмҳои хурдро кашф кардан душвор аст, зеро онҳоро танҳо субҳ ё шом, ҳангоми элонгатсияи Офтоб аз 90° зиёд набудан, мушоҳида кардан мумкин аст. То ҳол танҳо ду намояндаи ин гурӯҳи астероид рақамгузорӣ шудаанд.

          Астероидҳои эҳтимолан хатарнок (АЭХ) аз астероидҳои гурӯҳҳои дар боло номбаршуда ҷудо карда мешаванд (Potentially Hazardous Asteroids). Ба астероидҳои эҳтимолан  хатарнок, астероидҳое дохил мешаванд, ки мадори онҳо ба мадори Замин ба масофаҳои камтар аз 0,05 в.а. наздик мешаванд (тақрибан 7,5 миллион км) ва бузургии мутлақи ситорагии онҳо аз 22m зиёд набошад.

          Астероидҳои эҳтимолан хатарнок тақрибан панҷяки тамоми АНЗ-ро ташкил медиҳанд. Чунин ҷирмҳо дар зери таваҷҷӯҳи мушоҳидон ва назариятчиён ва назорати дақиқи тағирот дар мадори онҳо дар оянда мебошанд. Таснифоти АНЗ дар ҷадвал оварда шудааст.         

Мувофиқи ҶНЗ (ҷирмҳои наздикшаванда ба Замин) [2] 32 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Амур, 62 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Аполлон ва 6 ± 1% аз астероидҳои гурӯҳи Атон ва тақрибан 2% аз астероидҳои гурӯҳи Атир тақсимбанди шудаанд.

          Мансубияти як астероид ба гурӯҳи Аполлон ё Атон маънои онро надорад, ки мадори астероид ҳатман мадори Заминро мебурад: дар аксари ҳолатҳо буриш танҳо дар проексияи моилии эклиптика сурат мегирад ва дар фазо мадорҳо танҳо буриш мекунанд. Буриши воқеии ду мадор вақте рух медиҳад, ки мадори Замин аз як ё ҳарду гиреҳи мадори ҷирм мегузарад. Агар дар ин ҳолат Замин ва ҷирм дар мадори худ ҳамзамон дар наздикии гиреҳи мадор пайдо шаванд, пас бархӯрд рух медиҳад.


Таснифи астероидҳои ба Замин наздикшаванда

Гурӯҳ (тоҷ./англ.)

Тавсиф

Минтақаи ҳаракат

Астероидҳои гурӯҳи Атир (Atiras), Ar

АНЗ, ки мадорашон пурра дар дохили мадори Замин ҷойгир аст.

α < 1,0 в.а.

Q < 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Атон (Atens), At

АНЗ, ки мадорашон дар сарҳадҳои афелий аз мадори Замин берун мешаванд.

 

α < 1,0 в.а.

Q 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Аполлон (Apollos), Ap

АНЗ, мадори Заминро буранда, ки нимтири калонашон аз нимтири калони Замин калон.

α > 1,0 в.а.

q 0,983 в.а.

Астероидҳои гурӯҳи Амур (Amors), Am

АНЗ бо мадорҳое, ки берун аз мадори хобидаанд.

α > 1,0 в.а.

1,0167 < q 1,3 в.а.

Астероидҳои эҳтимолан хатарнок (Potentially Hazardous Asteroids), PHA

АНЗ, мадорашон бо мадори Замин дар масофаи минималӣ на зиёдтар аз 0,05 в.а. ва бузургии ҳақиқии ситорагӣ H 22,0m наздик мешаванд.

 

 

MOID 0,05 в.а.  



Мавқеи нисбии мадорҳои астероид А ва Замин Е. Ҳолати гузариши мадори Замин аз яке аз гиреҳҳои мадори астероид.

Барои он ки ҷирм эҳтимолан хатарнок бошад, бояд мадоре дошта бошад, ки айни замон ва дар оянда ба мадори Замин наздик бошад. Ғайр аз ин, ҷирм бояд дорои бузургии мутлақи калон дошта бошад то ба қадри кофӣ ба калон будани он ишора кунад. Ҳанӯз дар бораи бузургиҳои ададӣ, ки ин критерияро муайян мекунанд идома дорад, аммо зоҳиран агар ҷирм ба масофаи камтар аз 0,05 в.а. наздик шавад, эҳтимолан хатарнок ҳисобида мешавад. Яъне тақрибан 7,5 миллион км ва бузургии ҳақиқии 22 хоҳад буд, ки ба ҷирмҳои қутри то 200 метр мувофиқат мекунанд, ки метавонанд харобии азим дар рӯи Замин, тағирёбии сатҳи уқёнус, сунамии харобиовар ва ё чангу ғубори зиёди атмосферӣ ба вуҷуд орад. Агар мадор аз рӯи мушоҳидаҳои солҳои зиёд ҳисоб карда шуда бошад, эҳтимолияти ба Замин наздик шуданро ба таври дақиқ муайян кардан мумкин аст. Аммо ҳатто агар ҷирм танҳо якчанд рӯз мушоҳида карда шавад, масофаи минималии байни мадорҳо хуб муайян карда мешавад, гарчанде мавқеи воқеӣ дар мадор комилан номаълум бошад. Дар бисёр ҳолатҳо масофаи минималии мадорӣ дар тӯли якчанд асрҳо бетағйир боқӣ мемонад. Баъзе тағирот дар ин бузургӣ асосан барои астероидҳое, ки бо даври гардиши 1/3 аз Муштарӣ баробар аст ба амал меояд, ки инро ҳангоми ҳисоб кардан ба назар гирифтан лозим аст.

Бархӯрди астероиди қутраш якчанд километр ба Замин  ҳамон энергияе, ки дар таркиши якчанд миллион бомбаи атомӣ ҷудо мешавад, хориҷ мекунад.

Ҳодисаи зарбавӣ (англисӣ impact — "зарба, бархӯрд") - бархӯрди метеорити калон, астероид, комета ё дигар ҷирми осмонӣ ба Замин ё сайёраҳо ва радифони сунъӣ мебошад. Дар ҷои чунин бархӯрд чун қоида кратерҳо ба вуҷуд меояд. Бархурди ҷирмҳо ба сайёраҳо метавонад хело харобиовар бошанд, зеро онҳо сӯхтор, заминҷунбӣ ё сунамиро ба вуҷуд оранд. Мувофиқи баъзе назарияҳо, бархурди чунин ҷирмҳо буд, ки боиси нобудшавии оммавӣ гардид. Ҳодисаҳои бархурд дар раванди зарба ё метаморфизми канданиҳои табииро ба вуҷуд меоранд. Якчанд конҳои маъдан, масалан конҳои мис ва никел дар кратери Садберӣ ва ҷинсҳои тиллоии кӯҳҳои Витватерсранд бо ин раванд алоқаманданд [3].

Сарфи назар аз он, ки Замин назар ба ҳама астероидҳо ва кометаҳо ба таври назаррас бузургтар аст, бархӯрд бо ҷирми аз 30 км калонтар метавонад ба харобшавии як тамаддун оварда расонад. Омилҳои асосии зарари афтиши ҷирмҳои осмонӣ инҳоянд:

Ø Мавҷи зарбавӣ ҳангоми таркиши ҷирм дар атмосфера ба монанди мавҷи зарбавии таркиши ҳастаӣ.

Ø Мавҷи зарбавӣ дар қишри замин ҳангоми афтиши астероиди калон атмосфера суръати зиёди онро нигоҳ дошта наметавонад. Масалан суръати астероиди Апофис728 км/с буда массаи он 2,7·1010 кг ва  энергияи кинетикиаш 2,4·1019 Ҷ ро ташкил медиҳад. Барои муқоиса энергияи бомбаи ҳастаӣ, ки ба Хиросима партофта шудааст, 1014 Ҷ мебошад. Чунин зарба ба заминҷунбие меорад, ки  қуваташ бесобиқа аст.

Ø Сунамӣ дар ҳолати афтидан ба уқиёнус сунами ба амал меояд.

Ø Якбора сардшавии шадид – афтиши ҷирми калон боиси ба атмосфера қабати стратосфера баромадани кубокилометр моддаҳо мегардад, ки воридшавии энергияи Офтобро ба Замин ба намегузорад.

Пас аз афтиш сухторҳо сар мезананд, ки вазъро бадтар мекунанд. Таъсири он ба оқибатҳои зимистони вулқонӣ монанд аст, ки бо хуруҷи вулқони Тамбора дар соли 1815 мисол шуда метавонад. Дараҷаи хатар аз ҷирмҳои наздизаминӣ гуногун аст ва вобаста ба андозаи онҳо, масофаи минималии наздикшавӣ ба Замин ва эҳтимолияти бархӯрд бо он бо баъзе усулҳо баҳодиҳӣ карда мешавад.

Ҷирмҳои бузурги кайҳонӣ, ки қутри онҳо зиёда аз як километрро ташкил медиҳад, инсониятро дар сурати бархӯрд бо Замин ба фалокати ҷаҳонӣ оварда мерасонад. Астероидҳои каме хурдтар (ба монанди Апофис 325-метра ва 270-метри 2007 ТУ24) имкон доранд, ки харобиҳои камтар оранд. Мувофиқи маълумоти геологӣ (сад кратер таҳқиқ карда шудааст), бархӯрдҳо бо ҷирмҳои бузурги осмонӣ дар таърихи сайёраи мо борҳо рух додаанд. Баъзе олимон аз байн рафтани организмҳои зинда (тақрибан 250 миллион сол пеш) -ро бо бархурди як метеорити калон шарҳ медиҳанд. Метеорити дигар тибқи фарзияи Луис Алварес [4], ба нобуд шудани динозаврҳо оварда расонид.

Ҷирмҳои нисбатан хурдтар низ барои Замин таҳдиди ҷиддӣ доранд, зеро мавҷи зарбавӣ ва гармӣ ҳангоми афтидан дар наздикии маҳаллаҳои аҳолинишин метавонад ба харобиҳои зиёд оварда расонад, ки ба зарари таркиши бомбаҳои атомӣ баробар бошанд. Танҳо афтидан ба минтақаи беодам метеорити Тунгуск дар соли 1908 чунин оқибатҳоро ба бор наовард. Соли 2013 дар натиҷаи таркиши мавҷӣ ҳангоми афтидани метеорит ба Челябинск беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шуда, шишаҳо дар қисми муҳими биноҳои Челябинск шикастаанд.

 Аз аввали солҳои 90-ум дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ин мушкилот таваҷҷӯҳи бештар ва бештар зоҳир карда мешавад. Дар баробари баргузории конфронсҳои махсуси илмӣ-техникӣ ин масъалаҳо аз ҷониби Созмони миллали муттаҳид (1995), Палатаи лордҳои Бритониё (2001), Конгресси ИМА (2002) ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (2003) баррасӣ шуданд. Як қатор қарорҳо оид ба ин масъала қабул карда шуданд, ки муҳимтарини онҳо қарори 1080 «Дар бораи ошкор кардани астероидҳо ва кометаҳои эҳтимолан хафток барои инсоният» мебошад, ки соли 1996 аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо қабул шудааст [5-6].

Азбаски зичии аҳолии Замин ва шумораи объектҳои эҳтимолан хатарноке, ки одамон (нерӯгоҳҳои ҳастаӣ, корхонаҳои кимиёвӣ) месозанд, рӯз то рӯз меафзояд ва  хавфи оқибатҳои офатбор аз афтиши ҳатто ҷирмҳои хурди осмониро зиёд мекунад [6].


Эзоҳ

АНЗ – астероидҳои наздикшаванда ба Замин

АЭХ – Астероидҳои эҳтимолан хатарнок

AAAA астероидҳо Астероидҳои гурӯҳи Амур, Аполлон, Атон ва Атир


Адабиётҳо

  1. Буриев А.М. Исследование динамических и физических особенностей избранных комет и астероидов по данным оптических наблюдений. – Дис. канд. физ.-мат. наук. – Москва. – 11-й ФОРМАТ. – 2020. –162 c.
  2. http://www.cfa.harvard.edu/iau/lists/Unusual.html
  3. Медведев Ю.Д. Определение орбит астероидов, сближающихся с землей, по наблюдениям первой оппозиции//Астрон. вестник. – 2011. – Т. 45. - № 5. – С. 396–401.
  4. Фельдман В.И.Импактиты — горные породы строблем  // Соросовский образовательный журнал. — 1999. — № 9. — С. 67—74.
  5. http://nss.org/resources/library/planetarydefense/2000-ReportOfTheTaskForceOnPotentiallyHazardousNearEarthObjects-UK.pdf
  6. http://www.dvpt.ru/analytics035.htm
  7. http://www.cfa.harvard.edu/iau/lists/Unusual.html

2023-05-22 08:39:26

Бурҷҳо

Бурҷҳо

Муаллиф: Шарипова Н.Т.

Лаборанти калони Институти астрофизикаи АМИТ


Кайҳон ин олами материалӣ буда дар фазо вобаста ба вақт тағйир меёбад. Кайҳон гуфта одатан макроолами моро иҳотакардаро меноманд, ки аз ҷирмҳои осмонӣ, системаи онҳо, фазои кайҳонӣ ва он чизе ки онро пур мекунад иборат аст.

Мувофиқи тасаввуроти ҳозира ки дар натиҷаи мушоҳида ва тадқиқотҳои тўлонӣ ба даст омадааст, сохтори Кайҳон чунин аст.

Фазои омўхташуда аз миқдори зиёди ситораҳои ба Офтоб монанд иборат аст. Онҳо дар фазо нобаробар тақсим шудааст, онҳо системаҳоеро ташкил медиҳанд, ки галактика меномем. Галактикаҳо шаклҳои гуногун дошта андозаашон даҳҳо-садҳо ҳазор соли рўшноиро ташкил медиҳанд. Масофаи байни галактикаҳо бошад аз андозаи онҳо даҳҳо маротиб зиёдтар аст.

Шумораи ситораҳои галактикаҳо аз садҳо миллион то садҳо млрд аст. Ситораҳо дар дохили галактикаҳо нобаробар тақсим шудааст. Асосан зичии ҷойгиршавии ситораҳо ба самти марказ зиёд буда аз тарокумҳои гуногуну асотсиатсияҳои ситорагӣ иборат аст.

Фазои байни ситораҳо дар галактика ва фазои байнигалактикӣ аз моддаҳои газу чангӣ, афканишоти электромагнитӣ ва майдонҳои ҷозибавӣ иборат аст, Зичии онҳо беандоза хурд аст.

Офтоб, ситораҳо ва тарокумҳои ситорагии мушоҳидашаванда системаеро ташкил медиҳанд, ки онро Галактикаи мо меномем. Миқдори зиёди ситораҳои хираи ба он дохилшавандаро, ки осмони ситоразорро бурида мегузарад Роҳи Каҳкашон меноманд.

Офтоб яке аз ситораҳои Галактика буда дар атрофаш системаи сайёрагӣ бо ҳамсафарон, сайёраҳои хурд ва ситораҳои думдору ситораҳои паррон дар гардиш аст.

Ҳоло дар натиҷаи мушоҳидаҳои кайҳонӣ даҳҳо ситораҳое аниқ шудааст, ки чун Офтоб низоми сайёрагӣ доранд.

Ҷирмҳои Кайҳон ҳама дар ҳаракат аст. Фазо бе материя ва материя бе ҳаракат нест.

Новобаста аз он, ки мо дар кадом нуқтаи Замин ҳастем, гуё ҷирмҳои осмонӣ аз мо дар масофаҳои якхела ҷойгир аст ва сатҳи дохилии он шакли кураро дошта онро осмон ва ё гунбади осмони ситоразор меноманд. Миқдори ситораҳое, ки бо чашми оддӣ мушоҳида карда мешавад 6000 буда аз як нимкура то 3000 ситораҳоро дидан мумкин аст.

Ситораҳои дурахшонро мардум аз замонҳои қадим ба гурўҳҳо тақсим намуда буданд ва онҳоро бурҷ меномиданд.

Бурҷ - гуфта, соҳаи осмонро мефаҳманд, ки ҳудудаш аз рўи сарҳадҳои муайян мегузарад. Тамоми ситораҳои осмон ба 88 бурҷ тақсим шудааст, ки онҳо соҳаҳои муайяни осмонро нишон медиҳад.

Мардум ба бурҷҳо номи асотирҳои қадим - Зотулкурсӣ (Кассиопея), Андромеда, Персей, номҳои ҳайвонот Ҳафтдодарон, Асад, Аждаҳо, номи шаклҳои геометриро мемонданд. Дар осмон бурҷҳое ҳастанд, ки номашон кашфиётҳои нави илму техникаро таҷассум мекунад Микроскоп, Секстант, Телескоп, Паргор, Соат ва ғайраҳо. Аз қадим ситораҳои равшани бурҷҳо бо қадри кам шудани дурахшониашон бо ҳарфҳои лотинӣ, ишора карда мешавад. Арабҳои давраи қадим бошад ба ситораҳои дурахшон номҳои хос гузоштаанд. Дар ҳар ду нимкураи осмони ситоразор 275 ситора номҳои хоси худро доранд, ки 220 -тоаш арабӣ ҳаст: Айнуссавр Айн, Алғул - Альголь, Занаб Денеб, Иқди Сурайё Альциона, Насри Воқеъ (Лира), Шабоҳанг ва ҳоказоҳо.

Дар замонҳои қадим дар байни бурҷҳои зодиакалӣ панҷ ҷирми мунирро мушоҳида мекарданд, ки нисбати ситораҳои атроф ҷой иваз мекарданд ва аз ин сабаб ҳам онҳоро ҷирмҳои сайркунанда - сайёра номиданд. Ба онҳо юнониҳо номҳои худоҳои худро гузштанд: Уторид, Зўҳро, Миррих, Муштарӣ ва Зуҳал. Баъд боз ду сайёраи дигар - Уран (1781) ва Нептун (1846) кашф шуд.

Бурҷҳои дувоздаҳгона, минтақатулбурҷ давраи минтақатулбурҷ (аз юнонии маънояш «ҳайвонҳо») 12-бурҷ мебошад, ки дар рўйи роҳи дидашавандаи солонаи Офтоб дар байни ситораҳо –Эклиптика ҷойгир шудаанд. Агарчӣ Офтоб аз бурҷи 13-ум – Морафзо мегузарад аз рўи таомули қадима ба бурҷҳои 12-гона дохил намешаванд. Аз тарафи  дигар мафҳуми «минтақатулбурҷ» амал мекунад, ин дар осмон тасмаест, ки аз он Офтоб, моҳтоб ва сайёраҳо дар вақти ҳаракаташон байни ситораҳо аз он намебароянд. Ба ҳисоб гирифта шудааст, ки ҳанўз дар юнони қадим дар замони Евдокси Кинди онҳоро  ба гурўҳи махсус ҷудо мекарданд. Баъдтар ҳар кадоми ин бурҷҳо аломати махсусро соҳиб гардиданд. (аломатҳои астрономӣ). Аломатҳои пештара барои бурҷҳои 12-гона истифода намешаванд, онҳоро дар астрология барои ишораи шартии аломатҳои ҷудошаванда истифода мебаранд.

Дар замони Эллинизм (давлатҳои пештараи Осиёву Юнон) аломатҳои ишоракунандаи бурҷҳо нуқтаҳои баробарии (баҳорӣ-«ҳамал, бара» тирамоҳӣ –«тарозу») ва исти Офтоб (тобистона «саратон, харчанг», зимистона «ҷаддӣ, бузғола») мебошад. Дар натиҷаи протсессии (меҳвари чархиши система сатҳи конуси мекашад) тири замин ин нуқтаҳо пештар  дуҳазорсол пеш аз бурҷҳои гуфташуда ҷой иваз карданд, аммо номи гузоштаи астрономҳои пешин боқӣ мондааст. Ба ҳамин намуд аломатҳои минтақатулбурҷ, ки ба астрологияи ғарбӣ вобаста буданд то имрўз мавриди амал қарор доранд. Дар нуқтаи баробаршавии баҳорӣ онҳо  низ ҷой иваз карданд.

Номи русии пешинаи бурҷҳои дувоздаҳгона ва тасвири онҳо дар «китоби Свиятослав» (соли 1073) тасвир шуда дар онҷо номи ҳафт сайёра низ оварда шудааст. Сарҳади замонавии бурҷҳои дувоздаҳгона дар Ассамблеяи сеюми генералии Иттифоқи Астрономҳои Умумиҷаҳонӣ (МАС) соли 1928 нишон дода шуд (он вақт сарҳади ҳамаи 88 бурҷро нишон доданд). Азбаски сарҳади ҳақиқии бурҷҳои дувоздаҳгона аз сарҳади қабулкардаи астрологҳо, ки эклиптикаро ба 12- қисми баробар тақсим намудаанд мувофиқат вуҷуд надорад, бинобар ин дар байни координатаҳои бурҷҳо бо аломатҳои зодиак низ ягонхел мувофиқат нест. Инчунин байни рўзи баромади Офтоб ва бурҷҳои дувоздаҳгона бо аломатҳои зодиак мувофиқ меояд. Ҳудуди воқешавии Офтоб дар сарҳади бурҷҳои ҳақиқӣ аз 7-руз (аз бурҷи Ақраб) то як моҳу 16-рўз (бурҷи Сунбула) давом меёбад.    

Номҳои махсуси географӣ мавҷуданд: мадори Саратон (мадори шимолӣ), мадори Ҷадӣ (мадори ҷанубӣ), ки бо онҳо параллел нуқтаи болоии кулминатсияи тобистона ва зимистонаи ҷойгиршавии Офтоб дар зенит ба амал меояд. Бурҷҳои Саратон ва Қавс аз ноҳияҳои ҷанубии Руссия пурра намудор шуда, боқимондаашонро аз ҳамаи ҳудуди Руссия дидан мумкин аст.

 

Руйхати бурҷҳои дувоздаҳгона.

Дар ҷадвал бурҷҳое нишон дода шудаанд, ки эклиптикаро мебуранд, инчунин бурриши ҳамвории эклиптика бо кураи осмон бо хатҳои шикаста нишон дода шудааст ғайр аз бурҷи Аждаҳо, ки ба бурҷҳои дувоздаҳгона дохил намешаванд.

Рўйхати бурҷҳо

Нимкураи шимолӣ

Нимкураи ҷанубӣ

1.Андромеда

1.Ҷавзо

2.Дуби Акбар 

2.Қалби Акбар

3.Мумсикулинон

3.Мизон

4.Авоъ

4.Далв

5.Гесў

5.Сабъ, Гург

6.Ҷоси

6.Ғуроб

7.Сагони шикорӣ

7.Шуҷоъ

8.Сунбула

8.Кабутар

9.Делфин

9.Каркадан

10.Танин, Аждаҳо

10.Миҷмара

11.Заррофа

11.Наққош

12.Ҳаво, Морафзо

12.Куланг

13.Ҳайя, Мор

13.Арнаб

14.Зотулкурсӣ

14.Ҳути заррин

15.даҷоҷа

15.Ҳинду

16.Асад

16.Думи кишти

17.Лира

17.Кит

18.Рўбоҳак

18.Ҷадӣ

19.Дуби Асғар

19.Компас

20.Фараси Асғар

20.Каъб

21.Асади Асғар

21.Моҳии паррон

22.Ҳамал

22.Қалби Асғар

23.Уқоб

23.Ҷануб

24.Фарас

24.Магас, Зубоб

25.Моҳӣ

25.Насос

26.Силавсин

26.Гунё

27.Иклили шимолӣ

27.Октант

28.Саҳм

28.Ҷаббор

29.Муссаллас

29.Товус

30.Сефей

30.Бодбон

31.Сипар

31.Қўра

32.Сусмор

32.Мурғи биҳишт

33.Персей

33.Саратон

 

34.Қалам

 

35.Секстант

 

36.Тўр

 

37.Ақраб

 

38.Нақкош

 

39.Кўҳи тахт

 

40.Қавс

 

41.Телескоп

 

42.Савр

 

43.Тўқан

 

44.Симурғ

 

45.Бўқаламун

 

46.Қантурус

 

47.Паргор

 

48.Соат

 

49.Ботийя, Ҷом

 

50.Наҳр

 

51.Иқлими ҷанубӣ

 

52.Ҳути ҷанубӣ

 

53.Мориҷанубӣ

 

54.Салиби ҷанубӣ

 

55.Мусалласи ҷанубӣ

Аз рўи расмҳои гирифташуда ва мушоҳидаҳои заминӣ муайян карда шудааст, ки Бурҷҳо вобаста ба вақт мавқеъ ва шакли худро тағйир медиҳанд. Асосан бурҷҳо дар асоси каҳрамонҳои тахаййулии мардумони Юнони қадим, шабоҳат доштан ба ин ё он олоти рўзгор ва кашфи ягон таҷҳизоти илмӣ номгузорӣ шудаанд. Мувофиқи маълумотҳо соли 1922 дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналмилалии Астрономҳо (МАС) тамоми осмони ситоразорро ба 88 ҳудуд ва ё бурҷ тақсим намуданд.

Дар глобуси бурҷҳои осмони ситоразор бошад мавқеъ, шакл ва дар кадом арзи географӣ ҷойгиршавии 88 бурҷи осмон маълумот ҷойгир карда шудааст. Инчунин доир ба роҳи ҳаракати солонаи Офтоб (эклиптика), ки дар болои бурҷҳои зодиакӣ мавқеи худро дар давоми сол иваз мекунад, маълумот медиҳад. Бо истифода аз чунин аёниятҳо мо метавонем маҳорат, малака, қобилият, тафаккур, хотира ва дараҷаи фикрронии хонандагонро ба кули тағйир дода онҳоро то қуллаҳои баланди дониш расонем.

Феҳристи адабиётҳои истифодашуда:

1.     Раҳмонов А.А., Ибодинов Х.И. Корҳои лабораторӣ аз астрономияи умумӣ. Душанбе: 2008, 116 с.

2.     Воронцов-Вельяминов Б.А. Астрономия (китоби дарсӣ барои синфи 11-уми мактаби миёна). Душанбе: Маориф, 1991.

3.     Маҷидов Ҳ., Нозимов О. Нуҷум (китоби дарсӣ барои синфи 11). Душанбе: Матбуот, 2008.

4.     Атлас звёздного неба. Спб., «Нева», 1995.

5.     Карпенко Ю.А. Названия звёздного неба. М.: Наука, 1985.

6.     Дагаев М.М. Наблюдения звездного неба. М.: Наука, 1988.

2023-05-19 08:39:23

Расадхонаҳои кайҳонӣ ва натиҷаҳои илмии онҳо

Расадхонаҳои кайҳонӣ ва натиҷаҳои илмии онҳо

Муаллиф: Ходими хурди илмии ШФКА,

Сафаров С.Н.

Миқдори зиёди маълумот оид ба Кайҳон комилан берун аз атмосфераи Замин боқӣ мондааст. Аксари диапазонҳои инфрасурх ва ултрабунафш, инчунин рентген ва гамма-нӯрҳо, ки пайдоиши кайҳонӣ доранд, барои мушоҳида аз сатҳи Замин дастрас нестанд. Барои омӯхтани Коинот дар ин нӯрҳо, дастгоҳҳои мушоҳидакунанда дар Кайҳон лозим меояд. Чанде пеш астрономияи берун аз атмосферӣ сарнавишти орзӯҳои олимон буд. Ҳоло он ба як соҳаи босуръат рушдёбандаи илм табдил ёфтааст. Натиҷаҳои бо телескопҳои кайҳонӣ ба даст омада, бидуни шубҳа бисёре аз ғояҳои илмии моро дар бораи Коинот дигаргун сохтаанд. Аввалин расадхонаҳои кайҳонӣ дар мадори наздизаминӣ тӯлони фаъолият накардаанд ва барномаҳои мушоҳидвии онҳо бо чанд нуқта маҳдуд буданд. Телескопҳои замонавии кайҳонӣ маҷмӯи беназири дастгоҳҳое мебошанд, ки онҳоро солҳои тӯлонӣ аз ҷониби якчанд кишварҳо таҳия ва идора карда мешавандҲазорон нафар астрономҳо аз саросари ҷаҳон дар мушоҳидаҳои Расадхонаҳои муосири мадорӣ иштирок мекунанд.

Фаъолияти бомуваффақи Расадхонаи кайҳонӣ, саъйю талоши муштараки мутахассисони соҳаҳои гуногунро талаб мекунад. Муҳандисони кайҳонӣ телескопро ба кор  омода мекунанд ва онро ба мадор бароварда, таъминоти энергияро бо тамоми дастгоҳҳо ва кори муқаррарии онҳоро назорат мекунанд. Ҳар як объектро дар тӯли якчанд соат мушоҳида кардан лозим меояд, аз ин рӯ самти радиф ва мадори Заминро дар як самт нигоҳ доштан хеле муҳим аст, то меҳвари телескоп ба объект равона карда шавад. Астрономҳо барои мушоҳида пешниҳодҳо ҷамъ меоранд, муҳимтаринашро аз онҳо интихоб мекунанд, барномаи мушоҳидаҳоро таҳия намуда, қабул ва коркарди натиҷаҳоро назорат мекунанд. Маълумоте, ки тавассути телескопҳои кайҳонӣ ба даст овардаанд, танҳо ба муаллифони барномаи назорат дастрасанд. Баъд онҳо ба шабакаҳои компютерӣ ворид мешаванд ва ҳар як астроном метавонад онҳоро истифода барад..

Ақидаи расадхонаҳои кайҳониро Константин Сиолковский дар мақолаи «Кайҳони озод» соли 1883, Герман Оберт дар кори худ «Мушак дар фазои байнисайёравӣ» соли 1923 ва Макс Вале дар китоби хеш «Парвоз дар фазои байнисайёравӣ) соли 1924 пешниҳод кардаанд. Баъдан мушоҳидаҳои астрономии наздизаминӣ дар адабиётҳои маъмули илмӣ ва хаёлӣ зуд-зуд тавсиф мешуданд. Аммо кӯшишҳои аввалини мушоҳидаҳои астрономӣ дар баландиҳои гуногун то парвозҳои кайҳонӣ, олимони тамоми ҷаҳонро уҳдадор намуд. Масалан, маълум аст, ки ҳангоми гирифти офтобӣ санаи 19 июни соли 1936, атрономи машҳури рус Пётр Куликовский барои аксгирии тоҷи Офтоб ба  субстратостате баромадааст. Барои астрономияи амрикоӣ қадамҳои амалӣ дар телескопҳои мадорӣ барномаи «Стратоскоп» (Stratoscope) ба шумор меравад, ки роҳбарии онро астрофизики машҳур Швартсшилд ба ӯҳда дошт. Дар доираи ин барнома телескопи аввалин бо қутри оинаи 30,5 см, санаи 22 августи соли 1957 дар баландии 25,3 км қарор дода шуд. Дар он ҷо дастгоҳҳо ба таври автоматӣ барои гирифтани навор ва мушоҳидаи ҷирми рахшони мо оғоз баъд онро дар сатҳи Замин бо воситаи плёнкаҳо нишон доданд. Нактиҷаҳои таҷриба олимонро ҳавасманд намуд ва барнома барои омӯзиши Офтоб ва дигар объектҳо кори худро то соли 1971, баъди рӯи кор омадани асбобҳои нисбатан замонавӣ фаъолият намуд.

Расми 1. Парвози Stratoscope I сентябри соли 1957

Мушоҳидаҳо дар Кайҳон

Космонавтикаи амалӣ бо муваффақият рушд намуда, муҳандисон телескопҳои мадориро тарҳрезӣ намуданд. Мутахассисони амрикоӣ як қатор ҳамсафаронро зери номи ОАО (Orbital Astronomical Observatory) омода намуданд, ки имконияти мушоҳидаи як қатор ҷирмҳо ва бо саҳеҳии баланд дар зери майдони мушоҳидавӣ қарор додани онҳоро дошт. Ҳамсафар ОАО-1 8 апрели соли 1966 ба кайҳон фиристода шуд ва аз ҳисоби норасогии захираи энергия муддати тӯлони фаъолият карда натавонист.

         Аммо ОАО-2 (Stargazer), моҳи декабри соли 1968 кори худро оғоз намуда, бештар аз 4 сол бо муваффақият фаъолият намудааст. Охирин дастгоҳи ин қатор «Коперник» (Copernicus) буда, моҳи августи соли 1972 ба фаъолият оғоз намуд ва муддати 9 сол истифода гардид.

Расми 2. Аввалин радифи Orbital Astronomical Observatory дар мадор

Дар ҳайати стансияҳои мадории Skylab (Sky Laboratory) расадхонаҳои бузурги бисёрсоҳавӣ ATM (Apollo Telescope Mount) фаъолият намудаанд. Ба воситаи он астрономҳо имконияти дубора тадқиқ намудани Офтобро пайдо намуданд. Мушоҳодиаҳои он астрономҳоро вазифадор намуд, ки нисбати ин ҷирми рахшон бештар диққат диҳанд. Чунки то он замон Офтобро ҷирми нибатан ором бо кураи гази якҷинса меҳисобиданд. Дар ҳақиқат бошад он кураи гази мураккаб ва тағйирёбандааст. Ба ғайр аз ин АТМ кометаи Когоутекро пайгири намуда назарияи дар наздикии Офтоб ташаккул ёфтани кометаҳоро тасдиқ намуд.


Расми 3. Истгоҳи мадории америкоӣ Skylab

         Олимони шуравӣ баъди ба фаъолият оғоз намудани истгоҳи мадории «Салют» имконият пайдо намуданд, ки дар кайҳон мушоҳидаҳои астрономӣ гузаронанд. Дар истгоҳи мадории «Салют-1» телескопи ултрабунафши «Орион», ки дар расадхонаи астрофизикии Бюракан сохташуда, насб гардида буд. Кайҳонавардон онро барои ба даст овардани спектрограммаи Вега ва Аген (β Сентаврҳо) истифода мебурданд. Бо ин ташаббус модели назариявии фотосфераи ситораҳои баланд ҳарорат имконпазир гашт.

         Декабри соли 1973 телескопи «Орион-2» бо воситаи киштии «Союз-13» ба кайҳон бароварда шуд. Ба сарнишинон имконият пайдо гашт, ки наздики 10 ҳазор спектрограммаи ситораҳои хира ё дӯр бо дурахшонии зиёда аз даҳ бузургии ситорагиро расм бигиранд. Дар коркарди маълумотҳои ба даст омада даҳ соли пурра лозим омад. Каталоги сохташуда аз рӯи маълумотҳои «Ориона-2»  танҳо соли 1984 таълиф гардид.    


Расми 4. Телескопи ултрабунафши «Орион»

         Дар истгоҳи мадории «Салют 4» телескопи офтоби ТОН (телескопи офтобии наздизамӣ) бо системаи худкор истифода мешуд, ки баъдан камбудиҳо (нуқсонҳо) пайдо кард. Ин ҳолат кайҳонавардонро водор сохт, ки ба идоракунии дастӣ гузаранд. Инчунин Алексей Губарёв ва Георгий Гречко аввалин маротиба дар таърих амалиёти мадорӣ барои барқарор намудани телескоп гузарониданд. Онҳо 2 феврали соли 1975 дар оинаи телескоп алюминий насб намуданд, ки хело сифати расмро хуб гардонид. 18 июн ба сарнишинони ояндаи «Салют 5» имконият даст дод, ки дурахшонии (вспышка) Офтоб ва инчунин зоҳиршавии протуберанси бузургро  мушоҳида намоянд. Назорати контроли дар қисми дидашавандаи тайфро кормандони Расадхонаи астрофизикии Қрим гузарониданд.

Дар «Салют – 6» ва «Салют – 7» инчунин телескопҳо насб намудаанд аз қабили БСТ–1М сублиметрӣ бо оинаи якуним метра, радиотелескоп КРТ–10, гамма телескоп «Елена» ва телескопи рентгении РТ–4М. Дар ҳамин ҳангом олимони шуравӣ кашидани нақшаҳо новобаста аз киштиҳои идорашаванда ва истгоҳои расадхонаҳоро, ки аз минтақаҳои гуногун идора карда мешуд, ёд гирифтанд. Дар солҳои 1980 ум онҳо радифони  «Астрон», «Гранат» ва «Гамма» барои таҳқиқ дар ҳудудҳои гамма ва рентгенӣ ба мадор бароварданд. Боз дар комплекси мадории «МИР» модули астрофизикии «Квант» бо расадхонаи «Рентген»  пайваст намуданд. Боиси таассуф аст, ки баъди пошхӯрии Итиҳоди Шуравӣ лоиҳаҳои бисёри перспективии ватанӣ барҳам хӯрданд.

Инкишофи босуръати астрономияи мадорӣ ба номукаммалии системаҳое, ки тавассути онҳо телескопҳо идора мешаванд, онҳоро ба объектҳо равона карда, маълумотро ба Замин мерасонданд, халалдор гардид. Аммо бо пайдоиши технологияҳои муосири рақамӣ, бунёди Расадхонаҳои кайҳонӣ бо қобилити баланди корӣ, имконпазир гардид. Миёни чунин расадхонаҳои номдор машҳуртарин телескопи амрикоии Ҳаббл (Hubble Space Telescope) буд, ки 24 апрели соли 1990 тариқи шатли Дискаверӣ ба мадор бароварда шуд. Дорои оинаи асосии диаметраш 2,4 метр, Ҳаббл бузургтарин дастгоҳи оптикӣ дар кайҳон то соли 2009 боқӣ монд. Баъдан дар ҳамин сол Агентии кайҳонии Аврупо телескопи инфрасурхи «Ҳершел» (Herschel Space Observatory) -ро бо оинаи диаметраш 3,5 метр ба мадор баровард.


Расми 5. Телескопи кайҳонии «Ҳаббл»

Саргузашти Хаббл дорои мушкилҳои ҳалталаби зиёде буд. Корро дар Кайҳон оғоз карда, вай назар ба телескопи дорои ҳамон андоза дар Замин мавҷӯд буда як тасвири бадтаре дод. Сабаби ин гуна тасвир дар истеҳсоли оинаи асосӣ буд. Чунки дар вақти истеҳсол муҳандисон ба хатои рӯ ба рӯ шуда буданд. Агар мутахассисон таҷрибаи илмии ғании гузаштагони худро дар Расадхонаҳои қаблӣ намеомӯхтанд ва ба қадри имкон таъмир бо қувваи кайҳонавардонро дида намебаромаданд, лоиҳа мумкин буд, ба пӯррагӣ ноком гардад.  Ширкати Kodak оинаи дуюмро ба зудӣ истеҳсол кард, аммо онро дар Кайҳон иваз кардан ғайри имкон буд. Баъдан муҳандисон "айнак" ҳои кайҳонӣ ислоҳи системаи оптикии COSTAR аз ду оинаи махсусро барои истеҳсол пешниҳод карданд. Барои гузоштани он ба телескопи Ҳаббл 2 декабри соли 1993 киштии Индевор ба мадор баромад. Астрономҳо панҷ баромади душворро дар фазои кайҳонӣ иҷро намуда телескопи гарон арзишро ба кор дароварданд.

Расми 6. Таъмири телескопи «Ҳаббл» дар кайҳон

Баъдтар кайҳонавардон боз чор маротиба ба телескопи Ҳаббл парвоз карда фаъолияти онро ба таври назаррас зиёд намуданд. Охирин хизматрасонии техникӣ аз 11 май то 24 майи соли 2009 дар доираи миссияи парвозҳои Атлантис гузаронида шуд. Айни замон телескопе, ки тақрибан сисол фаъолият дорад, дар ҳолати харобшавист. Дар моҳи октябри соли гузашта, хадамоти матбуоти NASA хабар дода буд, ки яке аз гироскопҳои системаи роҳнамо ноком гаштааст ва аз ин рӯ Ҳаббл дар тӯли се ҳафта ба "ҳолати бехатар" гузошта шудааст (таҷҳизоти таҳқиқотӣ хомӯш карда шуда, танҳо таҷҳизоти хидматӣ кор мекунад). 8 январ камераи дорои кунҷи васеъ Wide Field 3 хомӯш гардид; Барои бартараф кардан ва ислоҳи он нӯҳ рӯз лозим омад. 28 феврал бо сабаби хатогӣ дар коди барнома, камераи бисёртайфии ACS (Advanced Camera for Surveys) чанд рӯз аз кор баромад. То ба ҳол гӯруҳи истифодабарандагон аз Замин дар заминаи мубориза бо мушкилоти ҷамъ шуда ба хуби баромада истодаанд, аммо телескоп фаъолияти тӯлони карданаш ғайри имкон аст.

Ҳоло ба нақша гирифта шудааст, ки Ҳаббл то 30 июни соли 2021 фаъолияти худро идома диҳад, ки ин аз нишондоди амниятии ӯ хеле зиёд аст. Он гоҳ онҳо кӯшиш мекунанд, ки телескопро аз мадор берун оранд ва ба уқёнус партоянд. Бо вуҷуди ин, маъмурияти президент Доналд Трамп дар айни замон варианти дигареро баррасӣ мекунад: Корпоратсияи Серра Невада (Sierra Nevada) пешниҳод мекунад, ки киштии таъмиргар ба Ҳаббл фиристад.

Расми 7. Телескопи кайҳонии Ҷ. Уэбб (НАСА)

Аз тарафи дигар, телескопи Ҷеймс Уэбб (James Webb Space Telescope) бо оинаи калони инфрасурх бо диаметри 6,5 метр муддати дароз интизори навбати худ аст: онро нақша доранд 30 марти соли 2021 ба мадор бароранд. Дар қатори дигар вазифаҳо, инчунин вай нӯри ситораҳо ва галактикаҳои қадимтаринро, таҳаввулот ва ташаккули андӯҳи моддаҳоро дар Коиноти ҷавон омӯзад. Ғайр аз ин, Уэбб ба ҷустуҷӯи сайёраҳои нисбатан сард аз ситораҳои ҳамсоя кӯмак хоҳад кард - аммо муҳимтар аз ҳама вай тайфи атмосфераи онҳоро мегирад. Он гоҳ мо метавонем бо итминон дар бораи шароити табиие, ки дар он ҷо мавҷуд аст, сӯҳбат кунем ва шояд нишонаҳои ҳаёт - биосигнатураҳоро ба қайд гирем.

Расми 8. Телескопи кайҳонии Кеплер (НАСА)

Айни замон шӯъбаи астрономия, ки ба омӯзиши экзопланетҳо машғул аст, бо суръат дар ҳоли рӯшд мебошад. Агар қаблан дар системаи ситораҳо моддаҳои азим дар як аломати ғайримустақим ҷой доштанд - таъсири ҷозибавӣ ба равшании худ - ҳоло усули транзит мушоҳидаи микро - гирифти ситораҳо маъмултарин аст. Албатта вай амиқии баланди андозагириро талаб мекунад ва натиҷаи беҳтаринро бо телескопҳои кайҳонӣ ба даст овардан мумкин аст, зеро тағйирёбии дурахшонии ҷирмҳои дурро аз ларзишҳои бетартибонаи атмосфераи Замин фарқ кардан ғайри имкон аст.

Телескопи америкоии Кеплер, ки 7 марти соли 2009 ба фаъолият оғоз кард, дар ин соҳа тадқиқоти стандартӣ гузоштааст. Вай метавонист дар як вақт то 100 ҳазор ситораҳоро мушоҳида кунад ва дар бораи экзосайёраҳо маълумот ҷамъовари намояд. Дар тӯли се соли фаъолият, телескопи Кеплер тавонист 4,700 номзад аз экзосайёраҳо ошкор кунад; зиёда аз 2600 тои онҳо тасдиқ шудааст. Бисёре аз экзосайёраҳои ошкор шуда бо андозаи Замин қиёс карда шудаанд. Инчунин имконият пайдо гашт, ки мавҷудияти системаҳо бо якчанд экзосайёраҳо аз ҷумла ситораҳои дугоник исбот гардад.

Расми 9. Минтақаи осмон, ки телескопи Кеплер омӯхтааст

         Ҳатто экзосайёраҳои Замин монанд дар "минтақаи ҳаётӣ" мушоҳида гардид, яъне дар масофаи монанд ба сайёраи мо аз ситора, ки барои пайдоиши ҳаёт қулай аст. Масалан, сайёраи Кеплер-438b, ки дар масофаи 470 соли рӯшноӣ аз мо ҷойгир аст, айни замон барои пайдоиш ва рӯшди зиндагӣ мувофиқтарин ҳисобида мешавад. Мутаассифона бо сабабҳои техникӣ фаъолияти телескопи Кеплер моҳи октябри соли гузашта қатъ карда шуд.

         Дар моҳи апрели соли 2018 ширкати SpaceX телескопи TESS (Transiting Exoplanet Survey Satellite) -ро ба мадор баровард: бо фарқият аз телескопи Кеплер, ки ба кайҳони дур нигаронида шудааст, телескопи TESS экзосайёраҳоро дар доираи радиуси 200 соли рӯшноӣ аз мо ҷустуҷӯ мекунад. Астрономҳо тахмин мекунанд, ки телескопи TESS ҳадди ақал 20 ҳазор чунин сайёраҳои навро мушоҳида мекунад. Ин гуфтаҳо шаҳодати он аст, ки наздики ҳазорҳо чунин сайёраҳои Замин монанд вуҷуд дорад.

   Инчунин дигар дастгоҳҳои кайҳонӣ низ барои омӯзиши экзосайёраҳо омодагӣ мегиранд. Дар соли 2019 телескопи Cheops (CHEOPS) дар соли 2026 телескопи Платон (ПЛАТО) ва дар соли 2035 Расадхонаи пуриқтидори ATLAST (Advanced Technology Big-Aperture Space Telescope) ба мадори назди заминӣ бароварда мешаванд. Дар якҷоягӣ бо дастгоҳҳои заминӣ, онҳо метавонанд хусусияти экзосайёраҳои наздикро муайян намуда ҳатто харитаи сатҳи онҳоро тартиб диҳанд!


Расми 10. Телескопи кайҳонии «Гея»

Инчунин астрономияи галактикӣ низ дар ҳоли рӯшд аст. Моҳи апрели соли 2018 Аврупоиҳо мушоҳидаҳои пешакии телескопи Гея (Gaia) -ро, ки панҷ сол пеш оғоз шуда буд, нашр карданд. Дар ин асос харитаи сетарафаи Роҳи каҳкашон сохта шуд, ки дар он маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавӣ, хусусият ва ҳаракати 1.7 миллиард ситора дарҷ ёфтааст. Ғайр аз ин телескопи Гея дар бораи 14 ҳазор астероиди Системаи офтобӣ маълумот ҷамъовари кардааст. Телескоп то охири соли 2020 маълумотро ба Замин интиқол дода, донишҳои моро дар фазои кайҳони наздик ва дӯр ғанӣ мегардонад.

Дар пас манзараи чунин дастовардҳои нодир, астрономияи мадории Русия натиҷаҳои назаррасеро соҳиб нест. Айни ҳол танҳо телескопи Радиоастрон (Спектр-Р), ки 18 июли соли 2011 ба мадор бароварда шудааст, фаъолият дорад: вай барои омӯхтани вартаҳои сиёҳ, ситораҳои нейтронӣ ва дигар объектҳоро, ки дар тайфи электромагнитӣ афканиш мекунанд, сафарбар шудааст. Гарчанде ки мӯҳлати фаъолияти телескоп соли 2016 ба охир расидааст, аммо танҳо 10 январи соли 2019 аз идоракуни баромад, вале то ҳол маълумот интиқол медиҳад. Олимон кӯшиши аз нав барқарор кардани иртиботи дуҷонибаро то миёнаҳои моҳи май такрор хоҳанд кард.

Расми 11. Телескопи кайҳонии русии «Радиоастрон»

Дар нақша гирифта шудааст, ки солҳои оянда ба он Расадхонаҳои Спектр-РГ, Спектр-УФ ва Спектр-М (Миллиметрон) бо телескопи криогении дорои диаметри 10 метр дошта, ки афканишотро дар ҳудудҳои миллиметрӣ ва инфрасурх ба қайд мегиранд, ҳамроҳ карда шавад. Дар якҷояги бо ҳам фаъолият намуда се дастгоҳ имконияти дар таърих муфассалтарин харитаи Коиноти берун аз галактикиро тартиб диҳанд.

Адабиётҳои истифодашуда

1.    Code A.D., Houck T.E., McNall J.F., Bless R.C., Lillie C.F. (1970), Ultraviolet Photometry from the Orbiting Astronomical Observatory. I. Instrumentation and Operation / Astrophysical Journal, v. 161, p. 377

2.    Афанасьев И. Б., Батурин Ю. М., Белозёрский А. Г. и др.Мировая пилотируемая космонавтика. История. Техника. Люди / Батурин Ю. М.,. — М.: «РТСофт», 2005. — 752 с. — ISBN 5-9900271-2-5.

3. Первушин А. И.Кошмар «Скайлэба» // Warspot. — 2021. — 14 май.

4. Гурзадян Г.А.; Оганесян, Дж.Б. (1972). «Наблюдаемое энергетическое распределение альфа Лиры и бета Cen при 2000–3800 Å». Природа. 239 (5367): 90.Bibcode : 239... 90Gdoi : 10.1038 / 239090a0.

5.     https://www.mirf.ru

2023-05-19 08:14:06

Тақвими шамсӣ

Тақвими шамсӣ

Муаллиф: Лаборанти калони ШФКА,

Шарипова Н.Т.

Астрономия аз илмҳои қадимтарин аст, ки дар натиҷаи талаботи моддию маънавии инсоният ба вуҷуд омадааст. Ивазшавии шабу рӯз,ҳаракати Замин, Моҳу Офтоб, ҳаракати сайёраҳо дар гумбади ситоразор, тағйирёбии фазаҳои Моҳ, пайдоиши ситораҳои думдор, ситораҳо, ҳазорҳо воқеаҳои табии олам аз пеши назар гузаштан мегиранд, ки ҳеҷ гоҳ одамонро бетаваҷҷух нагузоштаанд. Одамонро бафикру андеша меоварданд, онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи кашфи ҳодисаҳо шуда, ҳазор солаҳо аз пайи дастовардҳо, таҳлилу барасии ҳақиқатҳои воқеии ин гумбади нилгун мешудаанд. Мардум чунин ҳодисаҳои зиёди табииро мушоҳида намуда ба саволҳои худ ҷавоб меҷустанд. Дар асри бистум радифҳои зиёди маснӯъ, киштиҳои зиёди кайҳонӣ сохта  шуданд, ки инсон  акнун на аз Замин, хонаву ҷойи зист балки аз Кайҳон, дар миёни ҷирмҳои  зиёди осмонӣ моҳову солҳо фаъолият намуда, олами воқеии ситоразорро аз наздик бо нодиртарин асбобу дастгоҳҳои ҳозира таҳқиқ менамояд.

Нахустин тақвим тақрибан 4000 сол пеш аз милод дар Мисри қадим тартиб дода шуда буд. Он 360 шабонарӯз ва 12 мохро дарбар мегирифт хар як мох 30 рӯз иборат буд. Чаро як сол ба 360 руз баробар буд?

Гап дар сари он аст, ки зиндагии Мисриёни қадим аз паси деҳқони мегузашт ва ҳар сол оби дарёи Нил баланд шуда, заминҳои атрофро пахш мекард. Онҳо мехостанд, ки бидонанд кай обхезии дарё ба амал меояд ва кишти зироатро оғоз намоянд ва бо мақсади муайян кардани он ба осмони ситоразор муроҷиат мекарданд. Ситораи аз ҳама равшани осмон Баҳромро (Сириус) Мисриён Сотис ё Анибус ва баъзан «Каникула» меномиданд. Зеро бори аввал дар саҳари намудоршавии Баҳром ба саршавии фасли гармо рост меояд. Дар ин фасли сол ба ҳама намуди кор танаффус эълон карда мешуд ва аз ҳамин сабаб ҳам Баҳромро «Каникула» (таътил) номиданд. Аз мушоҳидаҳои бисёр асраи худ Мисриёни қадим маълум намуда буданд, ки баромади нахустини Баҳром дар саҳари ба обхезии дарёи Нил рост меояд ва ин ҳодиса бо тантана қайд карда мешуд. Ба ҳамин тариқ, аз рӯи мушоҳидаи Баҳром муайян карда шуд, ки давомоти сол 360 рӯз аст. Ҳар як моҳ аз се ҳафтаи 10 рӯза ё худ аз шаш ҳафтаи хурди 5 рӯза иборат буд. Юнониҳо он ҳафтаҳоро «бекадаҳо» ва «пентадаҳо» номида буданд. Дарозии давраи эклиптика барои ҳисоби ситораҳои равшани атрофи он ба нишонаҳои махсуси 10 дараҷаи камони тақсим карда шуда буд. Аз ҳамон замон дарозии давра баробари 360 дараҷаи камони қабул шудааст. Дар оянда аз рӯи мушоҳидаҳои Баҳром маълум карда шуда буд, ки давомоти сол ба 360 рӯз баробар набуда, баръакс ба 365 рӯз баробар аст. Фиръавниҳо ҳангоми ба тахт нишастан савганд ёд мекарданд, ки давомоти солро тағийр намедиҳанд. Бинобар он 5 рузи ошкор гардида берун аз моҳҳои 30-рӯза монд ва дар охири сол ҳамчун рӯзи мавлуди худо кайд карда мешуд. Давомоти чунин тақвим ба давомоти соли шамсӣ хело наздик буд. Соли 1866 дар натиҷаи кофтукови археологӣ аз резишгоҳи дарёи Нил тахтасанге ёфт шуд, ки дар рӯи он бо Юнони декретӣ шоҳи Мисри Қадим аз санаи 7 марти соли 238 пеш аз милод сабт шудааст ва мазмуни он чунин аст: аз баски ситораи (Баҳром) дар ҳар як чор сол як рӯз пеш меравад ва идҳое, ки дар тобистон қайд мешавад, дар оянда ба зимистон меояд, пас барои пешгирии он дар соли чорум як рӯз бояд илова намуд.

Аз ин рӯ барои ба тақвим дохил намудани соли кабиса кушиши зиёд намудаанд ва давомоти солро 365,25 шабонарӯз пешниҳод кардаанд. Мувофиқи маълумотҳо тақвими мазкур аз 10 моҳ ва 304 рӯз иборат буд. Агар нисбати гардиши шабонарӯзи Замин дар атрофии меҳвараш ва ҳаракати солонаи он дар атрофии Офтоб таносубе вуҷуд медошт, он гоҳ ҳисоби рӯз дар давоми сол мушкил намешуд. Аммо давомнокии, соле ки ҳоло мо бо он умр ба сар мебарем (бо саҳеҳи 0,1сония) ба 365,2422руз ва давомноки моҳи моҳтобӣ (моҳи синодӣ) ба 29,5306 рӯз баробар аст. Аз муқоисаи ин ададҳо бар меояд, ки ба давомнокии сол ва дар айни ҳол давомноки моҳи моҳтобӣ ва давомноки шабонарӯз бо ягон адади аниқ яъне на бо ададҳои касрӣ ва на бо ададҳои бутун ифода карда намешавад. Дар асоси ҳаракати Замин дар атрофи Офтоб ва бо назардошти садҳо фикру ақидаҳои пешниҳодшуда тақвими шамсӣ тартиб дода шуд, ки онро ҳоло тақвими григорионӣ (тақвиме, ки шумо дар даст доред) меноманд. Тақвими мазкурро дар аксарияти давлатҳо аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. Чихеле, ки медонем давомнокии соли тропикӣ 365,24220 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Барои ҳамин соли тақвимӣ дар тақвими шамсӣ бояд 365 шабонарӯз соли оддӣ ё 366 шабонарӯз соли кабисаро ташкил диҳад. Барои давомнокии миёнаи соли тақвимӣ ба давомнокии соли тропикӣ наздик будан зарур аст, ки системаи рӯзҳои кабиса гузошта шаванд. Барои муайян намудани давомнокии соли тропикӣ ҷузъи касрӣ ё касри занчирӣ гузоштан мумкин аст.


Тақсимоти ин каср дар гузариши марҳилаҳои гуногун мумкин аст, қонунияти баъдиро барои солҳои кабиса бо дурӯстихои гуногун пеш орад, чуноне ки


дар ин ҷо махраҷ миқдори сол дар даври тақвимӣ ва сурат миқдори солҳои кабисаро дар ин тақвим нишон медиҳад. Барои ҳамин давомоти миёнаи соли тақвимӣ дар шабонарӯз дар ин системаи тақвимӣ чунин ба даст меояд:

365, 25000; 365, 24138; 365, 24242; 365, 24219; . . . . .

Роҳҳои тақвият бахшидан ё мукаммал гардони тақвими юлианӣ якум маротиба набуда тайи садсолаҳо мавриди омӯзиш карор гирифтааст. Тақвими нав аз як тараф бояд дуруст бошад ва аз тарафи дигар аз тақвими юлианӣ фарқияти кам дошта бошад. Дар тақвими григориянӣ қариб ба пурраги солҳои кабиса бе тағйирот гузошта шуда: қонуне ҷори гардида буд, ки бояд солҳои кабисаи асрӣ ба миқдори садсолаҳо ба 4 бебақия тақсим шаванд. Бо ин роҳ аз 400 сол 3 рӯзи зиёдати партофта мешавад ва дар асл даври пурраи таквими григорианӣ 400 солро ташкил медиҳад, аммо давомоти миёнаи он


Хатогии як рӯз дар муддати тақрибан 3300 сол гузошта мешавад.

Гарчанде соли тропикӣ ҳамчун даври гузариши Офтоб байни ду нуқтаи этидол мебошад, пас музокирот барои дурустии тақвим мухтасар нуқтаи эътидоли баҳорӣ гуфта мешавад. Ҳамин тавр талабот ба тақвими шамсӣ он воқеияте мебошад, ки баромади Офтоб дар нуқтаи эъдидоли баҳорӣ аз гузаштани даври тақвимӣ бояд дар як сана рост ояд. Аввалин системаи зам кунии соли кабиса дар чор сол дар тақвими юлианӣ пайдо шудааст. Ҳамин тавр гузариши миёнаи соли тақвими юлианӣ 0,00780 зиёдтар аз соли тропикӣ буд ва дар 128 сол як рӯз хатогӣ зам карда шуда эътидоли баҳорӣ ба зимистон рост меомад. Даври 29 сола ҳеч вақт истифода нашудааст. Даври 33 сола аз тарафи Умари Хайём пешниҳод карда шуда асоси тақвими форсиро ташкил медод. Даври 128 сола аз тарафи Иоганн Медлер дар соли 1864 пешниҳод карда шуда вале дар ягон тақвиме қабул карда нашудааст.

Дар ибтидо моҳҳо ном надоштанд ва онҳоро рақамҳои тартибии якум, дуюм, сеюм ва ғайра ифода мекарданд. Баъдтар ба баъзеи онҳо номгӯзори намуданд. Масалан, ба моҳи якум гарчанде ки оиди пайдоиши тақвими римӣ маълумоти аниқ нест, вале маълум аст, ки дар замони Ромул тақрибан миёнаҳои қарни VIII - и пеш аз милод, римиҳо аз тақвим истифода мебурданд. Матиус (Марс) ба шарафи худои ҷанг, ба моҳи дуюм Амприлис (Апрел). Ин калима лотини буда, маънояш (Кушодашавӣ) аст, яъне дар ин моҳ ҳарорат баланд мешавад ва муғчаҳои дарахтон шукуфон мешаванд. Моҳи сеюм ба шарафи модари худои Аторуд Майус (Май) ва моҳи чаҳорум ба шарафи худои Осмонӣ Юнон Юниус (Июн) гузошта шудааст. Моҳҳои бокимонда рақамҳои тартибианд: Квантилис - «панҷум», секилис «шашум», сентембер - «ҳафтум», октобер - «ҳаштум», новембер - «нуҳум», ва десембер - «даҳум».

Баъдтар римиҳои қадим тақвими қамариро қабул карданд. Дар миёни римиёни қадим ақидае мавҷуд буд, ки гӯё адади тоқ хушбахтӣ меорад. Бинобар ин онҳо ба болои 304 рӯз ба ҷои 50 рӯз 51 рӯз ҷамъ намуда давомоти солро ба 355 рӯз баробар намуданд.

Дар Бобулистон соли қамарӣ аз 12 моҳ иборат буд. Римиҳо низ ба тақвими худ боз ду моҳи дигарро хамроҳ карданд. Моҳи сездаҳумро ба шарафи худои дуруяи вақт Янус (Январ) ва моҳи дувоздаҳум, ки ба аввали баҳор наздик буд, фебриус (феврал) моҳи тозагӣ ном гузоштанд. Аз 51 рӯз ба тақвим илова карда ду моҳ тартиб додан мушкили буд ва дар тақвими куҳна 6 моҳ 30 рӯзӣ ва 4 моҳ 31 рӯзӣ буд. Аз моҳҳои 30 рӯза як рӯзиро гирифта, ба 51 рӯз боз 6 рӯзро ҷамъ намудаанд. Дар натиҷа ба ҷои 51 рӯз 57 рӯз ҳосил шуд ва ба январ 29 рӯз ва ба феврал 28 тақсим шуд. Ҳамин тавр, дар Рими қадим тақвими 12 моҳаи қамарӣ пайдо шуд. Вале тақвими пайдо шуда ба ивазшавии фаслҳои сол рост намеомад, барои ба аввали баҳор рост омадани он ба тақвими моҳи 22-23 рӯза илова карда мешуд. Ба ғайр аз ин фатводиҳандаҳо бо хоҳиши худ давомоти солро дароз ва ё кутоҳ мекарданд ва дар охир сарусомони тақвим гум шуд. Нависандаи машҳури Франсия Вальтер дар карни XVIII навишта буд: (Сарлашкарони Рим ҳама вақт ғалаба мекарданд, вале онҳо намедонистанд, ки дар кадом рӯз рух додааст). Ба ҳамаи бесарусомониҳо дар тақвим ҷой дошта, танҳо ходими давлатии Рим ва сарлашкар Юлий Сезар соли 46 и пеш аз милод хотима бахшид. Ӯ борҳо ба Миср, ба Маркази илму маърифат сафарҳо карда буд ва ба тақвими мисриён таваҷҷуҳи зиёде пайдо карда буд. Сезар мехост тақвими мисриёни қадимро дар Рим ҷори кунад.

Бо ин мақсад як гурӯҳ астраномҳои искандариягиро (Алекскндрия) бо роҳбарии Созиген муттаҳид намуд ва барои тартиб додани тақвим супориш дод. Мақсади ислоҳот аз он иборат буд, ки асоси тақвимро чойивазкунии зоҳирии Офтоб дар байни ситораҳо ташкил кунанд. Давомоти соли тақвимӣ 365,25 шабонарӯз қабул карда шуд ва он ба давомоти соли тропикӣ (шамсӣ) дар он замон муайян карда шуда хело наздик буд. Ғайр аз ин қарор дода шуда буд, ки се сол паси ҳам давомоти соли шамсӣ 365 рӯз қабул карда шавад.

Соли дароз карда шударо кабиса номиданд, эҳтимол Созиген медонист, ки Ҳипарх тақрибан 75 сол пеш аз рӯи мушоҳидаҳои худ қайд карда буд, ки соли шамсӣ аз астрономӣ андаке (ба 20 дақиқаю 24 сония) кӯтоҳ аст. Шояд аз сабаби ночиз будани он Созиген ба он аҳмият надода бошад. Созиген соли шамсиро ба 12 тақсим намуда, дар онҳо миқдори рӯзҳоро муайян кард ва номҳои қадимаи онҳоро нигоҳ дошт, моҳҳое, ки рақами тартибиашон тоқанд аз 31 рӯз ва моҳҳои рақами тартибиашон ҷуфтанд аз 30 рӯз иборат шудаанд. Вале ба моҳи феврал 29 руз расид ва дар соли кабиса он 30 рӯз мешуд. Ҳамчун моҳи ибтидои сол моҳи январ қабул карда шуд, зеро он аз соли 153 пеш аз милод сар карда консулҳои интихобшудаи Рим аз якуми январ ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекарданд. Баъди вафоти Юлий Сезар, хизматҳои уро ба назар гирифта, бо пешниҳоди ходими сиёсии Рим Марк Антоний, соли 44 и пеш аз милод, ба моҳи Квинтилис (панҷум) номи Юлий Сезар дар моҳи июл ба дунё омада буд. Солшуморӣ аз рӯи тақвими нави шамсӣ, ки номи Юлианиро гирифта буд, аз 1 январи соли 45 и пеш аз милод шуруъ шуд, мебоист иҷроиши ҳисоби вақт таҳти назорати қатъи гирифта мешуд, вале ин тавр нашуд. Ба мақсади ислоҳоти Созиген бисёриҳо сарфаҳм нарафтанд. Ба ҷои он, ки баъди се сол дар соли чаҳорум ба тақвим якрӯз илова намояд, баръакс баъди ду сол дар соли сеюм як руз илова карданд. Дар натиҷа дар тақвим боз бесомони рух дод ин бесомони танҳо соли 8 пеш аз милод дар замони император Август ошкор карда шуд ва боз ислоҳот талаб мекард. Ислоҳот якчанд сол давом кард ва баъд тақвим мавқеъи пешинаи худро гирифт. Баъд аз ислоҳот Сенат қарор қабул намуд, ки хизматҳои император Августро ба назар гирифта, мохи секистилис (шашум) ба шарафи ӯ дар оянда Август номида шавад. Моҳи Август мувофиқи тақсимоти Созиген 30 рӯз дошт ва дар моҳи июл 31 рӯз буд. Барои он, ки моҳи август ҳам 31 - рӯзи шавад аз моҳи феврал як рӯзро гирифта, ба август ҳамроҳ карданд ва дар моҳи феврал 28 рӯз монд. Се моҳ июл, август ва сентябр паси ҳам 31 рӯзи шудаанд ва ин ба римиҳои қадим маъқул наомад. Бинобар ин аз сентябр як рӯзро ба октябр ва аз ноябр як рӯзро ба декабр ҷамъ карданд. Ҳамин тавр тақсимоти рӯзро дар моҳҳо ва номи моҳҳо то замони мо омада расидаанд. Соли 325 юлиани императори Рим Константин барои барқарор кардани идҳои дини насронӣ анҷумани руҳониёнро даъват карда буд. Дар он вақт эътидоли бахорӣ ба 21 март рост омада буд ва ба ақидаи руҳониёни насронӣ тақвими шамсӣ - юлианӣ аниқ ва лоиқи қабул аст Вале тақвими юлианӣ аз хатогӣ эмин набуд. Баътар маълум шуд, ки вақти баробаршавии шабонарӯзии баҳорӣ бо тақвими юлианӣ мувофиқат намекунад ва баъди 128 сол як рӯз пеш фаро мерасад. Агар соли 325 эътидоли баҳорӣ ба 21 март рост омада бошад, пас баъд аз 128 сол ба 20 март омада буд. Сабаби чунин пешравии соли тақвимӣ нисбати соли шамсӣ дар чист? Чи тавре, ки дар боло қайдкарда шуда буд давомоти соли шамсӣ ба 365,2422 рӯз ва давомоти соли тақвимӣ ба 365,25 рӯз баробар аст. Фарқи байни онҳо дар як сол 0,0078 рӯзро ташкил мекунад. Аз фарқиятҳо дида мешавад, ки соли тақвимӣ дар ҳазор сол ба 7,8 рӯз пеш меравад. Дар нимаи дуюми карни XVI соли таквими ба 10 рӯз пеш омада буд. Дар соли 1582 папаи Рим Григорий 13 баҳри гузаронидани ислоҳот дар тақвими юлианӣ комисияи махсус ташкил намуд ва ба он профессори астрономия ва риёзиёти донишгоҳи Балонӣ И. Данте ҳамроҳ карда шуд. Ба комиссия супориш дода шуд, ки лоиҳаҳои пешниҳод шударо дида бароянд ва агар маъқул нашавад тақвими навро кор карда бароянд. Баъд аз шиносоӣ ба лоиҳаҳои пешниҳод шуда комиссия ба хулоса омад ки лоиҳаҳои матиматик, омӯзгори донишгоҳи шаҳри Перучӣ, Луичи Лилио беҳтарин аст. Ин лоиҳаро папаи Рим қабул намуд ва 24 феврали соли 1582 фармон баровард. Мувофиқи он баъди рӯзи панҷшанбеи 4 октябри соли 1582 рӯзи ҷумъа панҷуми октябр нею 15 октябр ҳисобида шуд. Бо ҳамин фарқияте, ки баъди анҷумани руҳониҳои насронӣ дар тақвими юлианӣ пайдо шуда буд, бартараф карда шуд ва эътидоли баҳорӣ боз ба 21 март рост омад. Тақвими нав номи григорианиро гирифт. Агар дар тақвими юлианӣ аз 400 сол сад солаш кабиса бошад, дар тақвими григорианӣ 97 сол соли кабиса гардид. Зеро тақвими куҳна дар 400 сол тақрибан се рӯз пеш рафт ва барои дар оянда содир нашудани хатогии се рӯзро аз ҳисоб берун сохта, соли кабисаро 97 сол қабул карданд. Дар тақвими юлианӣ соли кабиса ҳамон сол ба ҳисоб мерафт, ки агар шумораи солҳо ба чор бе бақия тақсим шавад. Масалан, солҳои 1700 1996 ва ғайра. Аммо мо дар тақвими нав бошад, солҳои 1700, 1800, 1900, 2100 оддӣ буда, солҳои 1600, 2000, 2400 ва ғайра кабисаанд. Ҳар як навигарие, ки дар илм ва дар ҷамъият пайдо мешавад, ба осони роҳи худро ёфта наметавонанд. Тақвими нави шамсӣ ҳам бо мушкилҳои зиёд дастгири умум гашт. Дар мамоликҳое, ки дини асосиашон католики аст (Франсия, Испания, Португалия, Полша ва ғайра) соли 1582 ҷори шуд. Дар Руссия бошад танҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҷорӣ гардад. Умари Хайём яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи Форсу Тоҷик аст. Ӯ натанҳо бо рубоиҳои дилангези худ дар байни оламиён маълуму машҳур гаштааст, балки ҳамчун риёзидон, мунаҷҷим ва файласуфи бузурги асри худ дар Ғарбу Шарқ шуҳрат ёфтааст. Ба шарофати қобилияти баланди худододаш Ӯ ба дарбори султони Салчуқиён, Маликшоҳ даъват карда мешавад. Дар он ҷо Хайём ба омӯзиши ҷирмҳои осмонӣ, риёзиёт ва ғайра машғул мешавад. Соли 1079 Хайём дар Исфаҳон маркази Маликшоҳ бо ҳамкории ёрдамчиёни худ Расадхони астрономӣ бунёд мекунад, ки дар он замон яке аз калонтарин расадхонаҳо ба шумор мерафт. Расадхона то соли 1092, яъне то аз олам рафтани султон арзи вуҷуд кард. Дар расадхона таҳти роҳбарии Хайём «Зиҷи Маликшоҳ» - и тартиб дода шуд ва як қисми он, тақрибан зиҷи сад ситораҳои равшан, то замони мо омада расидааст. Олими машҳури Осиёи Миёна Абурайҳони Берунӣ қайд намудааст, ки астрономҳои Эрони қадим давомоти соли шамсиро 365 рӯз қабул намуда, касри он, ки чоряки шабонарӯзиро ташкил мекунад, мепартофтаанд, то ки дар давоми 120 сол як моҳро ташкил кунад ва баъд ба як сол моҳи пурра ҳамроҳ мекарданд. Ғайр аз ин рӯзи якуми соли нав бо рӯзи этидоли баҳорӣ мувофиқат мекард. Вале байни ҳам мувофиқат накардани тақвим ва ҳодисаҳои табиат ба бесомонӣ оварда расонд. Барои ба тартиб овардани тақвим Маликшоҳ комиссияи махсус ташкил намуда, ба он астрономҳо ва матиматикҳои машҳурро ҷалб кард ва роҳбарии камисияро ба уҳдаи Хайём гузошт. Асоси тақвими Хайёмро касри ҳашт тақсими сиюсе ташкил мекунад, яъне дар 33 – сол 8 – сол кабиса буда 25 – сол оддӣ мебошад. Барои он ки дар давоми давраи 33- сола мавқеъи эътидоли баҳори аз нисфи рӯз зиёд тағйир наёбад ҳафт соли кабиса баъд аз се сол дар соли чорум ва як сол баъди чаҳор сол дар соли панҷум қабул карда шуд. Тақвими Хайём ба 365, 24242 рӯз баробар аст. Агар мо онро ба соли шамсӣ муқоиса намоем, пас мебинем ки фарқи байни онхо 1,000022 рӯзро ташкил мекунад. Хатогӣ дар як рӯз дар зарфи 4500 сол пайдо мешавад. Аз ин рӯ тақвими тартибдодаи Хайём аз ҳамаи тақвимҳои шамсӣ мавҷуда, аз он ҷумла нисбати тақвими григорианӣ саҳеҳтарин ба шумор меравад. Комессияи тақвими Умари Хайём ибтидои эътидоли баҳориро мувофиқи тақвими юлианӣ ба давраи 15 марти соли 1079 таъин намуд. Зеро то ба ин давра тақвими юлианӣ тақрибан 6 рӯз пеш рафта буд. Ҳамин тавр, Наврӯз ва эътидоли баҳорӣ ба ҳам оварда шуд ва санаи мазкур ҳамчун милоди Ҷалолиддин қабул шуда буд. Соли тақвимӣ аз 12 моҳ иборат аст. Ними эклиптикаро, аз эътидоли тирамоҳӣ то ба эътидоли баҳорӣ, дар зарфи 179 шабонарӯз ва ними дигари онро аз эътидоли баҳорӣ то ба эътидоли тирамоҳи, дар мудати 186 шабонарӯз тай мекунад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Замин дар атрофии Офтоб номунтазам гардиш мекунад бинобар ин моҳҳои нимаи якуми тақвим дорои 31 рӯзанд ва нимаи дуюми сол дорои 30 рӯзианд. Моҳи охири соли тақвими Исфандармуз дар соли кабиса 30 рӯз мешавад ва дар солҳои оддӣ вай дорои 29 рӯз аст. Аҷоибии дигари моҳҳои форсию тоҷикӣ дар он аст, ки ҳамаи онҳо ба бурҷҳои дувоздаҳгона алоқаманданд.Масалан, якуми моҳи Фарвардин аз якуми Ҳамал (бара), якуми моҳи Урдубиҳишт аз якуми Савр (гусола) ва ғайра оғоз меёбад.

Ҳоло тақвими григорианиро дар аксарияти давлатҳо аз ҷумла дар Ҷумҳурии Точикистон низ истифода мебаранд. Дар таърихи бунёди тақвимҳо ҳиссаи Умари Хайём хело арзанда аст. Тақвиме, ки Ӯ дар замони худ тартиб додааст. Дар давоми 4900 сол тагйироти назарасе аз сар намегузаронад.

Дар тақвими Хайём давомоти сол ба 365,24242 рӯз баробар аст. Агар мо онро бо соли шамсӣ муқоиса намоем, пас мебинем ки фарқи байни онҳо ҳамаги 0,00022 рӯзро ташкил мекунад. Хатоги дар як рӯз дар зарфи 4500 сол пайдо мешавад. Аз ин рӯ тақвими тартибдодаи Хайём аз ҳама тақвимҳои шамсӣ мавҷуда аз он ҷумла нисбати тақвими григорианӣ саҳеҳтарин ба шумор меравад. Ба андешаи ман Умари Хайём яке аз чеҳраҳои барҷастаи таърихи форсу точик аст. Ӯ на танҳо бо рубоиҳои дилангези худ дар байни оламиён маълуму машҳур гаштааст, балки ҳамчун риёзидон, мунаҷҷим ва файласуфи бузурги асри худ дар Ғарбу Шарқ шуҳрат ёфтааст.

 

Адабиёт:

1. С. И. Селешников. «История календаря и хронология», М., «Наука», 1970с.

2. И. А. Климишин. «Календар и Хронология», М., «Наука», 1981с.

3. Мачидов Х. Нозимов О. Нучум. Китоби дарси барои синфи 11 – уми макоти тахсилоти умуми. Дунанбе, КММ «Насиба», 152с.

4. А. П. Клищенко, В. И. Шупляк. Астрономия. Москва 2001с.

2023-05-11 09:42:43

ҶАШНИ РӮЗИ АСТРОНОМӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

ҶАШНИ РӮЗИ АСТРОНОМӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ

Ҷомеаи љаҳонӣ ҳамеша ба илмҳои дақиқ ниёз дорад. Илмҳои даќиќ исботкунандаи умќи табиат аст. Мањз илмњои даќиќ имкониятњои васеи зиндагиро барои љомеаи љањонї фароњам меорад. Дар ин робита илми астрономия ба илмњои даќиќ ворид шуда дар он љирмњои кайњонї аз љумла ситораи Офтоб, сайёраҳои системаи Офтобї ва моҳвораҳои онҳо, астероидҳо, кометаҳо, метеородњо, материяи байнисайёравӣ, ситорањо ва сайёраҳои берун аз Офтоб, туманҳо, материяи байниситоравї, галактикаҳо ва кластерҳои онҳо, пулсарҳо, квазарҳо, сўрохиҳои сиёҳ ва ғайраро меомӯзанд.

Марбут ба ин илм рўзњои муаяйн шудаанд, ки њар сол онњоро дар љомеаи љањонї љашн мегиранд. Ин рўз рўзи астрономия ном дошта таърихи ў соли 1973 дар шањри Калифорнияи Штатњои муттањидаи Амрико пайдо шудааст. Њадафи барпо кардани ин рўз аз тарафи олими шинохтаи Амрикои Даг Бергер он буд, ки њар чи бештар њавасмандони астрономия зиёд гардида, шавќу раѓбати ин илмро дар байни онњо бедор намояд. Бо ин маќсад ў аз мутахассиони соњаи марбути астрономия даъват ба амал овард, ки њар чи бештар асбобњои телекопиро дар шањру кўчањо гузошта то он ки ањолї аз манзараи зебои кайњон бањравар шавад. Аз сабаби он, ки ин идея аз тарафи љомеи љањонї хуб ќабул шуд ва даъват ба амал оварданд, ки ин љашн ду маротиба дар як сол љашн гирифта шавад. Дар мавсимњои бањорї ва тирамоњї.

Рӯзи астрономияи баҳорӣ одатан дар рӯзи шанбе дар миёнаҳои моҳи апрел ва нимаи моҳи май дар наздикии семоҳаи моҳ таҷлил карда мешавад. Рӯзи астрономияи тирамоҳї бошад он дар рӯзи шанбеи семоҳаи 1-уми моҳ аз нимаи моҳи сентябр ва октябр ҷашн гирифта мешавад. Ҳафтае аз душанбе то якшанбе, ки рӯзи астрономияро дар бар мегирад, ҳафтаи астрономия (Astronomy Week) номида мешавад.

Дар њафтаи астрономия ва махсусан дар рӯзи астрономия муассисањои  астрономӣ, осорхонаҳои илмӣ, расадхонаҳо, планетарияҳо дар бисёр кишварҳо чорабиниҳои ҷолибе баргузор менамоянд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи астрономия ва олами зебои мо равона шудааст. Инҳо лексияҳои оммавии кайњоннавардони машҳур ва теле-конференсияҳо ва лоиҳаҳои якҷоя, намоиши оммавии осмони пурситора мебошанд. Дар мактабҳо оид ба асосҳои астрономия машғулиятҳои махсус гузаронда мешаванд.

Дар ин маврид Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қатори мактабҳои илмии ҷаҳонӣ дар ҳафтаи астрономия дарҳои кушодро эълон намуда ба иштирокунандагони ин чорабинии илмӣ, машғулиятҳои илмӣ – амалӣ, инчунин экскурсияҳо дар Расахонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох гузаронида истодааст.



Рањматуллоева Ф.Љ.- муовини директори Институти астрофизикаи АМИТ. 

Сафаров С.Н.-ходими хурди илмї. 

2023-05-06 11:45:55

ТАЪСИРИ МУТТАҚОБИЛАИ ОФТОБ БА ЗАМИН ВА БА ҲАЁТИ ИНСОНӢ

ТАЪСИРИ  МУТТАҚОБИЛАИ  ОФТОБ БА  ЗАМИН ВА БА ҲАЁТИ ИНСОНӢ

Таҳияи ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Хуҷаназаров Ҳ.Ф.


 Таърихи пайдоиши доғҳои сатҳи Офтоб


Акси гуруҳи доғҳо дар сатҳи Офтоб дар рӯзи равшан. Акс бо ёрии дастгоҳи кайҳонии Hinod 13 –уми декабри соли 2006 расм гирифта шудааст.

Аввалин маълумотҳо дар бораи доғҳои сатҳи Офтоб ба мушоҳидаҳои 800 солаи пеш аз миллод дар Хитой  рост меояд. Расми аввалини доғҳои Офтоб соли 1128 дар хроники Иоанна Вустерского оварда шудааст.

Доғи офтобӣ: муҳити сиёҳ дар сатҳи Офтоб, ки ҳарораташ тақрибан ба 1500 К паст мешавад. Дар сатҳи Офтоб бо ёрии асбобҳои оптики, ҳангоми калон будани доғ бо чашми оддӣ дар намуди доғи сиёҳ мушоҳида карда мешавад. Доғҳои офтобӣ дар натиҷаи баромади майдони магнитии пурқувват ба қабати фотосфера пайдо мешавад. Миқдори доғҳо дар сатҳи Офтоб (ба адади Волф алоқаманд аст) яке аз нишондиҳандаи асосии фаъолнокии офтобӣ ба ҳисоб меравад. Дар ситораҳои хунуктар (класс К) доғҳои андозаашон калонтар назар ба Офтоб мушоҳида мешавад. Замоне, ки миқдори доғҳо зиёд меафзоянд- максимуми фаъолияти Офтоб ва солҳое, ки доғҳо нест ва ё кам  мешаванд, минимуми фаъолияти Офтоб меноман.

         Майдони пурзӯри магнитӣ ҳаракати конвективии гази тафсонро, ки сабаби интиқоли энергия аз қаъри Офтоб ба сатҳ мебошад, суст мекунад. Аз ин сабаб, газ дар доғ хунук шуда, ҳарорат ба 4 - 5 ҳазор дараҷа мерасад. Аз тарафи дигар, энергия пурра нигоҳ дошта мешавад ва ин сабаби дар атрофи доғҳо пайдо шудани машъалҳо мегардад. (Машъалҳо ташкилаҳои нисбатан устувор буда, майдони зиёди фотосфериро ишғол намуда, ҳафтаҳо, ҳатто моҳҳо бетағир вуҷуд дошта метавонад. Онҳо дар атрофи доғҳо ҷой гирифта, аз онҳо пештар пайдо шуда, дертар нест мешаванд.) Ҳарорат дар машъалҳо то 8000 К мерасад ва ин сабаби  равшатар шудани он мегардад. Доғи алоҳида ба намуди ковокии хурд пайдо мешавад ва баъд аз чанд рӯз ба доғи калони сарҳаднок табдил меёбад, ки андозааш то даҳҳо ҳазор километр  мерасад. Дар ин ҳолат шиддатнокии майдони магнитӣ афзуда, дар маркази доғ то ҳазорҳо эрстед мерасад. Дурахшонии қисми марказии доғ нисбат ба дурахшонии фотосфера тақрибан даҳ маротиба камтар аст. Дар асоси қонуни Стефан - Болтсман чунин маъно ба вуҷуд меояд, ки ҳарорати доғ нисбат ба ҳарорати фотосфера 2000 - 2500 К пастар аст.  

         Андозаи гуруҳи доғҳо бо масоҳати он, ва миқдори доғҳои ба ин гуруҳ дохил шуда нисбати масоҳати умумиашон ҳисоб карда мешавад. Доғи андозааш аз ҳама калонтарин дар давоми тамоми мушоҳидаҳо аз соли 1874 то соли 2012 дар гуруҳи №1488603 (зичи Гринвич) дар сатҳи Офтоб пайдошуда 30 – уми марти соли 1947 дар максимуми 18 – уми дари 11 – солаи хуруҷи офтобӣ ба қайд гирифта шудааст. 8 – апрел андозаи умумиаш ба 1,87 * 1010  км2  баробар шуд, ки назар ба андозаи Замин 36 маротиба калон аст. Ҳангоми ба қимати максимум расидани ин гуруҳ зиёда аз 170 доғҳои алоҳида иборат буд.

Акси доғҳои сатҳи Офтоб, ки 19 – 20 феврали соли 2013 пайдо шуда.


Хурӯҷи Офтоб

Хурӯҷ яке аз нишонаҳои бузургии фаъолнокии Офтоб аст, дар байни доғҳои инкишофёбанда, хусусан дар наздикии сарҳади байни қутбҳои майдони магнитии азим ҳосил мешавад. Дар натиҷаи хурӯҷ интенсивяти нурҳои дидашаванда, ултрабунафш, ренгенӣ, радиомавҷҳо ва ҳатто гаммаафканишотҳо якчанд дақиқа мунтазам паст шудан мегиранд. Ғайр аз ин, дар ин ҳаракати шадиди газҳо, афкандани абрҳои плазмавӣ ҷой доранд.

         Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо миқдори калони энергия хориҷ мешавад, ки он ба 1028 - 1032 эрг ё 1021 - 1025 Ҷ баробар аст. Бо сабаби таъсири байниҳамдигарии майдони магнитӣ ва плазма қисми зиёди энергияи майдони магнитӣ ба гармӣ табдил меёбад. Он ҳарорати газро то даҳҳо миллион дараҷа расонида, абрҳои алоҳидаи плазмавиро пуршитоб мегардонад. Ҳамзамон метавонад ба зарраҳои алоҳида таъсир намуда, онҳоро пуршитобу дорои энергияи баланд гардонад. Электронҳо дорои даҳҳо килоэлектронволт ва протонҳо соҳиби даҳҳо мегаэлектронволт мегарданд. Ҳарчанд энергияи онҳо нисбат ба энергияи нурҳои кайҳонии галактикӣ кам аст, аммо сели чунин нурҳои кайҳонии офтобӣ зиёд шуда, ба қабатҳои болоии атмосфераи Замин ва майдони магнитии он таъсири воқеӣ расонида метавонанд.

         Фаъолияти Офтоб аз маҷмӯи ба ҳам алоқаманди доғҳо, машъалҳо, афрӯзишҳо, протуберансҳо ва тоҷҳо иборат шуда, хусусияти хоси даврӣ дорад ва ин давр ба ҳисоби миёна 11 сол аст.

   Даври фаъолияти офтобӣ


    Реконструксияи хуруҷи офтобӣ дар тӯли 11000 сол.

Ҳанӯз дар асри 18 телескопҳои тавоноиашон ба қадри кифоя пайдо шуданд, астрономҳо диққати худро ба он ҷалб намуданд, ки миқдори доғҳои Офтоб дар сатҳи он бо қонуни даврӣ меафзоянд ва кам мешаванд. Ба ин ҳодиса номи даври фаъолияти офтобӣ ниҳоданд.

Даври фаъолияти офтобӣ ба пайдошавии доғҳо, хуруҷи Офтоб ва давомнокии пайдоиши онҳо алоқаманд мебошад. Як даври фаъолияти офтобӣ тақрибан ба 11 сол баробар аст. Дар вақти минимуми хуруҷи офтобӣ дар сатҳи Офтоб доғҳо хело кам ё ин, ки тамоман мушоҳида намешавад, ҳангоми максимуми хуруҷи офтобӣ бошад қимати доғҳо ба садҳо мерасад. Дар охири ҳар як давр қутби майдони магнитии офтобӣ ба самти муқобил иваз мешавад, бинобар ин даври 22 – сола гуем дурустар аст. Ошкор гардид, ки давомоти миёнаи онҳо 11 – сол аст (даври Швабе – Волф ). Баъдтар даврҳои давомнокиашон дарозтар кашф гардиданд: даври 22 – солаи Хейла, ки ба тағйироти қутбҳои майдони магнитии Офтоб алоқаманд мебошад, даври «асрӣ»-и Глейссберг  давомнокиааш 80 – 90 сол, инчунин даври 200 солаи Зюсса мавҷуд аст.  Тахмин мекунанд, ки даври давомнокиаш 2400 сола низ мавҷуд аст.

         Галилей солҳои 1610 – 1611 мушоҳидаҳои худро гузаронида аст ва аз  ҳамин давра сар карда ба қайдгирии доғҳои офтобӣ гоҳ гузаронида мешуд, гоҳ не, гоҳ аз нав барқарор карда мешуд. Соли 1843 астрономи ҳаваскор Генрих Швабе маълумотҳои миқдорашон кифоякунанда дар бораи мавҷудият ва идомаёбии флуктуатсияи миқдори доғҳои офтобӣ ҷамъ намуд. Швабе нишон дод миқдори доғҳо даври тағйир меёбанд, қиммати максималии худро дар давоми ҳар як 11 – сол соҳиб мешавад.

         Аввал ва охири даврро дар гузашта аз вақте, ки хуруҷи офтобӣ ба нуқтаи минимумаш мерасид меҳисобиданд. Ба воситаи методҳои муосир имконпазир гашт, ки тағирёбии қутби майдони магнитии офтобӣ муайян карда шавад, бинобар ин дар замони ҳозира аввали давр аз вақти тағирёбии қутби доғ ҳисоб карда мешавад. Рақамгузории даври фаъолияти офтобиро  Р.Волф пешниҳод кардааст. Даври аввал мувофиқи ин рақамгузори аз соли 1755 сар шудааст. Дар соли 2020 даври 25 – уми хуруҷи офтобӣ сар шуд.   

         Дар асри 20 асосгузори гелиобиология Алесандр Чижевский дар татқиқотҳои статистикӣ нишон дод, ки давраи фаъолияти хуруҷи Офтоб ба ҳодисаҳои Заминӣ тағирот дароварда басомади эпидемия ва эпизоития, миқдори обхезиҳо ва ба аксарияти касалиҳо таъсир мерасонад. Ба ақидаи доктори илми физика ва математика Барис Шерстюкова, доғҳои сатҳи Офтоб танҳо не балки гуруҳ – гуруҳ пайдо мешаванд.  Барои Муайян кардани адади Волф миқдори гуруҳи доғҳои яквақта дар сатҳи Офтоб бударо мегирем ва ба рақами 10 зарб мезанем, миқдори умумии доғҳои хамаи гуруҳҳо ҳосил мешавад.   

W =10g+ f 

Дар ин ҷо g - миқдори гуруҳҳо ва f - шумораи доғҳои сиёҳи Офтоб аст. 

Масалан, агар дар сатҳи Офтоб ду гурӯҳ - яке аз шаш ва дигаре аз чор доғ ва боз ҳафт доғи алоҳида ҷой дошта бошад, он гоҳ миқдори гурӯҳҳо g = 2+7=9, миқдори доғҳо f =6+4=17 ва адади Волф W=10*9+17=107

Ҷадвали 1: Миқдори  адади  Волф  аз соли 1996 то 2007.

Таъсири Офтоб ба иқлим

        То ҳол олимон ба хулосаи умумие наомадаанд, ки  чӣ гуна фаъолнокии офтобӣ ба иқлими Замин таъсир мерасонад. Фарзияҳои гуногуне вучуд дорад. Аз ҳама бештар дутои он маъмуланд. Якумаш ба он васл шудааст, ки тағирёбии иқлим бо тағирёбии сели умумии афканиши офтобӣ вобаста аст. Дуюмаш бо он фаҳмонида мешавад, ки таъсири тағирёбии миқдори абрноки дар атмосфераи Замин. Ин ҳодисаҳо дар байни астрономҳо як нофаҳмиеро ба вуҷуд овард. Кор дар он аст, даврҳои дарозмуддати «асрӣ» аз давраҳои хурди 11 – сола иборат аст. Даври 11 – сола бошад аз якчанд минимумҳо иборат аст. Дар илми муосир якчанд минимумҳо маълуманд ба монанди минимум Волфа (аввали асри 14 ), минимум Шперера (нимаи дуюми асри 25) ва минимум Маундера (нимаи дуюми асри 18).

         Татқиқотҳо нишон медиҳанд, ки дар вақти бештари минимумҳо ва максимумҳои хуруҷи офтобӣ дар Замин ходисаҳои табии ба монанди обхези, шамолҳои сахт, тағирёбии ҳарорат, рехтани барфу боронҳои зиёд рух медиҳад.

Атмосфераи Замин сохтори муракаб дорад яъне аз қабатҳо иборат аст. Трапосфера, Стратосфера, Мезосфера, Термосфера ва Экзосфера аз ҳамин ҳисоб ҳарорат дар қабатҳои гуногуни атмосфера ҳархела мебошад. Даври фаъолнокии офтобӣ ба иқлими Замин таъсири бевосита мерасонад. Дар байни солҳои 1650 – 1725 доғҳои сатҳи Офтоб тақрибан нест шуда буданд (минимум Маундера) даври офтобӣ гӯё аз байн рафта буд. Ин солҳо ба солҳои хунукии сахт дар давлатҳои Ғарб рост меояд. Барои муайян кардани таъсири 11 – солаи хуруҷи офтобӣ ба иқлими Замин дар мушаки кайҳони дастгоҳои махсусеро гузоштанд, ки ба воситаи ин дастгоҳ миқдори энергияи аз сатҳи Офтоб омадаро аз солҳои 1980 то соли 1989 чен мекарданд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки ҳангоми зиёд шудани доғҳои сатҳи Офтоб  миқдори афканиши энергияи Офтоб кам мешавад. Яъне каму зиёдшавии миқдори энергияе, ки Офтоб хориҷ мекунад аз миқдори доғҳои сатҳаш вобаста аст.

                   

Таъсири плазмаи офтобӣ ба майдони магнитии Замин

         Ҳамаи ҷисмҳои ҳаракаткунанда дар худ энергияи кинетикиро доранд, ки аз масса вобаста аст. Энергияи кинетики бо зиёд шудани суръат меафзояд. Агар мо бо газ сару кор дошта бошем он гоҳ адади заррачаҳоро дар воҳиди ҳаҷм ( мисол 1 см3 ) ва суръати ҳаракати ин ҷисмро ба назар мегирем. Дар ин маврид мо бо зичии энергияи кинетиии гази мавҷудбуда сару кор мекунем. Дар ҳолати мо чунин газ ин плазмаи офтобӣ мебошад, ки қобиляти овардани фишор ба ҳар монеаи сади роҳаш баромадаро дорад. Чунин  монеъа  Замин  мебошад.

 

Дар лаҳзаҳои фаъолияти офтобӣ, хатҳяои қуввагии майдони магнитӣ дар абрҳои парони плазмаи офтобӣ,  ки дар Офтоб аз қисмҳои фаъоли он ибтидо гирифта буданд, дар аввал ҳолати «шахшуда» ё «карахшуда»- ро доранд.  Бо баробари аз Офтоб дур шудани ин гуна абрҳои плазмагӣ хатҳои қуввагӣ фавран «ёзида» мешаванд. Аз ин майдонҳои магнитии ёзидашуда туфонҳои магнитии байни сайёравӣ ба вуҷуд меоянд. Ин майдонҳои магнитӣ , ки аввал дар натиҷаи пайдоиши доғҳо ва афрӯхтаҳои офтобӣ пайдо шуда буданд, майдони магнитии Заминро, ки инсон ба таъсири он кайҳо мутобиқ шудааст, ба ҳолати ғалайёнӣ (ба ошуб) меорад. Гуфтан ба маврид аст, ки майдони магнитии бағалайёномада ба саломатии одамони лоғару носолим хусусан ба узвҳои хунгарди дил, фишори хун ва системаи асаби онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Саволе ба миён меояд, ки чаро тағйиёбии майдони магнитии Замин маҳз ба ин узвҳо зараровар аст. Гап дар он аст, ки одам майдони хело хурди  биологӣ дорад. Дар айёми тӯфонҳои магнитӣ лаппиши майдони магнитии Заимн пурқувват гардида, майдони биологии одамро ба ғалайён ва ё ба ларзиш меорад, ки ин боиси бад шудани саломатии инсон мегардад. Фаъолияти офтобӣ инчунин ба биосфераи Замин таъсир бахшида, боиси баландшавии фишори атмосфера, рух додани раъду барқ  ва пайдоиши шамолҳои сахт, тағйирёбии ҳарорат, рехтани барфу боронҳои зиёд  мегардад.  

         Бойяд гуфт, ки зимистони соли 2005 дар натиҷаи андаке хуруҷ ёфтани фаъолияти офтобӣ ва пайдоиши тӯфонҳои магнитӣ боду ҳаво тадриҷан тағйир ёфта, бориши барфу боронҳои дарозмуддат ба миён омад ва он ҳодиса ба саломатии одамон низ таъсири бад расонида буд. Илми астрономия солҳои пеш тавре мазмун гирифта буд, ки гӯё он ба илми тиб ҳеҷ муносибате надорад. Вале аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки он дар замони мо на танҳо ба фанҳои дақиқ, балки бо илми тиб ҳам робитаи зич дорад.

                    Таъсири хуруҷи офтобӣ ба қобиляти ақлии инсон

         Дар маҷаллаи «Илм ва дин» соли 1989 мақолае бо номи «Кай инсонҳои боистеъдод таваллуд мешаванд» руи чоп омад, ки муаллифи он      Е. Винлградова буд. Дар ин мақола Виноградова тарҷумаи ҳоли 757 нафар олимон ва ҷоизадорони Нобелро аз 61 кишвари руи Замин ҷамъ овард. Соли таваллуди онҳоро бо хуруҷи офтобӣ муқоиса кард. Маълум гашт, ки бештари онҳо дар солҳои ороми Офтоб таваллуд шудаанд. Хулосаи корашро Виноградова таҳлил карда худаш татқиқот гузаронид. Вай тарҷумаи ҳоли 389 нафар инсонҳои машҳурро ҷамъ оварда аз он ҷумла ҳукумфармойён ва золимонро. Вай соли таваллуди онҳоро бо солҳои хуруҷи баланду пасти Офтоб муқоиса кард, ва натиҷаи онро ба намуди диаграмма онро овард.

         Аз натиҷаи кораш маълум гашт, ки аксарияти он инсонҳои боистеъдод расомон, нависандагон, олимон, навозандагон ва духтурон дар солҳои оромии Офтоб яне солҳои хуруҷи пасти Офтоб ба дунё омадаанд. Аммо миқдори зиёди он инсонҳоеки дар таърихи инсоният онҳоро ҳамчун золимон ва ҳукумфармоён мешиносанд дар солҳои хуруҷи баланди офтоби ба дунё омадаанд.

        Диаграммаи таносуби соли таваллуд бо даври хуруҷи офтобӣ


Олимони машхур дар давраи оромии Офтоб таваллуд шуда.


              

    «Золимон» ва ҳукумфармойён дар байни инсонҳо дар солҳои хуруҷи баланди офтобӣ ба дунё омада.


    Таҷрибаи Виноградоваро мо метавонем ба дигар корҳо низ гузаронем аз он ҷумла муайян кардани миқдори ҷиняткори дар солҳои хуруҷи баланду пасти Офтоб, муайян кардани хатмкунандагони бобарори Донишгоҳамон дар солҳои ороми Офтоб ва ғайра. Мо ҳам низ чунин як таҷриба гузаронодем, яъне солҳои таваллуди 300 нафар астрономҳои машҳурро ҷам овардам ва ба солҳои хуруҷи пасту баланди офтобӣ муқоиса кардем ва соҳиби натиҷаи зерин шудем.

         Чуноне, ки аз диаграмма мебинем бештари астрономҳо дар солҳои хуруҷи пасти офтобӣ яне ҳангоми ором будуни Офтоб ба дунё меомадиянд.

                           Таъсири хуруҷи Офтоб ба кори олимон

         Як исботи дигаре, ки Офтоб қариб ба тамоми ҳодисаҳое, ки дар Замин руй медиҳад таъсир мерасонад, ин хулосаи профессори Чепмен мебошад. Профессир Чепмен бори дигар исбот намуд, ки хуруҷи Офтоб ба қабати биосфераи Замин, ба қобиляти ақлони ва фикронии инсонҳо ва инчунин ба дигар ҳодисаҳое, ки дар Замин руй медиҳанд таъсир мурасонад.

         Олими машҳури англис Сидней Чепмен ҳангоми қайд кардани ҳаштотсолагии худ ҳисоб кард, ки дар тӯли 58 соли корҳои илмиаш 450 кор оиди физикаи қабати болоии атмосфераи Офтоб руи чоп овардааст. Аз баски корҳои кардаи Чепмен дар тули панҷ даври фаъолияти офтобӣ рост меояд ӯ миқдори корҳои кардаашро бо даври фаъолияти офтобӣ муқоиса кард, ки ҷавобашро тариқи график овардааст.


Аз графики муқоиса кардаи профессор Чепмен мо метавонем чунин хулосабарори кунем. Якум ин, ки миқдори корҳои кардаи Чепман бо миқдори доғҳои сатҳи Офтоб якҷоя пасту баланд мешаванд. Дуюм ин, ки дар охири график дида мешавад, ки ҳангоми зиёд шудани доғҳо миқдори корҳоям зиёд шудааст, яъне дар ин ҷо сину сол дар қобиляти фикрони роҳи муҳимро намебозидааст.                     

                            Таъсири Офтоб ба ҳодисаҳои таърихи

         Раванди инкишофи фарҳанги ин ё он халқият ба солҳои хуруҷи пасту баланди Офтоб рост меояд. Як чизро бояд қайд кард, ки ҳангоми хуруҷи баланди офтобӣ дар Замин миқдори бемориҳо зиёд мешаванд аз он ҷумла одамони пиронсол ба касалиҳои  гуногун гирифтор мешаванд, лек ба ақидаи олимон  маҳз дар хуруҷи баланди офтобӣ миқдори корҳову ихтироотҳо зиёд мешаванд. Аммо мо дар инҷо фақат ба санаи пайдоиши ҳодисаҳои таърихи менигарем. Барои ин мо аз графики фарҳанг ва хуруҷи офтобӣ  аз китоби Э. Джилберг ва М. Каттерел "Тайны майя" истифода мебарем.


1. Максимум фарҳанги шумеров

2. Максимум фарҳанги пирамид

3.  Максимум фарҳанги Стоунхндж

4. Минимум фарҳанги Египтҳо

5. Минимум фарҳанги Гомеровской

8. Минимум фарҳанги элинской

9. Максимум Рим, пайдоиши христианҳо

10. Афтиши фарҳанги майя, пайдоиши Ислом

14-15. Тарақиёти илму техника ва фарҳанги муосир.

         Чуноне, ки аз график мебинем инкишоф ё аз байн равии ин ё он фарҳанг дар таърихи инкишофи сивилизатсия ба Отоб вобаста аст, ки он дар кадом ҳолат қарор дорад, яъне дар ҳолати оромаст ё ин ки дар ҳолати хуруҷ. Олимон ҳисобу  китоб карданд, ки дар тули таърихи тамоми инсоноят сар карда аз солҳои пеш аз милод то ҳол, дар ҳар як аср тақрибан нуҳ ҳодисаи таърихи ба қайд гирифта шудааст.

         А.Л Чужевский , Ю.В Мизун ва Ю.Г Мизун дар китоби худ "Тайна будушего" чунин гуфтаанд:

1. Ҳар як даври ҳодисаи таърихи умум хоҳ ҳарбиаст хоҳ ҷамъияти қимати миёнаашон тақрибан ба 11 сол рост меояд.

2. Дар бештари солҳои максималии ҳуруҷи офтобӣ ҳодисаҳои таърихи ором руй медиҳад. Дар солҳои минималии хуруҷи офтобӣ бошад ҳодисаҳои таърихии дар ҷушу хурушбуда, яъне ҳодисаҳои ҳарби рост меояд.

         А.Л Чужевский ҳисоб кард, ки дар тамоми даври фаъолияти офтобӣ сар карда аз соли 1610 то соли 1914 чи қадар ҳодисаҳо дар ҳар як даври хуруҷи офтобӣ рост меояд. Маълум гашт, ки зиёда аз нисфи ҳодисаҳои таърихи тақрибан 60 % ҳодисаҳо ба солҳои хуруҷи баланди офтобӣ, ки тақрибан 3 сол аз 11 сол тӯл мекашад рост меояд. Айнан ҳаминхел давомнокии 3 сол дар даври минимуми хуруҷи офтобӣ тақрибан 5 % ҳодисаҳо, 20 % ҳангоми хуруҷи баланд шудани Офтоб ва 15 % ҳангоми хуруҷи паст шудани Офтоб ҳодисаҳои таърихи руй медиҳанд.

                                            Хулоса

1.     Даври фаъолнокии доғҳои Офтоб ба иқлими Замин таъсири бевосита мерасонад. Ҳангоми аз сатҳи Офтоб партофтани энергияи зиёд дар Замин ҳодисаҳои табии ба монанди тӯфон, гирбод, обхези ва ғайраҳо рух медиҳад.

2.     Ҳосилнокии гандум низ аз даври фаъолнокии Офтоб вобаста аст.

3.     Фаъолнокии офтобӣ ба саломати одамони лоғару носолим хусусан ба узвҳои хунгарди дил, фишори хун ва системаи асаби онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

4.     Бештари олимон ва мунаҷимони бузург дар вақти оромии Офтоб таваллуд шудаанд.

5.     Ҳаминтавр дигар ҳодисаҳое, ки дар Замин рух медиҳан ба монанди ҷинояткори, ҳосилнокии маҳсулот, офатҳои табии маълумот ҷамъ намуда бо хуруҷи офтобӣ муқоиса карда дар оянда метавонем пешгӯи  кунем.

                        Адабиётҳои истифодашуда:

1.     Раҳмонов А.А «Ҷирмҳои  системаи офтобӣ».  Душанбе с.2012

2.     Кононович Э.В., Мороз В.И.  Общий курс астрономии. М,2004, 544 c.

3.     Астрономия на крутых поворотах ХХ века (под редакцией Еремеевой А.И.). Дубна, из-во Феникс, 1997, 480 с.

4.     А.Д.Мартынов. Курс общей астрофизики, М., Наука, 1971.

5.     А.Д.Мартынов. Курс практической астрофизики, М., Наука, 1971.

6.     Маълумот аз сайтҳои интернетӣ.

7.     С.И Акасофу, С.Чепман. Солнечно - Земнайя Физика, Част 1 , Москва 1974

8.     С.И Акасофу, С.Чепман. Солнечно - Земнайя Физика, Част 2 , Москва 1974

9.     И.Г. Колчинский, А.А. Корсун, М.Г. Родригес "Астрономы" Науков думка, 1986

 

 


 

 

2023-05-02 13:34:51

Миқдори об дар Замин ва ҷирмҳои Низоми офтобӣ

Миқдори об дар Замин ва  ҷирмҳои Низоми офтобӣ

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

Сарсухан

Об дар ташаккул ва фаъолияти ҳаёти организмҳои зинда аз он ҷумла инсон нақши муҳиме мебозад. Бе мавҷудияти об ҳаёти организмҳои зиндаро тасаввур кардан номумкин аст. Мувофиқи маълумотҳои биологӣ 70%-и бадани одамро об ташкил медиҳад.


Расми 1.

         Об дар раванди ташаккули сайёраҳои Низоми офтобӣ нақши муҳиме бозидааст. Табдилёбии об ба шаклҳои дигар масалан ба ях ва бухор тақдири ояндаи сайёраҳои навташаккулёфтаро ҳал кард. Дар минтақаҳои наздик ба  Офтоб моддаҳои сабук дар таҳти таъсири афканиши пурзӯри Офтоб ва фишори рӯшноии он ба минтақаҳои нисбатан дури Низоми офтобӣ партофта шуданд.  Дар қатори ин моддаҳои сабук об низ мавҷуд буд.  Аз физика маълум аст, ки вобаста ба ҳарорат ва фишор моддаҳо дар шаклҳои гуногун қарор мегиранд. Дар минтақаҳои дур аз  Офтоб дар сатҳи кометаҳо паканасайёраҳо, ки мадорашон пас аз мадори Плутон мехобанд, об танҳо метавонад дар шакли ях ва бухор қарор гирад зеро дар ин ҷирмҳо фишор ва ҳарорат хело паст аст.

Об дар сатҳи Замин

         Сабаби асосии мавҷудияти об дар сатҳи  Замин  дар се шакл  ин ҷойгиршавии Замин дар минтақаи ҳаётӣ ё минтақаи зистии Офтоб мебошад. Дар астрономия минтақаи ҳаётӣ гуфта, дар кайҳон минтақаи шартиеро меомананд, ки шароит дар сатҳи сайёраи дар ин минтақа мавҷудбуда ба шароити сатҳи Замин наздик бошад ва дар он мавҷудияти обро дар ҳолати моеъ фароҳам оварда тавонад. Дар ин ҳолат чунин сайёраҳо(ё ҳамсафарони онҳо)  ба монанди Замин барои пайдоиши ҳаёт мувофиқ буда метавонад. Сайёраҳое, ки дар атрофи ситораҳояшон дар минтақаи ҳаётиашон давр мезананд, дар онҳо бо этимолияти баланд ҳаёт пайдо шуда метавонад.

Ҳар як ситора вобаста ба дурахшонӣ ва ҳарораташ дар атрофаш минтақаи ҳаётӣ дорад. Офтоби мо ҳамчун ситора минтақа ҳаётии худро дорад. Мувофиқи ҳисобкуниҳои илмӣ минтақаи ҳаётии Офтоб аз 110 млн. км то 220 млн. – ро дар бар мегирад. Замини мо, ки дар сатҳи он ҳаёт маҷуд асту тӯли миллиардҳо сол нашъу намо дорад, дар байни минтақаи ҳаётии Офтоб қарор дорад. Сайёраҳои Зӯҳра ва Миррих, ки сайёраҳои наздиктарин ба Замин мебошанд, дар канорҳои минтақаи ҳаётии Офтоб қарор доранд. Аз минтақаи ҳаётии Офтоб берун будани ин ду сайёра боиси он шудааст, ки дар сатҳи онҳо ҳаёт ба монанди Замин пайдо нашавад. Дар расми 2 минтақаи ҳаётии Офтоб нишон дода шудааст, ки Замин дар байни он ҷойгир аст.


Расми 2. Минтақаи ҳаётии Офтоб (дар байн Замин аст)

Сайёраи Замин дар Низоми Офтобӣ ягона сайёрае мебошад, ки об дар сатҳи он дар се шакл:  сахт (ях), моеъ,  ва газ (бухор) қарор гирифта метавонад, ки ин хусусият барои дигар сайёраҳои Низоми офтобӣ хос нест.  Ин боиси он гардидааст, ки  ҳаёт дар сатҳи Замин пайдо шавад, инкишоф ёбад ва  умр ба сар барад. Мувофиқи маълумотҳо 71%-и сатҳи Заминро об иҳота кардааст. Бинобар ин сайёраи моро сайёраи об ё сайёраи кабуд низ меноманд.  Аз  ин миқдор об танҳо 2,5%-аш ошомиданӣ асту халос. 


Расми 3. Замин бо ҳиссаи обиаш

Массаи умумии барф ва яхи сатҳи кураи Замин ба 2,423 × 1016 тонна ( 24 230 000 000 000 000 тонна) баробар аст, ки он 0,0004%  - и массаи Заминро ташкил медиҳад. Аммо миқдори мазкур барои бо қабати 53 метра пӯшонидани сатҳи Замин кифоягӣ мекунад. Агар ҳамаи онҳо якбора дар 00С об шаванд, пас сатҳи  Уқёнуси Ҷаҳонӣ аз ҳозира 64 м баланд мешуд. Пиряхҳо дар сайёраи мо масоҳати  1,621 × 107  км(16 210 000  км2 ) ё 10,9%  – ро  дар масоҳати хушкӣ ишғол менамоянд.

    Об дар сайёраҳои Низоми офтобӣ ва ҳамсафарони онҳо мавҷуд ҳаст, аммо ба шаклҳои гуногун ва миқдори гуногун. Дар график миқдори об дар ҷирмҳои Низоми офтобӣ бо зетталитр (ЗЛ) нишондода шудааст.    1 ЗЛ ба      1 000 000 000 000 000 000 000 литр ё 1 квинтиллион тонна об баробар аст.


Графики 1. Графики миқдори об бо зетталитр (ЗЛ)

Аз графики 1 дида мешавад, ки миқдори зиёдтарини об ба Ганимед (35,4 ЗЛ), Тинан(18,6 ЗЛ) ва Каллисто(5,3 ЗЛ) рост меояд. Дар ин график Замин дар ҷоӣ 5 –ум қарор дошта, миқдори умумии оби сатҳи он ба 1,34 ЗЛ баробар аст.


Графики 2. Графики миқдори об  бо ҳаҷм бо зетталитр (ЗЛ)

         Дар графики 2 миқдори об ба ҳаҷми ҷирм нишон дода шудааст. Аз график маълум аст, ки қисми зиёди ҳаҷми Ганимед(69%), Тритон –ҳамсафари Нептун(65%), Диона–ҳамсафари  Зуҳал(63%), Плутон(62%)  аз об иборат аст. Титан ҳамсафари  Зуҳал  дар график ҷои 5–умро гирифта, 44% –ашро об ташкил медиҳад. Дар ин график ҷои охиронро Замин ишғол мекунад, ки миқдори умумии оби он ҳамагӣ 0,12% – ҳаҷми онро дар бар мегирад. Дар зер дар бораи миқдори оби баъзе ҷирмҳои дар график овардашуда муфассалтар маълумот дода шудааст.

 

Об дар сайёраи Миррих

     Ягона сайёрае,  ки таваҷҷуҳи инсониятро оид ба маҷудияти ҳаёт дар  Низоми офтобӣ ба худ ҷалб кардааст, ин сайёраи Миррих мебошад.  Давомнокии шабонарӯзи ин сайёра қариб баробари давомнокии шабонарӯзи Замин аст. Дар ин сайёра ивазшавии фаслҳои сол айнан монанди Замин такрор меёбанд. Миррих аз Офтоб нисбат ба Замин 1,5 маротиба дуртар ҷойгир шудааст.  Миррих атмосфераи хеле тунукро доро буда, он қариб 95% аз гази карбон (СО2)  иборат аст.  Фишори атмосферии Миррих аз фишори атмосферии Замин 160 маротиба  кам аст. Иқлими Миррих сард ва хушк аст. Ҳарорати миёнаи сайёра ба  -600С баробар аст.

 

                    Расми 4.  1) Сайёраи Миррих,    2) Кулоҳҳои қутбии яхини Миррих

Тақиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки дар ибтидо сатҳи Миррих бо баҳру уқёнусҳо пӯшида буд, ва иқлимаш ба Замин монанд буд. Бинобар нест шудани майдони магнитӣ ва атмосферааш, ин баҳру уқёнусҳо як миқдораш ба ях табдил ёфта миқдори дигараш ба шакли бухор ба кайҳон пароканда шуданд.

Исботи мавҷудияти об дар Миррих дар гузашта бо якчанд аломат фаҳмонида мешавад:

1.     Дар сатҳи Миррих 120 минтақае мавҷуд аст, ки ба эрозия (шустаашавии хок)  дучор шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин эрозия бевосита бо иштироки об ба амал меояд. Аксарияти ин минтақаҳо дар арзҳои баланд ва миёнаи сайёра қарор доранд.

2.  Дастгоҳи миррихпаймои “Оппортюнити” дар сатҳи сайёра минералеро бо номи гематит кашф кард, ки он бе иштироки об пайдо шуда наметавонад.

3.     Миррихпаймои “Оппортюнити” сангеро бо номи «Эсперанс-6» мушоҳида намуд, ки сатҳи он бо таъсири об шуста шудааст.

 Ҳоло дар сатҳи сайёра об умуман дар шакли моеъ вуљуд дошта наметавонад, зеро ин, ки фишори атмосферии он хеле паст аст. Фишори муътадили атмосферии сайёра ба 612 Па баробар аст, ки дар ин ҳолат об дар ҳарорати 00С меҷӯшад.

          Захираи зиёди об асосан дар қутбҳои сайёра, ки яхпӯшанд ва онҳоро кӯлоҳҳои қутбӣ меноманд, маҷуд аст. Оби моеъ дар кӯлоҳҳои қутбии сайёра  ва дигар минтақаҳо яхин дар зери яхи  чуқуриаш  аз 150 то 500 м мавҷуд аст. Мувофиқи тадқиқотҳои охирин ҳоло захираи об дар  Миррих ба шакли ях ва моеъ то ба 60 000 000 км3 ё 60×1015 тоннаро ташкил медиҳад. Ин миқдор об  1/23 ҳиссаи обҳои сатҳи Заминро ташкил медиҳанд.

      Дар таркиби атмосфераи сайёраҳои азим, ба монанди Муштарӣ, Зуҳал, Уран ва Нептун миқдори ками об дар шакли бухор мавҷуд аст. Миқдори зиёди захираҳои обӣ ба шакли ях дар сатҳи ҳамсафарони ин сайёраҳои газӣ дида мешавад.

  Об дар астероиди Веста

       Астероиди Веста дар тасмаи астероидҳо аз ҷиҳати масса ва андоза дуюмин астероид ба шумор меравад.  Андозаи он ба 530 км баробар аст. Масофаи миёнаи байни астероид ва Офтоб ба 353 млн. км. баробар буда, даври гардишаш дар атрофи Офтоб ба 3,6 сол мерасад. Дар Веста ивазшавии фаслҳои сол  дида мешавад.

Расми 5. Астероиди Веста

     НАСА ба воситаи дастгоҳи байнисайёравии DAWN мавҷудияти обро дар Веста ошкор кард. Азбаски ҳарорати миёнаи сатҳи астероид ба -1300С баробар аст, бинобар ин об дар ҳолати моеъ мавҷуд буда наметавонад. Мувофиқи тадқиқотҳо  об дар шакли ях дар зери қабати реголити ғафсиаш аз 3 то 10 м вуҷуд дорад. Дар ин астероид об асосан дар зери танӯраҳо (кратер) мавҷуд аст.

Об дар Кометаҳо

     Кометаҳо ҷирмҳои яхини Низоми Офтобӣ ба шумор мераванд. Кометаҳо низ дар таркибашон як миқдор об доранд. Об дар ин ҷирмҳо ба шакли ях мавҷуд аст. Миқдори зиёди об дар дар таркиби кометаҳои ҷавон дида мешавад. Кометаҳои ҷавон кометаҳое мебошанд, ки онҳо ҳамагӣ бо  якчанд даврашон дар атрофи Офтоб маълуманд. Бо зиёд шудани адади даври гардиши комета дар атрофи Офтоб миқдори оби он кам мешавад, зеро он дар таҳти таъсири гармии Офтоб бухор шуда меравад.


Расми 6. Кометаи Хейли – Бопп  

      Ақидаи олимон ин буд, ки маҳз кометаҳо аз кайҳон обро ба Замин дар натиҷаи  ба он бар хӯрданашон овардаанд. Ин ақида баъди тадқиқоти кометаи Чурюмов-Герасименко рад шуд, зеро оби таркиби комета аз оби Замин фарқ мекунад. Фарқият дар он аст, ки миқдори оби вазнини таркиби ин комета нисбати оби вазнини Замин се маротиба зиёд аст.


Расми 7. Кометаи Чурюмов-Герасименко

 

Об дар сатҳи Моҳ

     Моҳ ҳамсафари табиии Замин буда, масофа то он ба 384 400 км баробар аст. Андозаи Моҳ аз Замин 3,6 маротиба хурд буда, ба 3474 км баробар аст. Моҳ баъд аз Замин ягона оламест, ки пойи инсон ба сатҳи он расидааст. Дар сатҳи Моҳ низ об мавҷуд аст.


Расми 8. Моҳ бо кӯли обии зерияхиаш

 

         Баъд аз он, ки НАСА 13 ноябри соли 2009 дар сатҳи Моҳ тадқиқотҳои илмӣ гузаронид, хабар дод, ки дар танӯраи Кабеуси  Моҳ, ки дар минтақаҳои қутби ҷанубии он ҷойгир аст, об дар шакли ях мавҷуд аст.


Расми 9. Кӯлҳои зерихокии Моҳ

     Мувофиқи маълумоти дастгоҳи кайҳонии Чандраян – 1 дар ин минтақа 600 000 000 тонна об мавҷуд аст, ки қисми зиёдаш дар шакли ях аст. Ҳоло дар дохили зиёда аз 40 танӯраи Моҳ об ошкор шудааст, ки андозаи ин танӯраҳо аз 2 то 15 км-ро ташкил медиҳад. Дар сатҳи Моҳ об албатта ба монанди кӯлу баҳрҳои сатҳи Замин дар сатҳи он қарор надоранд. Оби Моҳ дар зери қабати хоки ғафсиаш аз 3 то 5 м қарор дорад.

Европа- ҳамсафари Муштарӣ

Сатҳи Европа бо  қабати яхи ғафсиаш 20 км, ки дар зери он қабати обии ғафсиаш ба 100 км баробар аст, пурра пӯшонида шудааст. Дар зери ин қабати яхию обӣ, қабати ҷинсҳои кӯҳӣ ҷойгир буда, марказаш фарзан аз ҳастаи металлӣ иборат аст. Тахмин карда мешавад, ки ин уқёнуси обӣ дар натиҷаи гармиҳои маддӣ ташаккул ёфтаанд.


Расми10. Европа ба қабати обиаш

 

Миқдори оби Европа аз миқдори оби Замин 1,94 маротиба зиёд буда, 18% —и ҳаҷми онро ташкил медиҳад.

Ганимед- ҳамсафари Муштарӣ

     Ганимед калонтарин ҳамсафари сайёраи Муштарӣ буда, дар Низоми офтобӣ “серобтарин” ҷирм мебошад. Аксарияти сатҳи онро қабати яхи ғафсиаш 900—950 км пӯшонидааст. Мувофиқи ҳисоботҳои илмӣ 69% - и ҳаҷми Ганимедро об ташкил медиҳад, ки ин аз захираи умумии оби Замин 26,5 маротиба зиёд аст. Чунин захираи об дар дигар ҷирмҳои Низоми офтобӣ дида намешавад.

                 

Расми 11. Ганим                    Сохти  дохилии  Ганимед

             Дар Ганимед уқёнусҳои обии чуқуриашон 100 км дар зери яхи ғафсиаш 200 км ҷойгиранд, ки дар онҳо эҳтимолияти баланди мавҷудияти ягон навъ ҳаёт мавҷуд аст. Ин обҳо ба  монанди обҳои уқёнуси Замин шур мебошанд. 

Каллисто - ҳамсафари Муштарӣ

       Каллисто дуюмин ҳамсафари Муштарӣ ба шумор меравад, ки андозааш ба 4800 км баробар аст. Зичии кам доштани ин ҳамсафар гувоҳи он аст, ки таркиби он аз яхи обӣ бой аст.


Расми 12. Каллисто.   Сохти дохилии Каллисто

    

Ҳисоботҳо нишон доданд, ки  сатҳи Каллисторо қабати  яхе пӯшонида аст, ки ғафсиаш ба 140-150 км мерасад ва дар зери ин ях уқёнуси чуқуриаш 250—300 км ниҳон аст. Миқдори яхи обӣ тақрибан 25—50%  —и массаи Каллисторо ташкил медиҳад.  

Энселад - ҳамсафари Зуҳал

Энселад  яке аз ҳамсафарони фаъоли Зуҳал мебошад. Андозаи он ба 500 км баробар мебошад. Аз сабаби он, ки дар сатҳи Энселад  гейзерҳои (фаввораҳои обӣ)  амал мекунанд, бинобар ин 91%-и атмосфераи онро буғи об ташкил медиҳад.  Баландии ин фаввораҳо қариб ба 500 км баробар аст. Мавҷудияти ин фаввораҳо аз он гувоҳӣ  медиҳанд, ки дар зери қабати яхии ин сайёра уқёнуси обии азим ҷойгир аст.

              


                 Расми 13. Сохти дохилии Энселад.   Фаввораҳои обии энселад

 Об дар сайёраҳои азим

Сайёраҳои Уран ва Нептун шояд дорои уқёнусҳои гарми обии зери фишори баланд буда, дошта бошанд. Барои он, ки то ҳол сохти дохилии ин сайёраҳои азим ба олимон пурра маълум нест.


Расми14. Уран ва Нептун

 

Баъзе астрономҳо чунин мешуморанд, ки ин сайёраҳо аз сайёраҳои Муштарӣ ва Зуҳал куллан фарқ доранд, ва онҳоро бо гурӯҳи олии «сайёраҳои яхин» ҷудо мекунанд.

Сайёраи Зуҳал

      Зуҳал нисбат ба Офтоб дар Низоми офтобӣ шашумин сайёра ба шумор меравад. Зуҳал сайёраи газист. Ин сайёра аз Офтоб нисбати Замин 9,5 маротиба дуртар ҷойгир шудааст. Андозаи Зуҳал аз Замин 9,6 маротиба зиёд аст. 


Расми 15. Сайёраи Зуҳал

     Захираи об дар ҳалқаҳо ва ҳамсафарони ин сайёраи азим хеле зиёд аст. Ин об албатта ба шакли ях ва бухор мавҷуд аст. Мувофиқи тадқиқотҳои олимон қариб 95%- и ҳалқаҳои Зуҳал аз яхи обӣ иборат аст.


Расми 16. Сайёраи Зуҳал бо ҳалқаҳояш

Сайёраи Плутон

Плутон яке аз объектҳои калонтарини тасмаи Койпер ба шумор меравад. Плутонро  аз соли 2006 ин ҷониб ба гурӯҳи паканасайёраҳои Низоми офтобӣ дохил намуданд. Андозаи ин Плутон  аз андозаи Моҳ хурд буда,  тақрибан ба 2400 км баробар аст. Масофаи миёнаи сайёра аз Офтоб ба 40 воҳиди астрономӣ мерасад (1в.а.- 150 000 000 км, масофаи миёнаи байни Офтобу Замин аст). Ин сайёра 5 ҳамсафар дорад.

 

                                            Расми 17. Плутон ва ҳамсафари он- Харон

Мувофиқи тадқиқотҳои олимон сатҳи ин сайёраро қабати яхӣ фаро гирифтааст. Дар қабатҳои чуқуртари ин сайёра об ҳаст вале на дар шакли моеъ,  балки ба шакли яхчаҳои хурди кристаллии дар моеъ буда, ки онро сала меноманд,. Сабаби ин дар он аст, ки миқдори энергияи дохилии аз қаъри сайёра ба сатҳи он бароянда хеле кам аст. Миқдори оби Плутон 74%  — и миқдори оби Заминро ташкил дода, 62% — и ҳаҷми онро ташкил медиҳад.

     Хулоса

Захираҳои обӣ дар сайёраҳо, ҳамсафарони онҳо ва дигар ҷирмҳои хурди Низоми офтобӣ хеле зиёд аст. Аммо як қисми  ин обҳо  ба монанди обҳои уқёнусҳои Замин шӯр мебошанд. Аз тарафи дигар, агар чанде ин обҳо ба шакли моеъ мавҷуд бошанд ҳам, дар зери қабатҳои бузурги яхӣ ҷойгиранд. Дар сатҳи ҳамаи ин ҷирмҳо об дар шакли моеъ мавҷуд буда наметавонад, зеро фишори атмосферии онҳо нисбати фишори атмосфераи Замин хело хурд аст. Дастрас кардани обҳои сайёраҳо ва ҳамсафарони онҳо ба Замин барои инсоният муаммост, зеро масофа дур асту маблағ ва хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Ба ҳар ҳол об дар ин ҷирмҳо бо кадом сифате ва шакле ки набошад эҳтимолияти мавҷудияти  ҳаётро тахмин кардан мумкин аст. Барои ошкор кардани ягон навъи ҳаёт дар ин ҷимрҳо боз омӯзишҳои ҷиддӣ ва тӯлониро талаб мекунад.

Адабиётҳои истифодашуда

1.     https://ru.wikipedia.org/wiki/Внеземная_вода

2.     www.sciencedebate2008.com/water-on-solar-system-planets/

3.     https://www.factroom.ru/facts/59373

4.     www.grandars.ru/shkola/.../voda-na-zemle.html

5.     https://geographyofrussia.com/skolko-vody-na-zemle/

6.     Сафиев Ҳ.С., Аминҷонов А.О.,  Каримов М.Б. Об – муъҷизаи табиат: - Душанбе.: ЭР – граф, 2003 – 380 с.

7.     https://hi-news.ru/eto-interesno/zemlya-obladaet-daleko-ne-samym-bolshim-zapasom-vody-v-solnechnoj-sisteme.html

8.     https://myslide.ru/documents_7/5acd4942d1001fb85648fc3be09ad098/img2.jpg

9.     https://fs.znanio.ru/methodology/images/0e/88/0e88957c9a45b2961f9f7a1d58d3d1b09b4d6fe2.jpg

 

2023-05-02 10:22:01

Радифони сунъии Замин ва манфиати онҳо ба башарият

Радифони сунъии Замин ва  манфиати онҳо ба башарият

Муаллиф: Асоев Ҳ.Ғ. ХИ ИА АМИТ

Ба радифони сунъии Замин дастгоҳҳои кайҳоние дохил мешаванд, ки аз сатҳи Замин ба воситаи мушак (ракета) ба мадор бароварда мешаванд.

Суръати якуми кайҳонӣ дар сатҳи Замин

Суръатеро, ки барои бо мадори доиравӣ дар гирди сайёра давр задани ҷисм ба он бахшида мешавад, суръати якуми кайҳонӣ меноманд.

Мадори радиф ҳамон вақт дар атрофи Замин доиравӣ мешавад, ки радиф дорои суръати якуми кайҳонӣ шавад. Агар радиф дорои суръати якуми кайхонӣ гардад он гоҳ  ба сатҳи Замин наафтода бо мадори муайян дар атрофи Замин давр мезанад. Суръати якуми кайҳониро дар сатҳи дилхоҳ ҷирм бо формулаи зерин ҳисоб мекунанд:


, g – шитоби афтиши озод, R – радиуси ҷирм.

Суръати якуми айҳониро барои сатҳи Замин ҳисоб мекунем:


Дар формула R- радиуси Замин (тақрибан 6400 км) ва g – шитоби афтиши озод мебошад (9,8 м\с2).

  Мувофиќи ин формула суръати якуми кайњонї барои сатҳи Замин ба 7,9 км/с  баробар астАгар дастгоњи кайњонї аз сатҳи Замин бо чунин суръат партофта шавад он ба радифи сунъии Замин мубаддал мешавад


Аввалин ҳамсафар ё радифи сунъии Замин бо ном «Спутник-1»  аз космодроми «Байконур» - и ҷумҳурии Қазоқистон 4 октябри соли 1957 дар соати 22:28 дақиқа ба вақти Москва ба мадор сард дода шуд.


         Расми «Спутник-1»

         Бояд қайд намуд, ки сигнали радифи сунъии Замин  «Спутник-1» - ро аввалин шуда дар ҷаҳон кормандони Институти астрофизикаи ҶШС Тоҷикистон аз Расадхонаи астрономии Ҳисор ба қайд гирифтанд.

   Барои сохтани аввалин ҳамсафари сунъии Замин олимон бо сардории Сергей Павлович Королёв, М. В. Келдыш,  М. К. Тихонравов, М. С. Рязанский, О. Г. Ивановский, Н. С. Лидоренко, Г. Ю. Максимов, В. И. Лаппо,К. И. Грингауз, Б. С. Чекунов,  А. В. Бухтияров, Н.А Бересков ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.


Сергей Павлович Королёв

         Дар сатҳи сайёраи  Плутон як  водиеро ба шарафи аввалин ҳамсафари сунъии Замин, яъне  «Спутник 1» номгузорӣ карданд, ки он  аз ҷониби Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо 8 августи соли 2017 расман тасдиқ карда шуд. Санаи партоби "Спутник-1" оғози асри кайҳонии башарият аст ва дар Русия ҳамасола онро ҳамчун рӯзи фаромӯшнашавандаи Нерӯҳои кайҳонӣ таҷлил мекунанд.

Массаи «Спутник-1»  83 кг, андозааш 58 см ва даври гардишаш дар атрофи Замин ба 96,7 дақиқа буд. Нуқтаи наздиктарин аз сатҳи Замин ба 215 км ва нуқтаи дуртаринаш ба  939 км баробар буд. Масофаи миёнааш бошад нисбат ба Замин ба 584 км баробар буд.

Радифони геостатсионарии Замин

Мадори геостатсионарӣ ин мадори даврашакл буда,  дар болои экватори Замин (дар арзи 0°) ҷойгир аст. Дар ин мадор  радифи сунъӣ дар атрофи сайёра бо суръате давр мезанад, ки суръати кунҷии он  ба суръати кунҷии гардиши Замин дар атрофи меҳвариаш баробар аст


     Барои он, ки  радифи сунъӣ радифи геостатсионарии Замин шавад, он аз Замин бояд дар масофаи 36 000 км ҷойгир бошад. Маҳз  дар ҳамин масофа даври гардиши радиф дар атрофи Замин ба даври гардиши Замин дар атрофи меҳвариаш  баробар мешавад. Дар чунин ҳолат радифи сунъӣ аз сатҳи Замин ҳамеша дар як нуқта дида мешавад.

Баъди ба мадор баровардани аввалин  радифи сунъии Замин  миқдори онҳо сол то сол афзудан гирифт. Ҳамасола за ҳама бештар ширкатҳои хусусӣ  дастгоҳҳои худро ба мадори наздизаминӣ ва берун аз он партоб мекунанд.   

         Ҳамсафарони сунъии Замин ба мо чӣ манфиат меоранд?

Радифон ё ҳамсафарони сунъии заминро ба чунин навъҳо ҷудо мекунанд: астрономӣ, биологӣ, метеорологӣ, ҳарбӣ, навигатсионӣ,  барои алоқа ва таҳқиқоти  фосилавӣ.

1.     Радифони астрономӣ

      Радифони астрономӣ инҳо дастгоҳҳои кайҳоние мебошандт, ки барои анҷом додани мушоҳидаҳои астрономӣ аз кайҳон пешбинӣ шудаанд. Радифони астрономӣ гуфта, бештар телескопҳои кайҳониро дар назар доранд, ки онҳоро инчунин расадхонаҳои  кайҳонӣ меноманд. Аз сабаби но, ки атмосфераи Замин гамма шуоъҳо, шуоъҳои рентгенӣ нурҳои ултрабунафш ва инчунин қисми зиёди шуоъҳои инфрасурхи объектҳои кайҳониро  фурӯ мебарад, бинобарин бо телескопҳои Заминӣ бо сифати баланд мушоҳида намудани ҷирмҳои кайҳонӣ ва натиҷаи хубро ба даст аз имкон берун аст. Азбаски берун аз атмосфераи Замин фурӯбурди нурҳои кайҳонӣ ба назар намерасад, аз ҳамин сабаб ташкил намуди расадхонаҳои кайҳонӣ ба миён омад.


Телескопи кайҳонии Ҳаббл. Яке аз намунаҳои расадхонаҳои  кайҳонӣ.

     Ба воситаи радифони астрономӣ ё худ расадхонаҳои кайҳонӣ галактикаҳо, ситораҳо, сайёраҳо, радифони сайёраҳо, квазарҳо ва дигар ҷирмҳои кайҳонро мушоҳида намудаонҳоро меомӯзанд.

2.     Радифони биологӣ

Дар парвозҳои кайҳонӣ радифони биологиро барои гузарондани таҷрибаҳо бо намояндагони гуногуни олами набототу ҳайвонот истифода истифода мебаранд. Яке аз вазифаҳои  асосии радифони биологӣ ин дар раванди кор гузаронидани тадқиқотҳои тиббию биологӣ мебошад. Бо радифони биологӣ биоэксперименҳо гузаронида, масъалаҳои муҳими кайҳоннавардиро ҳал мекунанд. Дар ибтидо радифони биологӣ  барои омӯхтани таъсири парвозҳои кайхонӣ ба саломатии одамон сохта шуда буданд. Баъдан вазифаҳои асосии радифони биологӣ ба омӯхтани таъсири бевазнии дуру дароз ба организмҳои зинда ва таъсири микроҷазиба (микрогравитатия) ва гайра мубаддал шуданд.


Радифи биологии Замин

         Аввалин ҳамсафари биологии Замин «Спутник-2»-и шӯравӣ буд, ки барои санҷидани бехатарии парвози инсон ба  кайҳон пешбинӣ шуда буд. Сар дода шудани    био- ҳамсафарони  силсилаи «Спутник» то соли 1961 то парвози  Ю. А. Гагарин ба  кайҳон амалӣ мешуд.

3.     Радифони метеорологӣ

Радифони метеорологӣ барои пешгӯии дақиқи обу ҳаво пешбинӣ шудаанд.      Пеш аз пайдоиши моҳвораҳо, пешгӯии обу ҳаво бештар ба фолбинӣ аз  рӯи қарта монанд буд. Он ба тамоюлҳои мавсимӣ ва ҳавои берун асос ёфта буд. Баъдан  метеозондҳо, яъне пуфакҳои обу ҳавошиносӣ пайдо шуданд, ки онҳо қобилият доштанд  ҳодисаҳои қабатҳои болоии атмосфераро мухтасар  омӯзанд ва онҳоро назорат кунанд. Танҳо баъди ба мадор баровадани дастгоҳҳои кайҳонӣ ба инсоният муяссар шуд, ки тамоми манзараҳои тагйирёбии обу ҳаворо бо як нигоҳ тасвир кунад.


Радифи метеорологии Замин

4.     Радифи ҳарбии Замин

      Моҳвораҳои  ҳарбӣ  моҳвораҳое мебошанд, ки бо ҳадафҳои низомӣ истифода бурда мешаванд. Онҳоро барои басо дақиқ муайян намудани координатаҳои киштиҳои зериобӣ, базаҳои ҳарбӣ ва ғайра истифода мебаранд. Дар моҳвораҳои  ҳарбӣ  системаи GPS ҷойгир карда шудааст. Маъмултарин миссияҳои моҳвораҳои  ҳарбӣ  ҷамъоварии иттилоот, интиқол ва иртиботи низомӣ мебошад. Аввалин моҳвораҳои  ҳарбӣ  бо фоторазведка машғул буданд.


Моҳвораи  ҳарбӣ

        Кӯшиши  дар моҳвораҳо ҷойгир кардани аслиҳа вуҷуд омада буд, вале ин кор дар соли 1967 баъди тасдиқ шудани шартномаҳои байналхалқӣ дар бораи қатъ шудани  дар мадор ҷойгир кардани яроқи қатли ом барҳам дода шуд.

5.     Системаи навигатсионии моҳворагӣ

      Системаи навигатсионии моҳвораӣ (англ. Global Navigation Satellite System, GNSS) системаест, ки барои муайян кардани ҷойгиршавии (координатҳои ҷуғрофии) объектҳои заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ, инчунин дастгоҳҳои кайҳонии паст мадор пешбинӣ шудааст. Системаҳои навигатсионии моҳворагӣ инчунин имкон медиҳанд, ки суръат ва самти қабулкунандаи сигналро дарёфт кунанд. Илова бар ин, онҳо барои дақиқ муайян намудани вақт  истифода шаванд. Чунин ин системаҳо аз таҷҳизоти кайҳонӣ ва системаҳои идоракунӣ иборатанд.


      Дар соли 2020, се системаи моҳворагӣ фарогирии пурра ва кори бефосиларо барои тамоми ҷаҳон таъмин мекарданд, ки инҳоянд: GPS, ГЛОНАСС ва Бэйдоу.

       Алоқав моҳворагӣ яке аз навъҳои радиолоқаи кайҳонӣ мебошад. Дар ин навъи алоқа ба сифати ретранслятор ҳамсафарони сунъии Замин, ки махсус барои алоқа мебошанд, истифода мешаванд. Ретранслятор, таҷҳизоти алоқавиест, ки ду ва ё зиёда радиопередатчикҳоро, ки дар масофаҳои дур аз ҳамдигар ҷойгир шудаанд, мепайвандад. Алокаи моҳворагӣ дар байни стансияҳои заминӣ амалӣ карда мешавад, ки онҳо метавонанд ҳам статсионарӣ ва ҳам мобилӣ бошанд.


Антеннаи қабули мавҷи моҳворагӣ барои телевизион

    Алоқаи моҳворагӣ ин рушди алоқаи анъанавии радиорелегӣ  мебошад, ки  бо роҳи ҷойгир кардани ретранслятор дар баландии хеле зиёд амалӣ карда мешавад. Азбаски майдони максималии намоёни як  ретранслятор хеле фарох асту тақрибан нисфи кураи Заминро фаро мегирад, бинобар ин ба силсилаи ретрансляторӣ ҳоҷат нест, танҳо яктои он кифоя аст.

6.     Таҳқиқоти  фосилавӣ (Дистанционное зондирование )

     Таҳқиқоти  фосилавӣ  ин усули ба даст овардани маълумот дар бораи объект ё падида бидуни иртиботи бевоситаи ҷисмонӣ бо ин объект мебошад. Таҳқиқоти  фосилавӣ як зермаҷмӯи ҷуғрофиёӣ мебошад. Ин истилоҳ ба маънои муосираш, асосан ба технологияҳои зеҳнии ҳавоӣ ё кайҳонӣ бо мақсади ошкор, гурӯҳбандӣ ва таҳлили объектҳои дар сатҳи замин буда, инчунин атмосфера ва уқёнус бо истифода аз сигналҳои паҳншаванда (масалан, радиатсияи электромагнитӣ) фаҳмида мешавад. Онҳо ба фаъол ва зеҳнии пассивии дурдаст тақсим мешаванд

Дастгоҳҳои фаъол дар навбати худ барои нусхабардорӣ (сканер) кардани объект ва фазо сигнал медиҳанд. Баъд аз сигнал додан сенсори  дастгоҳ қодир аст радиатсияеро, ки ҷисми ба ҳадаф гирифташуда мебарорад ё инъикос мекунад чен Намунаҳои сенсорҳои фаъоли таҳқиқоти фосилавӣ радар ва лидар мебошанд, ки таъхири вақтро байни интишор ва бақайдгирии сигнали баргардонида чен мекунанд ва ба ин васила ҷойгиршавӣ, суръат ва самти объектро муайян мекунанд.

 

Таҳқиқоти фосилавӣ дар соҳаҳои геология (масалан, идоракунии табиат), кишоварзӣ (истифода ва ҳифзи захираҳои табиӣ), амнияти миллӣ (мониторинги минтақаҳои наздисарҳадӣ) низ аҳамияти амалӣ дорад.

    Ҳамсафарони сунъии Замин инчунин бо мақсадҳои зерин низ истифода мешаванд:

          Телекоммуникатсия

       Телевизиони моҳворагӣ, интернет, алоқа ва ғайра.  Агар ретрансляторҳои гаронбаҳо дар мадори Замин намебуданд, тамошои телевизион танҳо дар наздикии манораҳои телевизионӣ ва алоқаю ва интернет бошад, танҳо тавассути кабелҳо имконпазир мебуд. Технологияҳои моҳворагӣ телекоммуникатсияро ба сатҳи баланд  бароварда, фарогирии тамоми қабати заминро бо пахши барномаҳои телевизионӣ хеле  осон карданд. Ба шарофати онҳо имрӯз дар гӯшаю канорҳои дурдасттарини кураи Замин бо ҷаҳон алоқа доштан мумкин аст.

Кишоварзӣ

   Мақсади дигари муҳимми ҳамсафарони сунъӣ назорат кардан ба парвариши маҳсулоти кишоварзӣ  дар майдонҳои калон мебошад. Маҳз ба шарофати видео ва аксҳои моҳворагӣ кишоварзон метавонанд вазъи ҳосили худро пайгирӣ  кунанд. Инчунин  ҳамсафарони сунъӣ имконият медиҳанд, ки обёрии киштзорҳо, сарзании сӯхтор, паҳншавии касалиҳои оммавии растаниҳо назорат карда шавад. Чунин назоратҳои моҳворагӣ имконият медиҳанд, ки кишоварзон аз замин ҳосили зиёд ва дилхоҳ ба даст оранд.  

     Ҳамсафарони сунъии Замин ва муҳофизати табиат

    Ҳамсафарони сунъии Замин манбаъи муҳими маълумот дар бораи сайёраи мо гардиданд. Ба воситаи онҳо олимон тавонистанд, ки ҳудуди воқеии минтақаҳои табиӣ, ҳолати рушд, хатари  нобудшавии ҷангалҳо, ҷазираҳои азими партови укёнус ва чизҳои дигареро, ки аз мадор беҳтар намоёнанд, бубинанд.  Ҳамсафарони сунъии Замин барои омӯхтан ва назорат кардани процессхои олами хайвонот низ истифода мешаванд. Маҳз ба шарофати онҳо инсоният дар бораи паҳншавии мушкилоти табиӣ, ба монанди хушксолӣ ё обхезӣ ва  дар бораи он ки процессхои муайяни саноатӣ ба табиат чӣ тавр таъсир мерасонанд, огоҳ мешавад.


       GPS (англ. Global Positioning System) - Cистемаи ҷойгиршавии ҷаҳонӣ

     GPS ин системаи навигатсионии моҳворагиест, ки масофа ва вақтро чен карда  макони ҷойгиршавии  объектҳоро  дар системаи ҷаҳонии координатӣ  муайян мекунад. Ба шумо имкон медиҳад, ки қариб дар ҳама вазъи обу ҳаво маконро дар ҳама ҷо (ба истиснои минтақаҳои қутбӣ) ва фазои назди заминӣ муайян кунед. Система аз ҷониби Вазорати мудофиаи ИМА таҳия ва татбиқ  шуда ва аз ҷониби он идора карда мешавад.  Системаи навигатсионии  GPS барои истифодаи шаҳрвандӣ дастрас аст ва барои истифодаи он ба шумо дастгоҳи қабулкунаки GPS навигатор ё дастгоҳи дигар смартфон лозим аст. Системаи навигатсионии  GPS низ бо истифода аз ҳамсафарони сунъии Замин амал мекунад.

      Мувофиқи маълумотҳо бо вазъияти   1 сентябри соли 2021, дар мадори Замин 4 550 моҳвораҳои  фаъол мавҷуд ҳастанд. Моҳвораҳои аз ҳама бештарро дар мадор ИМА, ки шумораашон ба  2804 адад мерасад ва ин зиёда аз нисфи шумораи умумии моҳвораҳоро  ташкил медиҳад. Дар ҷои дуввум Чин бо 467 моҳвора ва дар ҷои севум Бритониёи Кабир бо 349 моҳвора қарор доранд.

Ҷолиб он аст, ки 75 кишвари ҷаҳон дар мадори Замин ҳадди аққал як моҳвора доранд. 63 фоизи радифиони маснуъ  барои алоқа, 22 фоизаш барои мушоҳидаи Замин ва 7 фоизаш барои коркарди технологияи нав мебошад. Зиёда аз 3000 моҳвора дар мадори пасти Замин қарор доранд, ки маъмулан дар он ҷо моҳвораҳои  алоқавӣ  ва моҳвораҳои тадқиқи фосилавии Замин ҷойгиранд. Ба моҳвораҳои геостатсионарии Замин бошад565 моҳвора рост меояд.

 

 

Адабиётҳо

1.      https://www.mozaweb.com/ru/Extra-3D_sceny-Tipy_iskusstvennyh_sputnikov-47104

2.      https://mirax.space/solnechnaya-sistema/sputnik-zemli

3.      https://online.mephi.ru/courses/physics/osnovi_mehaniki/data/lecture/5/p6.html

4.      https://ru.wikipedia.org/wiki/Астрономический_спутник

5.      https://bigenc.ru/physics/text/4727212

6.      https://www.4glaza.ru/articles/biosputniki/

7.      https://enciklopediya-tehniki.ru/biologicheskiy-iskusstvennyy-sputnik.html

8.      https://сезоны-года.рф/метеоспутник.html

9.      https://ru.wikipedia.org/wiki/Военный_спутник

10.  https://hi-news.ru/eto-interesno/cto-takoe-voennye-sputniki.html

11.  https://ru.wikipedia.org/wiki/Спутниковая_система_навигации

12.  https://www.gdemoi.ru/blog/gps-glonass-gnss/

13.  https://ru.wikipedia.org/wiki/Дистанционное_зондирование_Земли

2023-05-02 09:42:53

ТАҲДИД АЗ ОСМОН

Таҳдид аз осмон (хатари бархурди кометаву астероидҳо)

Ҷаҳони муосир зери хатарҳои зиёди табиӣ ва сунъӣ қарор дорад. Дар байни онҳо хавфи ба Замин афтидани ҷирмҳои осмонӣ, аниқтараш чирмҳои хурди Системаи офтобӣ мавҷуд аст. Ин љирмњо одатан вобаста ба андоза ва хосиятњояшон ба чанги байнисайёравї, метеороидњо, астероидњо ва кометањо људо мешаванд. Параметри асосӣ, ки аз рӯи он ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ тасниф карда мешавад, андозаи онҳо аст.

Ҳар як ҷирми хурди Системаи офтобӣ (чанги байнисайёравӣ, метеороидҳо, астероидҳо ва кометаҳо) дар вақти ҳаракати худ дар фазои коинот ба Замин наздик шуда, ба Замин афтода метавонанд.



Расми 1. Андозаи ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ

Ҳар як ҷирми хурд дар вақти ҳаракати худ дар фазои Кайҳон ба Замин наздик шуда, ба он метавонад, афтад. Албатта, афтидани чанги кайхонӣ, яъне заррачаҳо аз субмикрон то андозаи субмиллиметрӣ ба Замин ягон таҳдиди ҳақиқӣ намеоваранд ва умуман ба сайёраи мо таъсири калон намерасонанд. Сарфи назар аз он ки дар матбуот дар бораи «вазнин шудан» - и сайёраи мо зуд-зуд хабар дода мешавад. Афзоиши массаи он аз сабаби аз Кайҳон афтидани моддаҳо дар айни замон ночиз аст. Баҳисобгирии воридшавии моддаҳои метеорӣ дар ҳудуди 10-300 ҳазор тонна дар як сол (зиёда аз як миллион сол радиуси Замин ба ҳисоби миёна танҳо тақрибан 1 мм меафзояд!) аст.

Ҷирмҳои калонтар - метеороидҳо (андоза то ~ 30 м) дар бархӯрд бо Замин ҳамчун метеорҳо ва болидҳо дар атмосфера зоҳир мешаванд. Баъзе метеороидҳо то сатҳи Замин омада мерасанд, ки дар он ҷо ҳамчун метеоритҳо пайдо мешаванд. Хавфи афтидани метеоритҳо ба Замин барои аҳолӣ ночиз аст, зеро бархурди бевоситаи метеорит ба одам ниҳоят кам ба амал меояд ва хисороти афтидани метеорит ба Замин дар муқоиса хеле ночиз аст. Ҳамин тавр, на микрозаррачаҳо (чангӣ кайҳонӣ) ва на метеороидҳои калон ҳангоми ба Замин афтодан ба тамаддуни башар хавфи чиддӣ надоранд. Хавфи воқеӣ ба инсоният бархӯрди хатарнок бо астероидҳо (андозааш зиёда аз 30 м) ва кометаҳо (андозааш аз ~ 3 км ва бештар аз он) мебошад. Маҳз ҳамин таҳдид маънои мафҳуми хатари кометаву астероидҳоро ташкил медиҳад. Дар ҷадвали 1 натиҷаҳои эҳтимолии бархурдани ҷирмҳои хурди Системаи офтобиро бо Замин нишон медиҳад.

Ҷадвали 1


Натиҷаи бархӯрди ҷирмҳои хурд бо Замин

Ҷирм

Андозаи ҷирм (D)

Натиҷаи афтиш ба Замин

Чангчаҳо

<0,1 см

Дар атмосфера месӯзад

Метеороид

0,1 см < D < 0,5 см

Дар атмосфера месӯзад

0,5 м < D < 30 см

Ба Замин омада мерасад (метеорит)

>30 м

Фалокати маҳаллӣ

Астероид

(комета)

>100 м

Фалокати минтақавӣ

>1 км

Фалокати глобалӣ

10 км

Нестшавии тамаддуни башар

 

 Астероид ин як сайёраи хурдест, ки дар атрофи Офтоб бо мадори эллиптикӣ ҳаракат мекунад ва аз ҳашт сайёраи бузурги Системаи офтобӣ бо андозаи хурдаш фарқ мекунад. Калонтарин астероидҳо дорои диаметри Серера - 770 км, Паллас - 490 км, Веста - 420 км, Юно - 200 км мебошанд. Шумораи умумии астероидҳое, ки бо воситаҳои техникии ҳозиразамон мушоҳида карда шудаанд, қариб 100 ҳазорро ташкил медиҳанд. Аксари астероидҳо дар байни мадорҳои Миррих ва Муштарӣ ҷойгиранд. Онҳо шакли номунтазам доранд ва даври гардиши онҳо дар атрофи меҳварҳои худ аз 2 то 17 соатро ташкил медиҳад. Ҳаракати астероидҳо дар атрофи Офтоб дар ҳамон самт бо ҳаракати сайёраҳои калон ба амал меояд, вале эксентриситет ва моилии мадори онҳо ба ҳисоби миёна хеле калонтар аст. Аз рӯи сохти худ астероидҳо се намуд мешаванд: оҳанӣ, асосан аз хӯлаи оҳану никел бо омехтаи ками моддаҳои дигар; сангӣ оҳанӣ, ки ба хисоби миёна 50 фоизи оҳану никел ва 50 фоизи маъданҳои силикатӣ; сангӣ, ки асосан аз силикат бо омехтаи охану никел иборат аст. Ба шумораи зиёди астероидҳо, эҳтимолияти бархӯрди онҳо бо ҳамдигар нисбатан баланд аст. Бархӯрди астероидҳои нав, метеороидҳо ва чанги кайҳониро ба вуҷуд меоранд ва нобуд шудани астероидҳо низ мушоҳида мешаванд. Бархӯрди астероидҳо бо Замин низ имконпазир аст.

Сабаби ин ноустуворӣ ҳаракати астероидҳо мебошад, зеро ҳаракати онҳо дар чунин минтақаи фазои гирду атрофи Офтоб ба амал меояд, ки он дар фосилаи дуру дароз устувор буда наметавонад. Дар зери таъсири сайёраҳо мадори астероидҳо доимо тағйир меёбанд, ки дар натиҷа мадори онҳо давра ба давра бо мадори Миррих, Замин ва дигар сайёраҳо бурида мешавад. Ҳангоми буриши мадорҳо хавфи ҳақиқии бархурд ё наздик шудани астероид ба сайёраҳо ба амал меояд.

Дар айни замон тақрибан 7000 астероидҳои ба Замин наздикшаванда кашф карда шудаанд, ки тақрибан 800-тои онҳо андозаашон аз 1 км зиёд аст. Ба астероидҳои эҳтимолан хатарнок ҷирмҳое дохил мешаванд, ки ба мадори Замин ба масофаи такрибан 7,5 миллион километр наздик мешаванд.

Кометаҳо яке аз ҷирми хурди Системаи офтобӣ буда гоҳ-гоҳ дар осмон дар шакли ҷирми туманнок нисбат ба ситораҳо ҳаракаткунанда мушоҳида мешавад. Андозаи кометахо дар аксар маврид аз 50 киллометр зиёд нест, балки ба садхо километр мерасад. Масалан, диаметри кометаи Хирон тақрибан 150 километр аст.

Дар вақти ҳаракат дар атрофи Офтоб сохторҳои зерини кометаҳо фарқ карда мешаванд: кома, ки бо газу чанг атрофи ҳастаро иҳота кардааст; думи газе, ки ба самти муқобили Офтоб нигаронида шудааст; Яке аз  хусусиятҳои фарқкунандаи дигари комета инҳоянд:

- кометаҳо бо мадорҳои эллиптикии тӯлкашида шуда (наздик ба парабола) ҳаракат мекунанд, ки дар натиҷа онҳо аксар вақт ба сайёраҳо наздик шуда ҳатто бармехӯранд. Мисоли ин дар соли 1994 бархӯрди комета Шюмейкер-Леви бо Муштарӣ мебошад. Ҳисобҳо нишон доданд, ки пеш аз кашф 7 июли соли 1992 комета аз қабати абрии Муштарӣ гузашта бо таъсири қувваҳои маддӣ он ба 21 пораи ҷудогона, то 2 км паҳноӣ тақсим шуд, ки пораҳо бо масофаи 200 ҳазор километр тӯл кашиданд. Дар баробари ин кометаҳои кӯтоҳдавр низ ҳастанд, ки даври ҳаракати онҳо дар атрофи Офтоб аз 200 сол зиёд нест ва онҳо бо мадорҳои эллиптикӣ бо эксентриситетҳои муътадил харакат мекунанд;


Расми 2. Кометаи Шумекерҳо Леви

- дар ҳастаи кометаҳо миқдори зиёди моддаҳои зудгудоз мавҷуданд. Барои ҳамин ҳангоми ба Офтоб наздик шудани комета ин гуна моддаҳо бухор мешаванд ва дар атрофи ҳаста минтақаи туманнок ба вуҷуд меояд, ки кома ном дорад. Якҷоя бо молекулаҳои сатҳи ҳастаи комета ба кома микдори зиёди зарраҳои чангии хурди органикӣ ва ғайриорганикӣ бурда мешавад. Дар зери таъсири фишори нурҳои Офтоб ва шамоли офтобӣ зарраҳои чангӣ ва молекулаҳои газ ба самти мукобил аз Офтоб бурда шуда, думи кометаро ташкил медиҳанд. Андозаи миёнаи кома кариб 100 ҳазор км ва дарозии думи кометаҳо то 150 млн км аст;

- дар натиҷаи бухоршавии моддаҳои зудгудоз дар сатҳи ҳаста ​​фишори реактивӣ ба амал меояд, ки ин боиси тағйир ёфтани ҳастаи комета мегардад;

- ҳастаи кометаҳо ноустуворанд. Даврӣ дар баъзе аз қисми онҳо афзоиши дурахшонӣ, ҷудошавии пораҳои хеле муҳим ва дар баъзе кометаҳо, ҳастаҳо комилан нобуд мешаванд.

Гарчанде ки кометаҳо барои Замин назар ба астероидҳо хатари камтар доранд, вале ба Замин афтодани онҳо хеле воқеӣ аст. Далели ин ҳодиса Тунгуск мебошад, ки онро бархӯрд бо комета маънидод мекунанд ва шумораи зиёди кратерҳои зарбавӣ дар сатҳи Замин, ки ба гуфтаи олимон, далели бархӯрд бо кометаҳо мебошанд.

Характер ва дараҷаи оқибатҳои ба Замин афтодани ҷирмҳои осмонӣ ба энергияи бархурд вобаста аст. Дар ҷадвали 2 омилҳои зарароваре нишон дода шудааст, ки дар вақти бархӯрд ба амал меояд.

Ҷадвали 2

Омилҳое, ки дар натиҷаи ба Замин афтидани ҷирмҳои осмонӣ ба вуҷуд меоянд

Омилҳои зарбавӣ

Табиати таъсир

Давомнокии

таъсир

Миқиёси

таъсир

Энергияи

Бархурд, Мт

Чанг дар атмосфера

«зимистони ҳастаӣ»

солҳо

глобалӣ

> 105

қатъи фотосинтез

моҳҳо

глобалӣ

> 106

торикии пурра

моҳҳо

глобалӣ

> 107

Оташҳо

сухтор,

дуд

соатҳо

маҳаллӣ

< 104

моҳҳо

минтақавӣ

>106

моҳҳо

глобалӣ

>107

Оксидҳои нитроген

боронҳои кислотагӣ

рӯзҳо

маҳаллӣ

>10

моҳҳо

минтақавӣ

> 103

камшавии қабати озонӣ

солҳо

глобалӣ

> 105

Мавҷи зарбавӣ

харобиҳои механикӣ

дақиқаҳо

маҳаллӣ

< 104

соатҳо

минтақавӣ

>107

Сунамӣ

харобиҳои механикӣ

соатҳо

минтақавӣ

> 104

Партофтҳои об ва гази карбон

гармшавии иқлим

садсолаҳо

глобалӣ

> 104

          Ба сатҳи Замин афтодани чанги кайҳонӣ, чунон ки дар боло қайд карда шуд, аслан ночиз мебошад. Метеороидҳо бо андозаҳои 1-3 м дар баландии 25-45 км нобуд мешаванд ва дар рӯи Замин оқибатҳои ҷиддӣ намеоваранд. Ҷирмҳои осмонии ҳаҷмашон калон, аз ҷумла астероидҳо ва кометаҳо, махсусан ҷирмҳои оҳание, ки танҳо 67 % - и ҳамаи ҷирмҳои ба Замин афтандаро ташкил медиҳанд, сохти онҳо, хусусияти наздик шудан ба Замин, омилҳои гуногуни харобкунанда (мавҷи зарбавӣ, импулси рӯшноӣ, ташаккули кратерҳо, дар минтақаҳои биёбонӣ баланд шудани чанг, эффектҳои сейсмикӣ, сунамӣ ва ғайра) ба вуҷуд меоранд.

Ҷадвали 3

Фавт аз бархурди ҷирмҳои осмонӣ

Навъи ҳодиса

Диаметр

Энергия, Мт

Фосилаи маъмулии таъсир (сол)

Миқдори

марг

Харобиҳо дар атмосфера

< 50 м

< 9

-

~ 0

Бархурд ба монанди ҳодисаи Тунгуск

50 - 300 м

9 - 2*103

250

5*103

Ҳодисаи бузурги минтақавӣ

300 - 600 м 300 - 1,5 км 300 - 5 км

2*103-1,5*104 2*103-2,5*105 2*103 -107

3,5*104

2,5*104

3*105

5*105

1,2*106

Ҳадди пасти рӯйдодҳои глобалӣ

> 600 м

1,5*104

7* 104

1,5*109

Ҳадди миёнаи рӯйдодҳои глобалӣ

> 1,5 км

2*105

5*105

1,5 *109

Ҳадди баланди рӯйдодҳои глобалӣ

> 5 км

107

6*106

1,5*109

Ҳодисаҳои нодир

> 10 км

108

108

5*109

 

 

Теъдоди ҷирмҳои маълуме, ки ба Замин наздик мешаванд, аз ҷумла ҷирмҳои эҳтимолан хатарнок, тибқи маълумоти НАСА, то 1 июни соли 2010, 7083 астероид аз он ҷумла 85 комета инчунин 1125 ҷирмҳои эҳтимолан хатарнок мебошад. Аз ин шумора 145 – то ҷирми эҳтимолан хатарнок бо андозаи зиёда аз 1 км ба қайд гирифта шудааст. Ҳамаи ин ҷирмҳои осмонӣ, мадори онҳо назорат шуда, хавфи бархурдани онҳо бо Замин баҳо дода мешавад. Барои арзёбии хатари бархурдани астероидҳо ва кометаҳо бо Замин дар асри XXI ҷадвали махсус [Ҷадвали Турин, (Туринская шкала)] таҳия шудааст (Ҷадвали 5).

Дар асоси таҳияи ҷадвали Турин ду омили асосӣ, ки арзёбии хатарро муайян мекунанд, асос ёфтааст: эҳтимолияти бархӯрд ва энергияи кинетикии он. Энергияи кинетикии бархӯрд бо эквиваленти мегатон тротил ифода шудааст, ки дар ҳудуди аз 1 то 10 Мт тағйир меёбад. Ҳадди поёнӣ ба ҷирмҳои диаметрашон такрибан 20 м мувофиқ меояд. Ҷирмҳои хурдтар аз рӯи қоида дар атмосфера тамоман нобуд шуда, ба Замин таҳдид намекунанд. Аз ин рӯ, ҳама рӯйдодҳои дорои энергияи камтар аз рӯи ҷадвали Турин баҳои 0 гузошта мешавад. Ҳудуди болоӣ аз рӯи миқдори энергияе муайян карда мешавад, ки боиси нобудшавии оммавии намудҳои мавҷудоти зинда дар  Замин мегардад.

Ҷадвали Турин барои баҳодиҳии хатари бархӯрди астероидҳо ва кометаҳо бо Замин дар асри XXI.

Набудани хатар

0

Эҳтимолияти рӯйдод сифр ё қариб сифр аст. Ин категория инчунин барои ҷирмҳои хурд - метеороидҳо, ки дар атмосфера сӯхта мешаванд, инчунин барои афтидани метеоритҳои нодир, ки одатан зарар намерасонанд, истифода мешаванд.

Ҳодисаҳои оддӣ

1

Гузариши муқаррарии ҷирм наздик ба Замин, ки ҳеҷ гуна сатҳи баландтари хатарро ифода намекунад. Ҳисобҳо нишон медиҳанд, ки бархӯрд бениҳоят ғайри имкон аст. Барои таваҷҷуҳи мардум ба ин ҳодиса ва нигаронӣ ҳеҷ асосе нест. Мушоҳидаҳои нави телескопӣ эҳтимолан ба паст шудани он оварда расонанд.

Ҳодисаҳое, ки сазовори диққатанд

2

Кашфи ҷирме, ки хело наздик ба Замин мегузарад, гарчанде ки ба таври ғайриоддӣ наздик набошад ҳам, сазовори таваҷҷуҳи астрономҳост, аммо барои нигаронии мардум ҳеҷ асосе нест, зеро эҳтимоли бархӯрд кам аст.

3

Наздикшавии зиёд, таваҷҷӯҳи астрономҳоро ба худ ҷалб мекунад. Ҳисобҳо эҳтимолияти бархӯрдро, ки метавонад боиси харобшавии маҳаллӣ гардад, 1% ё бештар аз он медиҳад. Эҳтимол дорад, ки мушоҳидаҳои нави телескопӣ боиси аз нав баҳодиҳии хатар мегарданд. Таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомот дуруст аст, агар то бархӯрд камтар аз даҳ сол боқӣ монда бошад.

4

Наздикшавии зиёд, таваҷҷӯҳи астрономҳоро ба худ ҷалб мекунад. Ҳисобҳо эҳтимолияти бархӯрдро, ки метавонад боиси харобшавии минтақавӣ гардад, 1% ё бештар аз он медиҳад. Эҳтимол дорад, ки мушоҳидаҳои нави телескопӣ боиси аз нав баҳодиҳии хатар мегарданд. Таваҷҷуҳи ҷомеа ва мақомот дуруст аст, агар то бархӯрд камтар аз даҳ сол боқӣ монда бошад.

Ҳодисаҳои хавнок

5

Наздикшавии зиёд, ки хатари ҷиддӣ, вале ҳанӯз ҳам шубҳанокии харобиҳои минтақаро ба бор меорад. Диққати астрономҳо барои ба даст овардани маълумоти эътимодбахш, истисно ё тасдиқи эҳтимолияти бархӯрд зарур аст. Агар то бархӯрди эҳтимолӣ камтар аз даҳ сол боқӣ монда бошад, мумкин аст ба нақша гирифтани амалҳои ҳукуматҳо барои ин ҳодиса асоснок бошад.

Ҳодисаҳои бешубҳа рӯйдиҳанда

6

Наздикшавии зиёд бо ҷирми калон, ки хатари ҷиддӣ, вале ба ҳар ҳол шубҳаноки фалокати глобалиро ифода мекунад. Диққати астрономҳо барои ба даст овардани маълумоти эътимодбахш барои истисно ё тасдиқи эҳтимолияти бархӯрд зарур аст. Агар то бархӯрди эҳтимолӣ камтар аз се даҳсола боқӣ монда бошад, метавонад ба нақша гирифтани амалҳои ҳукуматҳо барои ин ҳодиса асоснок бошад.

 

7

Наздикшавии хело зиёди ҷирми бузург ба Замин, ки дар замони мо бесобиқа аст, аммо ҳанӯз ҳам хатари фалокати глобалиро комилан муайян намекунад. Барои чунин вокеа дар давоми асри XXI банақшагирии байналмилалӣ метавонад асоснок карда шавад, махсусан барои зарурати фаврии ба даст овардани далелҳои қатъӣ барои рад ё тасдиқи эҳтимолияти бархӯрд.

 

8

Бархӯрди хело пешгӯи нашаванда, ки метавонад ҳангоми бархӯрд дар хушкӣ ё ба уқёнус афтодан сунамӣ дар наздикии соҳилҳо зарари маҳаллӣ расонад. Ба Замин афтодани чунин ҷирмҳо дар 250-1000 сол рӯх медиҳад.

 

9

Бархурди хело пешгӯи нашаванда, ки метавонад боиси харобиҳои бесобиқаи минтақавӣ шавад, агар он ба Замин бархӯрад ё сунамии азимро ба вуҷуд орад, агар он ба уқёнус афтад. Ба Замин афтодани чунин ҷирмҳо дар 10000-100000 сол рӯх медиҳад.

 

10

Бархӯрди хело пешгӯи нашаванда, ки метавонад як фалокати глобалии иқлимро ба вуҷуд орад, ки метавонад ба ояндаи тамаддуни башар, тавре ки мо медонем, таҳдид кунад. Бархурди чунин ҷирмҳо ба Замин дар 100 000 сол ё камтар аз он рӯх медиҳад.

 

Дар охири моҳи декабри соли 2004 баҳои баландтарин дар ҷадвали Турин баробар ба 4 ба астероиди 2004 MN4 дода шуд, ки баъдтар рақам (99942) ва номи Апофис гирифт, ки таваҷҷуҳи ҳам мутахассисон ва ҳам ҷомеаро ба худ ҷалб кард. Диаметри астероид тақрибан 400 метрро ташкил медиҳад.Мувофиқи ҳисобҳо 13 апрели соли 2029 астероид дар масофаи 38 ҳазор километр аз Замин мегузарад. Барои заминиён чунин гузариши наздики чирмҳои осмонӣ чандон хатарнок нест, ба истиснои Истгоҳҳои байналмилалии кайҳонӣ, ки метавонад аз мавҷҳои ҷозибавӣ осеб бинанд. Аммо оқибатҳои парвози он метавонад хатарнок бошад. Барои астероидҳое, ки ба Замин наздик мешаванд, дар зери таъсири ошубӣ майдони ҷозибаи сайёраҳо тағйироти калони элементҳои мадор ба амал меояд, ки баъдан ҳангоми гузариши навбатии астероид дар наздикии Замин, соли 2036 метавонад боиси бархӯрди он гардад.

Аммо оқибатҳои парвози он метавонад хатарнок бошад. Барои астероид, ки ба Замин наздик мешавад, дар зери таъсири ошуби майдони ҷозибавии сайёра тағйироти калони элементҳои мадор ба амал меояд, ки баъдан ҳангоми гузариши навбатии астероид соли 2036 наздик ба Замин метавонад боиси бархӯрди онҳо гардад. Аз ин лиҳоз, дар даҳсолаҳо ва ҳатто асрҳои наздик ин астероид манбаи таҳдиди доимии Замин хоҳад буд, то он даме, ки бархӯрд рух диҳад ё ошуби асрии перигелий ва гиреҳҳои мадор гиреҳи фарози онро дар эклиптика ба қадри кофӣ аз мадори Замин дур созад.

Илова ба астероиди Апофис, аз моҳи феврал то майи соли 2006, астероиди (144898) 2004 VDI7 ба далели бархӯрди эҳтимолӣ бо Замин дар соли 2102 аз рӯи ҷадвали Турин баҳои 2 дошт. Пас аз мушоҳидаҳои дақиқтари астероид, ин ҳисоб дар ниҳоят ба сифр коҳиш ёфт.

Айни замон астероиди 2007 UK аз рӯи ҷадвали Турин баҳои 1 дорад. Дар солхои 20482057 вай ба Замин чор маротиба наздик мешавад ва тахмини умумии эхтимолияти бархурд 3,4-104 мебошад.

Инчунин астероид (29075) 1950DA, ки диаметраш 1,1 км буда, 16 марти соли 2880 ба қадри кофӣ ба Замин парвоз мекунад, қобили таваҷҷӯҳ аст. Параметрҳои он дар асоси натиҷаҳои мушоҳидаҳо доимо такмил дода мешаванд.

Ва ҳол он ки бузургтарин хатари кометаву астероидҳо ба Замин ин астероидҳо ва кометаҳои кашфнашуда ба сайёра мебошанд. Ҷирмҳои мазкур мушоҳида карда шуда, мадори онҳо ва вақти наздик шудан дар масофаи кӯтоҳ аз Замин ҳисоб карда мешаванд, ки имкон медиҳад чораҳои эхтимолии пешгирӣ кардани бархурд имконпазир гардад.

Оё бархурдани ҷирмҳои осмониро ба Замин пешгирӣ кардан мумкин аст? Фикр мекунам, ҳа. Фаҳмиши афзояндаи моҳияти хатари кометаву астероидҳо, махсусан пас аз кашфи астероиди Апофис дар соли 2004 ва ҳолати кунунии он ҳоло як методологияи муайяни ҳалли пайвастаи мушкилоти хатари кометаву астероидҳо ташкил додааст. Ин методологияи пешниҳодшуда ба тақсимоти оқилонаи мушкилоти хатари кометаву астероидҳо дар маҷмӯъ ба се ҷузъ асос ёфтааст:

–ошкор ва мониторинги ҷирмҳои эҳтимолан хавфнок ва таҳдидкунанда;

- интихоби чораҳои муқовимат;

- расонидани чораҳои муқобил ба ҷирми таҳдидкунанда.

Қисми якум ва мушкилоти марбут ба он ҳоло дар марҳилаи ҳал қарор доранд. Кори ба вуҷуд овардани системам назорати ҷирмҳои осмонии ба Замин хавфнок давом дорад, ки 90% - и тамоми ҷирмҳои наздики Заминро, ки калонтар аз 140 метрро ташкил медиҳанд, ба каталогҳо дохил карда шаванд.

Айни замон ягон расадхона рӯзона мушоҳида карда наметавонад ва онҳо на ҳамеша шабона парвоз мекунанд.

Инкишофи фаъолият дар ду самт хеле суст аст. Ду усули муборизаи фаъолона ба таҳдиди кометаву астероидҳо мавҷуд аст: несту нобуд кардани (пора-пора) ҷирми таҳдидкунанда ва аз мадор баровардани ҷирм, ки боиси ба Замин бархурдани он мегардад.

Усули нобудкунӣ, ба таври кофӣ пурра нест кардани ҷирми хурди осмонӣ ва ба метеороидҳо табдил додани онҳоро дар бар мегирад, ки аз онҳо атмосфераи Замин ҳамчун муҳофизӣ хуб хизмат мекунад. Равшан аст, ки дар ин маврид андозаи пораҳои алоҳидаи ҷирми харобшуда набояд аз чанд метр зиёд бошад. Усули алтернативии мубориза усули акибнишинӣ тағир додани мадори ҷирмро, ки боиси бархурд ба Замин мегардад, ба масири дигаре, ки дар масофаи бехатар аз Замин давр мезанад, пешбинӣ мекунад.

Шумораи зиёди роҳҳои мушаххаси мубориза бо ҷирмҳои таҳдидкунанда пешниҳод карда шудаанд:

- истифодаи таркиши ҳастаӣ;

- зарбаи кинетикӣ;

- кашиши ҷозибавӣ;

- истифода бурдани шитобдиҳандаи реактивии ракетавӣ, ки дар сатҳи астероид гузошта шудаанд;

- аз сатҳи астероид мақсаднок баровардани моддаҳо (масалан, аз ҳисоби истифодаи энергияи Офтоб);

- тағйир додани мадори астероид бо роҳи тағйир додани таъсири фишори Офтоб (рӯйпуш кардани астероид бо истифода аз моддаҳои пластикӣ ё ранг);

- бо моддаи махсус пушондани ҷирм барои тағир додани мадор бо ёрии эффекти Ярковский;

- бевосита ба астероид гузоштани бодбони офтобӣ;

- эҷоди абри зарраҳо ё ҷирмҳои хурд дар роҳи ҷирми таҳдидкунанда барои суст кардани он.

Ҳамаи ин усулҳо ба таъсири энергия ба ҷирми осмоние, ки ба Замин наздик мешаванд, мувофиқи ду стратегияи ба таври диаметралӣ мухолиф асос ёфтаанд. Усули якум (ба истилоҳ "боздошт") дар ҳоле пешниҳод карда мешавад, ки ҳангоми набудани вақти кофӣ истифода шаванд. Он таъсири пурқувват, вале кӯтоҳмуддати қувваро ба ҷирми таҳдидкунанда таъмин мекунад. Натиҷаи чунин таъсир ба пора-пора шудани ҷирм ба ҳолати сели метеорӣ ва ё дигар кардани масири ҳаракати ҷирми мазкур мебошад. Усули дуюм («маневр» ё «бозгашт») афзалтар аст, агар вақти кофӣ мавҷуд бошад (ҳадди ақал як ё якчанд даври гардиши ҷирми осмонӣ дар атрофи Офтоб). Он аз таъсир ба ҷирми қувваи хеле хурдтар иборат аст, аммо барои муддати тӯлонӣ амал мекунад. Натиҷаи бечунучарои он бояд аз масири бархурд ба Замин баровардани ҷирм бошад.

Истифодаи усулҳои алоҳидаи мубориза зидди хавфи кометаву астероидҳо асосан аз рӯи вақти иҷрои тамоми амалиёт, яъне фосилаи вақти байни қабули қарор дар бораи муқобилият ва вақти тахминии бархурдани ҷирми хавфнок ба Замин (t) муайян карда мешавад. Тибқи ин меъёр, якчанд марҳилаҳои вақт ҷудо карда мешаванд, ки дар интихоби воситаҳои техникии чораҳои муқобилият фарқ мекунанд. Албатта, сарҳадҳои байни ин марҳилаҳо шартан буда, асосан бо имкониятҳои чораҳои муқобилият ва хусусиятҳои ҷирми хатарноктарин муайян карда мешаванд.

Марҳилаҳо инҳоянд:

1)               t<1 соат. Ин ба масофаҳои аз Замин якчанд даҳҳо хазор километр бо суръати ҷирми 20 км/с ва аз он зиёдтар мувофиқ аст. Дар ин марҳила, аз ҳама мувофиқтарин таъсир ба ҷирм бо усули масофагӣ аст, то он пурра нобуд карда шавад ё ба порачаҳои хурд тақсим карда шавад.

2)               1 соат ӯз. Дар ин марҳила, пурра несту нобуд ё пароканда кардани ҷирм низ зарур аст. Ин ҳам бо усули масофагӣ ва ҳам бо роҳи нест кардани ҷирми хавфнок бо ёрии заряди ҳастаӣ, ки ба ракетаи рафъкунанда гузошта шудааст, ба даст овардан мумкин аст. Бо андозаи хурди ҷирм, нобуд кардани он инчунин тавассути зарбаи кинетикии худи мушаки боздошткунанда имконпазир аст.

3)               1 рӯз < t < 40 рӯз. Дар ин марҳила ба мақсад мувофиқ аст, ки барои несту нобуд кардани ҷирм аз чорахои зидди ракетавӣ истифода бурда шавад. Ракетахои рафъкунанда хам дар сатҳи Замин ва ҳам дар мадори наздикии Замин ҷойгир шуда метавонанд.

4)               40 руз < t < 1 сол. Бо ин гуна мухлат пешгирӣ на танхо нест кардани объекти хавфнок, балки бо яке аз усулхои дар боло зикршуда аз масири бархурд ба Замин дур шудани он низ имконпазир аст.

5)               t >1 сол. Дар ин сурат тағйир додан ва идорашавандаи мадори чирмҳои осмонии хавфнок имконпазир аст. Усули дур кардан аз ҳама бештар афзалтар аст.

Умед кардан мумкин аст, ки инсоният аз муаммоҳои хатари кометаву астероидҳо ба ташвиш афтода, халли масъалахоеро, ки ба пешгири кардани бархурди эҳтимолии ҷирмҳои осмонӣ ба Замин алоқаманданд, метезонад.

 

Сафаров С.Н.

Ходими хурди илмии

Институти астрофизикаи АМИТ

 

 

 

Адабиётҳо

1.  Астероидно-кометная опасность: вчера, сегодня, завтра / под ред. Шустова Б.М., Рыхловой Л.В. - М., Физматлит, 2010, 384 с.

2. Угроза с неба: рок или случайность / под ред. Боярчука А.А. - С., Космоинформ, 1999, 220 с.

3.  Н. Веденеева. Звёздные войны: Россия начинает и выигрывает? МК от 8 ноября 2010 г. № 246 (25493).

2023-02-24 17:55:33

Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович

Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович

15.10.1930 –  10.02.2023

Инстиути астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бюрои Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникии  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  бо андўҳи бузург хабар медиҳанд, ки рўзи 10-уми феврали соли 2023  олими шинохтаи тоҷик ва ҷаҳон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Бобоҷонов Пўлод Бобоҷонович  аз олам даргузашт.

Бобоҷонов Пўлод  15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа (Истаравшани имрўза) таваллуд шудааст. Ў хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберги Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1950-53) мебошад. Фаъолияти илмиашро дар Институти астрофизикаи Академияи фанҳои РСС Точикистон (имрўз- Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, АМИТ)  оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии Расадхонаи астрономии Сталинобод  (1954) ва мудири Шўъбаи астрономияи метеорҳо  (1958) кор кардааст. Солҳои 1959-71 дар вазифаи директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон, солҳои 1971—1984 ректори Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, (имрўз-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) солҳои 1984—1993 ноиби Президенти Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон, 1992—2002 директори Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият  кардааст. Аз соли 2003 то инҷониб вазифаи мушовири Раёсати Академияи миллии илмҳои  Тоҷикистон  ва ҳамзамон мудири Шўъбаи астрономияи метеорҳои Институти астрофизикаи  АМИТ- ро ба зимма дошт. Таҳқиқоти  илмии Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи  метеорҳо бахшида шудааст. Ў таҳқиқотро дар сохт ва пайдоиши селҳои метеорӣ, ошкор намудани хусусиятхои тақсимоти мадори метеороидҳо дар фазои байнисайёравӣ ба тавсиб расонидааст. Пӯлод Бобоҷонович 400 ассотсиатсияҳои метеорҳоро ва 20 сели нави метеориро кашф карда, якчанд ҳазор мадори онҳоро дар фазои байнисайёравӣ қайд кардааст.

    Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи  АМИТ асбоби  нозири – метеорҳо сохта шудааст, ки он ба усули нави мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии  метеорҳо асос гузошт.

         Пӯлод Бобоҷонов дар баробари анҷом додани таҳқиқоти илмӣ, ҳамчунин бо фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шудааст. Муаллифи беш аз 10 монография ва зиёда аз 400 кори илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Пӯлод Бобоҷонов узви Иттифоқи байналхалқии астрономӣ (1961), Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии Британияи Кабир (1994), Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон (2000), бюрои комиссияи «Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ»-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ ва солҳои 1985—1988 Президенти ин комиссия  таин гардидааст. Ӯ дар тӯли зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналмилалии астрономӣ ва ҳамоишу конференсияҳои ба ҷирмҳои хурди ба Системаи офтобӣ бахшида шуда (дар Иттиҳоди Шўравӣ, ИМА,  Британияи Кабир, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия, Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат варзида бо натиҷаҳои нави илмӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Барои саҳми калони П.Б.Бобоҷонов дар илми астрономия,  Иттифоқи байналмилалии астрономӣ ба сайёраи нави 7164 номи ўро, яъне  «Babadzhanov»-ро додааст.

     Бобоҷонов П.Б. дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино  (1977), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ (2003), Ҷоизаи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Ситораҳои Иттиҳод» (2009) буда, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳои ба номи С.И.Вавилов (1977), «Ветерани меҳнат», “Аълочии маорифи халқ” (1973), 2 ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарфароз гардидааст.

         Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи ўро дар рушди илми ватанӣ ба эътибор гирифта, ӯро бо мукофотҳои давлатии “Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1994) сарфароз  намудааст.  

           Олимони  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,  ҳамкорон ва шогирдон аз марги академик Бобоҷонов Пўлод Бобоҷонович сахт андўҳгин буда, он касро ҳамчун олими намоён, шахси инсондўст, дўсти меҳрубон, ҳамсўҳбати ҳозирҷавоб фаромўш  нахоҳанд кард.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )