
ҶАШНИ РӮЗИ АСТРОНОМӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
2023-05-11 09:42:43
ҶАШНИ РӮЗИ АСТРОНОМӢ ДАР ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Ҷомеаи љаҳонӣ ҳамеша ба илмҳои дақиқ ниёз дорад. Илмҳои даќиќ
исботкунандаи умќи табиат аст. Мањз илмњои даќиќ имкониятњои васеи зиндагиро
барои љомеаи љањонї фароњам меорад. Дар ин робита илми астрономия ба илмњои даќиќ
ворид шуда дар он љирмњои кайњонї аз љумла ситораи Офтоб, сайёраҳои системаи Офтобї
ва моҳвораҳои онҳо, астероидҳо, кометаҳо, метеородњо, материяи
байнисайёравӣ, ситорањо ва сайёраҳои берун аз Офтоб, туманҳо, материяи байниситоравї, галактикаҳо ва кластерҳои онҳо, пулсарҳо, квазарҳо, сўрохиҳои сиёҳ ва ғайраро меомӯзанд.
Марбут ба ин илм рўзњои
муаяйн шудаанд, ки њар сол онњоро дар љомеаи љањонї љашн мегиранд. Ин рўз рўзи
астрономия ном дошта таърихи ў соли 1973 дар шањри Калифорнияи Штатњои
муттањидаи Амрико пайдо шудааст. Њадафи барпо кардани ин рўз аз тарафи олими
шинохтаи Амрикои Даг Бергер он буд, ки њар чи бештар њавасмандони астрономия
зиёд гардида, шавќу раѓбати ин илмро дар байни онњо бедор намояд. Бо ин маќсад
ў аз мутахассиони соњаи марбути астрономия даъват ба амал овард, ки њар чи
бештар асбобњои телекопиро дар шањру кўчањо гузошта то он ки ањолї аз манзараи
зебои кайњон бањравар шавад. Аз сабаби он, ки ин идея аз тарафи љомеи љањонї
хуб ќабул шуд ва даъват ба амал оварданд, ки ин љашн ду маротиба дар як сол
љашн гирифта шавад. Дар мавсимњои бањорї ва тирамоњї.
Рӯзи астрономияи баҳорӣ одатан дар рӯзи шанбе дар миёнаҳои моҳи апрел ва нимаи
моҳи май дар наздикии
семоҳаи моҳ таҷлил карда мешавад.
Рӯзи астрономияи тирамоҳї бошад он дар рӯзи шанбеи семоҳаи 1-уми моҳ аз нимаи моҳи сентябр ва
октябр ҷашн гирифта мешавад.
Ҳафтае аз душанбе
то якшанбе, ки рӯзи астрономияро дар бар мегирад, ҳафтаи астрономия (Astronomy Week) номида мешавад.
Дар њафтаи астрономия ва махсусан дар рӯзи астрономия муассисањои астрономӣ, осорхонаҳои илмӣ, расадхонаҳо, планетарияҳо дар бисёр
кишварҳо чорабиниҳои ҷолибе баргузор
менамоянд, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар бораи
астрономия ва олами зебои мо равона шудааст. Инҳо лексияҳои оммавии кайњоннавардони
машҳур ва теле-конференсияҳо ва лоиҳаҳои якҷоя, намоиши оммавии
осмони пурситора мебошанд. Дар мактабҳо оид ба асосҳои астрономия машғулиятҳои махсус
гузаронда мешаванд.
Дар ин маврид Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар қатори мактабҳои илмии ҷаҳонӣ дар ҳафтаи астрономия дарҳои кушодро эълон намуда ба иштирокунандагони ин чорабинии илмӣ, машғулиятҳои илмӣ – амалӣ, инчунин экскурсияҳо дар Расахонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох гузаронида истодааст.
Рањматуллоева Ф.Љ.- муовини директори Институти астрофизикаи АМИТ.
Сафаров С.Н.-ходими хурди илмї.