ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Ташвиқу тарғиби донишҳои астрономӣ

Ташвиқу тарғиби донишҳои астрономӣ

Бо мақсади ташвиқу тарғиби донишҳои астрономӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар байни мардуми кишвар, як қатор корҳо аз тарафи кормандони институт ба анҷом иҷро гардидааст. Аз ҷумла, чорабиниҳои зерин

– 29 июни соли 2018 дар Расадхонаи Санглох Мизи муддавар баҳшида баРўзи байналмилалии астероидгузаронида шуд. Донишҷуён, омўзгорон, мактаббачагон, дустдорони астрономия дар ин чорабини иштирок доштанд. Пас дар саҳни Санглох экскурсия гузаронида шуд ва ҳамчунин иштирокчиёнро бо кори телескопи Тсейсс-1000 ва бо дастгоҳҳои мушоҳидавии дустдорони астрономия шинос кардем;

– бо мақсади ташвиқу тарғиботи донишҳои астрономӣ ва фаъолияти Институти астрофизикаи АМИТ кормандони ннститут мақолаҳои илмӣ-оммавӣ омода карда ва онҳоро дар сомонаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон http://ravshnafikr.tj, www.khovar.tj ва васоити ахбори умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо нашр гардиданд Аз ҷумла:

– “Нақши занҳои астрономҳои Тоҷикистон дар рушди тадқиқотҳои астрономӣ”  8 марти соли 2018 дар дар сайти http:/khovar.tj интишор гардид;

– “Тоҷикистон ва кайҳон. Имрўз аз нахустин парвози инсон ба кайҳон расо 57 сол сипарӣ гардид” мақола рўзи 12 апрели соли 2018 дар сомонаи Агентии АМИТ Ховар аз чоп баромад;

– “Метеорҳо дар тадқиқоти олимони муосир” рўзи 9 апрели соли 2018 мақола дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон http://ravshanfikr.tj аз чоп баромад;

– Рўзи 7 июни соли 2018 таҳти мавзўи ““Тоҷикистон ва “Қоҳирова”: Чи хел астероидҳо номҳои тоҷикиро гирифтанд” дар сомонаи http:/news.tj интишор гардид. Дар асоси мусоҳиба навори видеоӣ барои лоиҳаи ҷамъиятӣ “Салом, ҳамсояҳо”  дар сомонаи мазкур низ интишор гардид;

– Рўзи 5 июни соли 2018 оид ба фаъолияти Институти астрофизикаи АМИТ Қоҳирова Г.И. дар литсеи №53 ш. Душанбе баромад кард; 

– “Пагоҳ гувоҳи гирифти моҳ мешавем, гуфторҳои Институти астрофизикаи АМИТ” 26 июли соли 2018 дар дар сайти http:/khovar.tj интишор гардид;

– “Ҳафтаи ҷаҳонии кайҳон дар расадхонаҳои Ҳисор ва Санглох  экскурсияҳо доир мешаванд” мақола рузи 4 октябри  соли 2018 дар дар сайти http:/khovar.tj интишор гардид;

– 28 июли соли 2018 корманди илмии Институти астрономияи Академияи илмҳои Словакия Иванова О.А., ки яке аз иштирокчиени фаъоли экспедитсияи байналмилалии Помир дар РАДИО НВ-и ш. Киев, Украина, доир ба роҳҳои барқарор кардани Расадхонаи Шорбулоқ ва ҳамкории илмӣ бо олимони Институти  астрофизикаи АМИТ баромад кард. Ў дар рафти мусоҳиба қайд намуд, ки Институти астрофизикаи АМИТ дар арсаи байналмилалӣ ҷои худро дорад ва дар  рафти кушиши илми астрономия бисер заҳматҳо мекашад, ки ин боиси ифтихор аст;

– Рўзи 28 августи соли 2018 дар бораи занони-олими тоҷик Қоҳирова Г.И. ва Раҳматуллоева Ф.Ҷ. дар сомонаи байналмилалии www.womo.ua мақола таҳти мавзуи «Star Track: Как и где выучиться на астрофизика. 15 инсайтов от женщин-ученых из Украины, Словакии и Таджикистана” интишор гардид; 

– Мақолаи илмӣ-оммавии “Мушоҳидаҳои объектҳои ғайри муқаррарӣ дар Расадхонаи байналмилалии Санглох” тайёр гардида дар  маҷаллаи Паёми Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, 2018, №2 (27), с. 61-64  аз чоп баромад;

– Мақола дар мавзўи “Мушоҳидаҳои объектҳои ғайри оддӣ дар Расадхонаи байналмилалии Санглох” омода намудем ва ба маҷаллаи илмӣ-методии “Илм ва Инноватсия”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашр фиристода шуд;

– Дар маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон “Сайёрае ба номи Қоҳирова” дар бахши “Олимони мо” мақола моҳи сентябри с. 2018, № 142, с.12-13, нашр гардид;

– 24 октябри 2018 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор (РАҲ) экскурсия барои 50 иштирокчиёни 3-юми конференсияи байналмилалии CAREN CRNC 2018 гузаронида  меҳмонҳои хориҷиро бо фаъолияти Институти астрофизикаи АМИТ шиносои кардем;

– Ба муносибати гирифти Моҳ шаби 27 июля соли 2018 дар  РАҲ экскурсия барпо гардид. Ин шаб дўстдорони астрономия, сокинони ш. Душанбе, намояндагони ВАУ ҶТ ва дигарон ҷиҳати гирифти Моҳ иштирок карданд. Мушоҳидаҳо бо ёрии телескопҳои расадхона, асбобҳои дўстдорони астрономия ва ғ. амали гардиданд. Навори видеоии ин ҳодисаи муҳимтарини астрономӣ дар сомонаи Радиои Озодӣ рўзи 28 июли соли 2018 интишор гардид.

 – Мақола дар мавзўи “Арзёбии баланди натиҷаҳои тадқиқотҳои Расадхонаи Санглох берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон” –ро таҳия намуд. Мақола барои нашр  ба маҷаллаи илмӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи “Илм ва Инноватсия”  супорида шуд, инчунин мақола дар мавзўи  «Арзёбии натиҷаҳои Расадхонаи “Санглох”» дар рўзномаи «ВАҲДАТ», №9 (329), майи соли 2018 аз чоп баромад.

– Бахшида ба рӯзи Кайҳонавардон мақолаи илмӣ-оммавӣ “Хатарҳои кайҳонӣ” рўзи 12 апрели соли 2018  дар сомонаи Академияи илмҳои ҶТ http://ravshanfikr.tj аз чоп баромад.

-Мақола дар мавзўи “Хурофотпарастӣ аз тангназарист” дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон http://ravshanfikr.tj/mo-va-kaj-on/khurufotparast-az-tangnazarist.html рўзи 23 январи соли 2018 аз чоп баромад.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )