
Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович
2023-02-24 17:55:33
Бобоҷонов Пӯлод Бобоҷонович
15.10.1930 – 10.02.2023
Инстиути астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва бюрои Шуъбаи илмҳои физикаю математика,
химия,
геология ва техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
бо андўҳи бузург хабар медиҳанд, ки рўзи 10-уми феврали соли
2023 олими шинохтаи тоҷик ва ҷаҳон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
доктори илмҳои физикаю математика,
профессор Бобоҷонов Пўлод Бобоҷонович
аз олам даргузашт.
Бобоҷонов
Пўлод 15 октябри соли 1930 дар шаҳри Ўротеппа (Истаравшани имрўза)
таваллуд шудааст. Ў хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Ленинобод ба номи
С.М.Киров (1949) ва аспиранти Институти давлатии астрономии ба номи
П. К. Штернберги Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи
М. В. Ломоносов (1950-53) мебошад. Фаъолияти илмиашро дар Институти
астрофизикаи Академияи фанҳои РСС Точикистон (имрўз- Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, АМИТ) оғоз намуда, ба ҳайси ходими калони илмии Расадхонаи
астрономии Сталинобод (1954) ва мудири Шўъбаи астрономияи метеорҳо
(1958) кор кардааст. Солҳои 1959-71 дар вазифаи директори Институти
астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, солҳои 1971—1984 ректори
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин, (имрўз-Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон) солҳои 1984—1993 ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, 1992—2002 директори Институти астрофизикаи АМИТ фаъолият
кардааст. Аз соли 2003 то инҷониб вазифаи мушовири Раёсати Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳамзамон мудири Шўъбаи астрономияи
метеорҳои Институти астрофизикаи АМИТ- ро ба зимма дошт. Таҳқиқоти
илмии Пӯлод Бобоҷонов ба физика ва динамикаи метеорҳо бахшида шудааст. Ў
таҳқиқотро дар сохт ва пайдоиши селҳои метеорӣ, ошкор намудани хусусиятхои
тақсимоти мадори метеороидҳо дар фазои байнисайёравӣ ба тавсиб расонидааст.
Пӯлод Бобоҷонович 400 ассотсиатсияҳои метеорҳоро ва 20 сели нави метеориро кашф
карда, якчанд ҳазор мадори онҳоро дар фазои байнисайёравӣ қайд кардааст.
Бо роҳбарии Пӯлод Бобоҷонов бори аввал дар Институти астрофизикаи
АМИТ асбоби нозири – метеорҳо сохта шудааст, ки он ба усули нави
мушоҳидаҳои фотографӣ ва радиолокатсионии метеорҳо асос гузошт.
Пӯлод Бобоҷонов дар баробари анҷом додани таҳқиқоти
илмӣ, ҳамчунин бо фаъолияти омӯзгорӣ низ машғул шудааст. Муаллифи беш аз 10
монография ва зиёда аз 400 кори илмӣ мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ 4 нафар рисолаи
докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кардаанд. Пӯлод Бобоҷонов узви
Иттифоқи байналхалқии астрономӣ (1961), Ҷамъияти байналхалқии астрономии шоҳии
Британияи Кабир (1994), Кумитаи байналхалқии таҳқиқоти Кайҳон (2000), бюрои
комиссияи «Шиҳобҳо ва чангҳои байнисайёравӣ»-и Иттифоқи байналхалқии астрономӣ
ва солҳои 1985—1988 Президенти ин комиссия таин гардидааст. Ӯ дар тӯли
зиёда аз 40 сол дар Ассамблеяи генералии Иттифоқи байналмилалии астрономӣ ва
ҳамоишу конференсияҳои ба ҷирмҳои хурди ба Системаи офтобӣ бахшида шуда (дар
Иттиҳоди Шўравӣ, ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Ҷопон, Шветсия, Чехия,
Итолиё, Ҳолландия, Олмон, Юнон, Филиппин, Ҳиндустон ва ғайра) ширкат варзида бо
натиҷаҳои нави илмӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Осори илмиаш дар аксар
кишварҳои хориҷӣ ба табъ расидаанд. Барои саҳми калони П.Б.Бобоҷонов дар илми
астрономия, Иттифоқи байналмилалии астрономӣ ба сайёраи нави 7164 номи
ўро, яъне «Babadzhanov»-ро додааст.
Бобоҷонов П.Б. дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба
номи Абўалӣ ибни Сино (1977), Ҷоизаи ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ (2003),
Ҷоизаи Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
«Ситораҳои Иттиҳод» (2009) буда, бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени
«Нишони Фахрӣ», медалҳои ба номи С.И.Вавилов (1977), «Ветерани меҳнат»,
“Аълочии маорифи халқ” (1973), 2 ифтихорномаи Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои арзандаи ўро
дар рушди илми ватанӣ ба эътибор гирифта, ӯро бо мукофотҳои давлатии “Арбоби
шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1994) сарфароз намудааст.
Олимони Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон, ҳамкорон ва шогирдон аз марги академик Бобоҷонов Пўлод
Бобоҷонович сахт андўҳгин буда, он касро ҳамчун олими намоён, шахси инсондўст,
дўсти меҳрубон, ҳамсўҳбати ҳозирҷавоб фаромўш нахоҳанд кард.
Институти астрофизикаи Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон