ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Расадхонаи астрономии Ҳисор

Расадхонаи астрономии Ҳисор

Расадхонаи астрономии Ҳисор  (РАҲ) дар  масофаи 14 км ҷанубу ғарбии шаҳри Душанбе  дар ноҳияи Ҳисор дар баландии 730 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Дар Расадхонаи астрономии Ҳисор якчанд телескопҳо мавҷуданд, аз он ҷумла  телескопи АЗТ-8 қутри оинагиаш 70 см, телескопи астрографи 40 см ва телескопи АВР-2. Ин телескопҳо барои мушоҳидаҳои ситораҳои тағйирёбанда, галактикаҳо, ҷирмҳои хурди системаи Офтобӣ, яъне кометаҳо ва астероидҳо  таҷҳизонида шудаанд. Телескопи рефрактори АВР-2 қутраш ба 20 см баробар аст  барои таҷрибаомўзии донишҷўёни соҳаи «астрономия»-и ДМТ ба роҳ монда шудааст. Расадхона  барои мушоҳидаҳои фотографии ҳамсафарҳои сунъии Замин дорои Асбоби Дақиқи Астрономӣ (ВАУ) мебошад. Нозири метеорӣ, ки аз 16 фотокамераи васеъкунҷи МК-75 (D=750 мм,  D/F=1:3.5) ва 24 камераи MK-25 (D=250 мм, D/F=1:2.5) иборат буда, барои мушоҳидаҳои метеорҳо истифода мешаванд. Ба ғайр аз ин, барои мушоҳидаҳои болидҳо якчанд камераҳои замонавии болидӣ ва камераҳои рақамии гузошта шудаанд, ки кунҷи бинишашон қариб ба 180 градус баробар мебошанд. Барои омўзиши қабатҳои болоии атмосфераи Замин, махсусан ионосфера, комплекси радиотехникӣ мавҷуд аст. Телескопҳои АЗТ-8, астрографи 40 см ва АВР-2 бо камераҳои рақамӣ таҷҳизонида шудаанд. Мушоҳидаҳо ва бақайдгирии маълумотҳо бо усули компютерӣ амали карда мешаванд.


Бинои асосии Расадхонаи астрономии Њисори Институти астрофизикаи АМИТ


Гунбази  40 см астрограф


Астрографи 40 см Сейсс


Гунбази телескопи AЗT-8

Телескопи  АЗТ-8 (70 см)


Гунбази рефрактори 20 см  АВР-2


Асбоби даќиќи астрономї (D=1 м) барои мушоњидањои радифњои маснўъии Замин ва порањои он


Нозири метеорї


Расадхонаи астрономии Ҳисор (аксҳо) 

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )