ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2025-01-06 13:40:33

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪМИНИ ПЕШРАФТ ВА АМНИЯТ

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: ТАЪМИНИ ПЕШРАФТ ВА АМНИЯТ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси олӣ ироа гардид, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро дар бар мегирад. Дар ин паём, Президент ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла рушди иқтисодӣ, таъмини амният, беҳдошти тандурустӣ ва маориф, ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷӯҳ мекунад. Паёми Пешвои миллат ҳама ҷамбаҳои кишварро дарбар мегирад ва дар мақола чанд нуқтаҳои муҳим гирдоварӣ карда шудааст

1.  Рушди иқтисодӣ: Президент таъкид мекунад, ки рушди иқтисодӣ бояд бо истифода аз захираҳои дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ таъмин карда шавад. Инчунин, ба рушди соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва энергетика аҳамияти махсус дода мешавад.

·    Баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба кишвари транзитӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохтмони роҳу пулҳои байналмилалӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ муваффақ гардидааст.

·    Таъмини амнияти озуқаворӣ ва худтаъминкунии озуқа: Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва расидан ба истеҳсоли дилхоҳ маҳсулот, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда машгул гардидааст.

·    Истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва энергетикӣ таҳрирот ва тадбирҳои ҷиддӣ анҷом додааст.

·    Саноатикунонии босуръати кишвар: Барои расидан ба ҳадафи панҷуми миллӣ, саноатикунонии босуръати кишвар, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда гомҳои ҷиддӣ анҷом дода шудааст.

2.  Таъмини амният: Дар паём, таъмини амнияти миллӣ ва мубориза бо терроризм ва экстремизм ҳамчун яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ номбар мешавад. Президент таъкид мекунад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт бояд тақвият дода шаванд. Масъалаи таъмини амнияти Тоҷикистон яке аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат мебошад. Пешвои миллат ба ин масъала диққати махсус медиҳад ва чунин гуфта мешавад:

·    Таъмини амнияти миллӣ: Ҳукумат тадбирҳои муассирро барои муҳофизати сарҳадҳо, муқовимат бо терроризм ва экстремизм, ва таъмини амнияти дохилӣ андешидааст.

·    Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ: Тоҷикистон ҳамкориҳои худро бо давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар соҳаи амнияти миллӣ ва мубориза бо ҷинояткории трансмиллӣ мустаҳкам мекунад.

·    Амнияти иттилоотӣ: Тақвият додани амнияти иттилоотӣ ва мубориза бо таҳдидҳои кибернетикӣ низ аз масъалаҳои муҳим мебошанд.

·    Амнияти энергетикӣ: Таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ низ ба таъмини амнияти давлат мусоидат мекунанд.

3.  Беҳдошти тандурустӣ ва маориф: Президент ба беҳдошти системаи тандурустӣ ва маориф аҳамияти махсус медиҳад. Дар паём, зарурати сохтмони муассисаҳои нави тандурустӣ ва таълимӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо дар ин соҳаҳо таъкид мешавад. Пешвои миллат ба рушди системаи тандурустӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар чанд соли охир як қатор дастовардҳо ба даст овардааст, аз ҷумла:

·  Сохтмони муассисаҳои нави тандурустӣ: Сохтмони беморхонаҳо, клиникаҳо ва марказҳои тандурустӣ дар манотиқи гуногуни кишвар.

·  Мутобиқсозии стандартҳои байналмилалӣ: Таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ бо технологияи муосир ва таҷҳизоти навтарин.

·  Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ: Омӯзиш ва такмили ихтисоси кормандони тандурустӣ бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо.

Дар соҳаи маориф низ як қатор пешравиҳо ба амал омадаанд, ки муҳимтаринашон:

·  Сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ: Сохтмони мактабҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳои нав, инчунин таҷдиди муассисаҳои мавҷуда.

·  Баланд бардоштани сифати таълим: Ҷорӣ намудани барномаҳои таълимии нав, мутобиқсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ ва истифодаи технологияҳои муосир дар таълим.

·  Дастгирии омӯзгорон: Баланд бардоштани маоши омӯзгорон ва тақвияти мақоми иҷтимоии онҳо.

Дар маҷмӯъ, беҳдошти тандурустӣ ва маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳукумати ҶТ мебошанд ва барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар ин самтҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

4.  Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: Президент дар паёмаш ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дастгирии оилаҳои камбизоат, пиронсолон ва маъюбон аҳамияти махсус медиҳад. Инчунин, зарурати баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ таъкид мешавад. Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала диққати махсус медиҳад ва чунин нуқтаҳои муҳимро қайд мекунад:

·    Дастгирии оилаҳои камбизоат: Барномаҳо ва лоиҳаҳои махсус барои дастгирии оилаҳои камбизоат, афзоиши имкониятҳои иқтисодӣ ва таъмини шароити зиндагии беҳтар барои онҳо амалӣ мегарданд.

·    Дастгирии пиронсолон ва маъюбон: Сохтмони марказҳои иҷтимоӣ, таъмини кӯмакҳои моддӣ ва молиявӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо барои пиронсолон ва маъюбон.

·    Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ: Тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, афзоиши маош, нафақа ва дигар дастгирӣҳои иҷтимоӣ.

·    Таъмини адолати иҷтимоӣ: Тақвият додани адолати иҷтимоӣ тавассути ҳалли масъалаҳои нобаробарии иқтисодӣ ва таъмини ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад ва барои таъмини шароити зиндагии беҳтар барои тамоми аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.


Ходими илмии ШФКА

Институти астрофизикаи

Академияи миллии илмҳои Тоҷкистон

Сафаров Сангин Ниёзович

2024-11-21 17:11:07

ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


Парчами нангу номи мо,

Пораи ҷисму ҷони мо.

Сурху сафеду лоларанг,

Парчами Коваёни мо.

Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлати ба шумор рафта, бузургтарин арзиши имрӯзу фардои миллат мебошад. Ин рамзи давлатӣ, нишон аз давлати комилҳуқуқу дунявӣ ва ягона мебошанд. Аслан рамзҳое, ки дар ин ё он мамлак мавҷуд аст, ифодагари ҳуввияти ҳамон миллату халқ мебошад. Таърихи соҳиби парчам гардидан дар сиёсати давлатдории тоҷикон ба қарнҳои дур рафта мерасад. Бахусус дар замони давлатдории Пешдодиён, Каёниён, пеш аз ҳама, рамзи давлатдори дар парчамбардории онҳо зоҳир меёфт. Аҷдодони мо парчами худро доштанд, ки ифодагари қудрат, тавоноӣ, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоию иқтисодиёти давлаташонро нишон медод. Дар замонҳои қадим миёни мардуми одди урфу одатҳое буд, ки тибқи он ақидаҳои худ парчамро тоҷи сар мекарданд. Ин эътиқод нерӯю тавоноиро дар замиру тинаташон нишон медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин сана минбаъд ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори аввал рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:

«Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».                                              

«Парчам» вожаи суғдӣ («parcam») аст, ки маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:

ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.

ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.

ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Имрӯзҳо парафшонии парчамонро дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали мебинем, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Варзишгарон дар бахшҳои гуногун бо дастоврдҳои хеш, аҳли фарҳанг, илму маъориф ва дигар қишҳои ҷомеа дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали бо парчами хеш муаррифи мегарданд. Дар ин радиф саҳми ходимони илмӣ, бахусус ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ назаррас буда, дар муаррифии парчами кишвар дар арсаи байналмилали намоён аст. Саҳми олимони Институти астрофизикаи АМИТ-ро дар рушди илми астрономия ба назар гирифта, Ҷамъияти байналмилалии астрономҳо ба якчанд сайёраҳои хурд номҳои олимони тоҷику расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон, инчунин ба номи Тоҷикистон (сайёраи хурди – 2469 Tadjikistan) гузошта шудааст. Мо аз он мефахрем, ки парчами мо на танҳо дар рӯи Замин парафшони мекунад, балки дар Кайҳон низ бо номи Тоҷикистон “парафшон” аст.

Дар замони муосир парчами ҳар давлат рамзи озодӣ, соҳибистиқлоли ва соҳибдавлатии ҳамон кишвару миллат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳама давру замонҳо парчамро ҳамчун тоҷи давлату давлатдорӣ медонанд ва онро дар болои қасру боргоҳҳои гуногун меафрозанд. Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки аз пойдору устувор будани давлат гувоҳӣ медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад ва дар ин сурат рӯҳия ҷанговарон мешикаст. Имрӯз он нишонаҳое, ки мо дар парчамамон мебинем, ифшогари қудратмандии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Дар ин рӯзҳо мо зери сояи парчами миллӣ пирӯзии кишвару давлати хешро мебинам. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Парчам нишони сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар арсаи байналмилали ҳар миллату давлатро аз рӯи рамзҳояшон, хусусан парчамаш мешиносанду эътирофаш мекунанд.

Бигзор ҳамеша ва абадан Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон ҷилвагару парафшон бошад. Зиндаву ҷовидона бошад, парчами мо ва давлатдории тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад.

Ходими илмии Институти астрофизики АМИТ:

Хуҷаназаров Ҳабибҷон Файзалиевич

2024-11-12 22:05:02

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД