ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҶТ ва Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Ҳамкорӣ бо муассисаҳои ҶТ ва Ҳамкориҳои байналмилалӣ

Соли 2019 Институт оид ба тайёр кардани кадрҳо дар заминаи расадхонаҳои Институт бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон созишномаи ҳамкорӣ баст. Ҳамчунин дар самти таҷрибаомўзии таълимию истеҳсолии донишҷўён Институт бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав  созишномаи ҳамкориро ба имзо расонд.  

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории фаъолонаи худро бо Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия ва Институти илмӣ-тадқиқотии «Расадхонаи астрофизикии Қрим»-и Академияи илмҳои Россия  ва шуъбаи ў – Расадхонаи астрономии Симеизӣ идома дода истодааст.

   Институт ҳамчунин бо Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия, Институти астрономияи амалии Академияи илмҳои Россия, Саррасадхонаи астрономии Пулковои Академияи илмҳои Россия,  Расадхонаи астрофизикии Бюрокан-и Академияи илмҳои милии Арманистон, Институти астрономияи ба номи Улуғбек-и Академияи илмҳои Узбекистон, Институти илмӣ-тадқиқотии «Расадхонаи астрономии Николаев»-и Вазорати маорифи Украина, бо Институти астрономии давлатии ба номи П.К.Штернберг-и ДДМ ба номи М.В.Ломоносов, бо Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург ҳамкории фаъолро идома дод. Шўъбаи ҷирмҳои байнисаёравии Институти астрофизикаи АИ ҶТ ҳамкориро бо профессор Вилямс И.П. аз Шўъбаи астрономии Донишгоҳи Шоҳигарии Мария дар Лондон идома дод. Институт фаъолона бо Институти астрономияи Академияи илмҳои Словакия ва бо Расадхонаи астрономии Синтсзян-и Академия илмҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкориро ҳамкорӣ дорад.

Дар доираи ҳамкорӣ бо кормандони ин муассисаҳо мушоҳидаҳои ва тадқиқотҳои муштарак иҷро гардиданд, мақолаҳои илмии ҳамҷоя ва презентатсияҳои якҷоя барои конференсияҳои байналмилалӣ нашр ва омода шуданд:

  • Аз 16 то 24 майи соли 2019 ба Институти астрофизикаи АМИТ ходими пешбари илмӣ, д.и.-ф.м.-и Расадхонаи астрофизикии Қрими Академияи илмҳои Россия Павленко Е.П. ташриф овард.  Яке аз ҳадафҳои ташрифи ў муҳокимаи  ҳамкории илмӣ байни љонибњо оид ба омўзиши системаҳои дучандаи зич дар марҳилаҳои дертари таҳаввули ситораҳо баррасӣ гардид. Дар рафти кори семинар  17 майи соли 2019  Павленко Е.П.  бо  маърўзаи худ баромад карда вобаста ба  самти тадқиқотӣ ситораҳо  шинос намуд.  
  • Pўзҳои 3-6 июли соли 2019 намояндагони муассисаи мазкур Симонов М.П. ва Тарасенко И.В. ба Институти астрофизикаи АМИТ ташриф оварданд. Яке аз ҳадафҳои ташрифи онҳо ҳамкорӣ бастан доир ба мушоҳидаҳои партовҳои кайҳонӣ бо мақсади ҳифзи фазои наздизаминӣ мебошад. Симонов М.П. ва Тарасенко И.В. якҷоя бо кормандони илмии Институт аз  Расадхонаҳои астрономии Ҳисор ва Санглох дидан намуданд. Дар рафти мулоқот, онҳо бо таљҳизотҳои Расадхонаҳо шинос гардида, аз он қонеъ гардиданд, ки Расадхонаҳо, хусусан Расадхонаи Санглох мавриди хуби корӣ қарор доранд.
  • Дар доираи Меморандум оид ба ҳамкории байни Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия ва Институти астрофизикаи АМИТ  аз 30 июл то 13 августи  соли 2019 дар Институт бо сафари корӣ кормандони илмии Институти астрономияи Академияи илмҳои Россия н.и-ф.м. Бахтигараев Н.С. ва н.и.-ф.м. Левкина П.А. қарор доштанд. Мақсади сафар тадқиқотҳои муштараки бунёдии илмӣ оид ба масъалаи омўзиши партовҳои кайҳонӣ буд.
  • Шўъбаи ҷирмҳои байнисаёравии Институти астрофизикаи АМИТ ҳамкориро бо профессор Вилямс И.П. аз Шўъбаи астрономии Донишгоҳи Шоҳигарии Малика Мария дар Лондон идома дод. Институт ҳамкории фаъолонаи худро бо Институти астрономияи Академияи илмҳои Словакия  давом дорад. Дар доираи ҳамкорӣ кометаи 29/P Швассман-Вахмана, астероидҳои фаъол 2008GO98, 3552 Дон-Ки-Хот  бо корманди Институти мазкур Иванова О.А. таҳқиқ карда шуданд. Маводҳои илмӣ мавриди чоп қарор доранд.
  • Аз 4 то 10 ноябри соли 2019 корманди Расадхонаи астрономии Синтзяни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин др. Минг Жанг ба Институт ташриф овард. Ташрифи ў дар доираи Еддошти тафоҳум байни љонибҳо баргузор гардид. Ҳадафи асосии Минг Жанг шинонидани радиотелескопи VGOS (12-13 m) бо мављҳои 0 ~ 4GHz  бо ченаки RFI дар минтақаи мутобиқи Тоҷикистон қарор гирифт. Аз ин лиҳоз барои озмоиши сатҳи радиомавҷҳо ў бо кормандони Институт аз 5 минтақаи Тоҷикистон: Расадхонаи астрономии Ҳисор, шаҳри Бохтар (Қурғон-теппа), деҳаи Мењнатободи ноҳияи Хуросон, Расадхонаи Санглох, ноҳияи Ховалинг  дидан намуд. Дар рафти озмоиш маълум гардид, ки Расадхонаи астрономии Ҳисор ва ноҳияи Ховалинг мавқеи хуб барои гузоштани радиотелескоп ба ҳисоб меравад. Др. Минг Жанг оид ба ин масъала ҳисоботи муфассал пешкаш хохад кард ва масъалаи мазкур  байни ҷонибҳо дар оянда барраси мегардад.
  • 9 июли соли 2019 ноиби Президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин профессор Чен-Ши бо намояндаҳояш дар ҳайати 15 нафар ба Расадхонаи Санглох ташриф оварданд. Ҳадафи ташриф овардани онҳо боздид аз Расадхонаи Санглох ва пешбини намудани ҳамкориҳои илмӣ дар раванди мубодилаи олимҳо ва тайёр кардани мутахассиони ҷавон буд.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )