ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох

Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох

Расадхонаи астрономии байналмилалии  Санглох (РАБС) дар масофаи 90 км ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе дар ноҳияи Данғараи Вилояти Хатлон дар  баландии 2300 м аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Дар ин Расадхона ду телескопи ширкати Карл Тсейсси Олмон насб карда шуда аст, ки яке дорои оинаи қутраш 1- метра буда, соли 1980 дар расадхона насб гардидааст, ва дигараш телескопи қутри оинааш 600 мм мебошад. Ин телескопҳо барои мушоҳидаҳои   ситораҳои тағйирёбанда, галактикаҳо, ҷирмҳои хурди системаи Офтобӣ, ҳамсафарҳои маснўӣ Замин ва партовҳои кайҳонӣ истифода бурда мешавад.

 

Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох (Аксҳо) 

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )