
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТЕРОИД”
2025-07-03 21:36:19
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТЕРОИД”
Имрӯз, 3 июли соли 2025, дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-оммавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии астероид” бо мақсади ҳамқадам будан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба масъалаи муҳофизати сайёраи Замин аз хатари таҳдидҳои ҷирмҳои кайҳонӣ ва дар доираи Нақша чорабиниҳои Институти астрофизикаи АМИТ баргузор гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Бӯризода Анвар Маҳмад оғоз гардид. Дар баромади худ ӯ аҳамияти таҳқиқи астероидҳоро дар заминаи таъмини амнияти кайҳонӣ, рушди илмҳои астрономӣ ва иштироки муассисаҳои илмии кишвар дар барномаҳои глобалӣ таъкид намуд. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки Институт омода аст дар ҳамбастагӣ бо дигар муассисаҳои илмии минтақа ва ҷаҳон нақши фаъолтарро дар самти мониторинг ва таҳлили ҷирмҳои кайҳонӣ нақши созгор гузорад. Мақсади асосии семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии илмӣ ва оммавӣ дар мавриди хатари эҳтимолии ҷирмҳои кайҳонии наздизаминӣ (астероидҳо), нақши илмҳои кайҳонӣ дар таҳқиқи онҳо, инчунин мусоидат ба тақвияти робита байни ҷомеаи илмӣ ва аҳолии васеъ буд. Семинар ҳамчун минбари муҳими табодули афкор, муаррифии натиҷаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои илмӣ ва омӯзишӣ хидмат намуд.
Дар кори семинар намояндагони соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва табиӣ, аз ҷумла устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, докторантон, магистрантон,
кормандони марказҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муттахассисони соҳа, ва ҳамчунин ҳаводорони астрономия ва рӯзноманигорон иштирок варзиданд.
Солҳои охир мушкилоти марбут ба ҷирмҳои хурди байнисайёравӣ, аз ҷумла астероидҳои наздизаминӣ, ба як мавзӯи муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Бо дарназардошти
хатари эҳтимолии онҳо ба сайёраи Замин, Созмони Милали Муттаҳид санаи 30 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии астероид эълон кардааст. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии кайҳонӣ, аз ҷумла ESA ва NASA, роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷараёни семинар баромадҳои илмӣ ва илмӣ -оммавии зерин шунида шуданд:
1.
Бӯризода А.М. Cаҳми институти астрофизика дар омӯзиши астероидњои эњтимолан хатарнок.
2.
Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С. Объектҳои ба замин наздикшаванда – таҳдиди воқеӣ ба амнияти инсоният.
3.
Алимов О.А., Муродова М.З. Воздействие
сейсмической активности на F - область ионосферы.
4.
Нормахмедов Н.О. My Year of Research in
China.
5.
Амиралиев С.К. Бархӯрди ғайричандирӣ дар кайҳон.
Семинар бо фаъолияти фаъоли иштирокчиён ва мубоҳисаву саволу ҷавобҳо ҷамъбаст гардид. Мавзӯъҳои муҳокимашуда ба таври васеъ равшанӣ андохта, зарурати рушди минбаъдаи илмҳои астрономӣ ва технологияҳои вобаста ба назорати ҷирмҳои кайҳониро нишон доданд.
Институти астрофизикаи АМИТ дар ихтиёр се пойгоҳи илмии мушоҳидавӣ дорад: Расадхонаи астрономии Ҳисор, Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва Расадхонаи Шорбулоқ воқеъ дар н. Мурғоб. Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон бо имкониятҳои мусоиди мушоҳидавӣ дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр, шароити беҳамто барои таҳқиқи ҷирмҳои хурд доранд. Ин расадхонаҳо метавонанд ҳамчун пойгоҳи асосии мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ (астероидҳо) истифода шаванд.
Семинари баргузоршуда нишон дод, ки рушди илми астрономия ва татбиқи натиҷаҳои он дар амнияти глобалӣ нақши калидӣ дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои инфрасохтори беназири астрономӣ метавонад дар таҳқиқи астероидҳо ва таҳияи чораҳои муҳофизатии сайёраи Замин
аз ҷирмҳои кайҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Ин чорабинӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониш дар ҷомеа кумак кард, балки як заминаи хуб барои ҳамкориҳои наву васеътар дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гардад. Расмҳо замима мегарданд.
Директори
Институти астрофизикаи АМИТ
Бӯризода А.М. 03.07.2025
Суратгузориш аз рафти семинари илмӣ