55 –умин Конференсияи илмӣ оид ба Моҳ ва сайёраҳо
2023-09-29 12:13:57
Эълон
Ба таваҷҷуҳи кормандони
илмии Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон расонида
мешавад, ки санаи 11 – 15 марти соли 2024, 55 –умин Конференсияи илмӣ оид ба
Моҳ ва сайёраҳо (55th Lunar and Planetary Science
Conference “LPSC” –The Woodlands, Texas/Virtual -
March 11-15, 2024) баргузор
мешавад. Конференсияи мазкур як рӯйдоди муайянкунанда дар таҳқиқи сайёраҳо буда,
гурӯҳи гуногуни коршиносони байналмилалиро муттаҳид мекунад. Дар тӯли 55 сол,
LPSC муҳақиқонро оид ба омӯзиши Моҳ ва сайёраҳо барои намоиш додани
дастовардҳои охирини илмӣ, таҳқиқот ва кашфиёт дар ин соҳа ҷамъ овардааст.
Кормандони илмии Институт имконият
доранд, фишурдаи мақола (тезис) омода намуда ба Конференсияи мазкур равон
намоянд.
Барои маълумоти бештар ба
сомонаи дар зер овардашуда вориш шавед: