2025-08-02 09:12:48
МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА
МУҚОВИМАТ БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ВАЗИФАИ ҲАР ЯК УЗВИ ҶОМЕА
“Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат
ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо
истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Воќеан, имрӯз терроризм ва экстремизм ба яке аз таҳдидҳои бузургтарини башарият табдил ёфтааст. Амали террористӣ метавонад дар ҳар ҷойу замон суботи давлатҳоро зери хатар гузорад, ҷони ҳазорон нафарро рабояд ва ҳисси тарсу ноумедиро дар ҷомеа паҳн намояд. Фаҳмидани сабабҳо, шаклҳо ва оқибатҳои терроризм ва экстремизм барои ҳар як шаҳрванд аҳамияти калон дорад, зеро мубориза бо ин падида на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки масъулияти ҷомеа низ мебошад.
Терроризм аз калимаи лотинии terror гирифта
шуда, маънои тарсу ваҳмро дорад. Дар маънои муосир, терроризмро метавон ҳамчун истифодаи мақсадноки зӯроварӣ ё таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё мазҳабӣ таъриф кард. Дар амал, ин маънои ҳамла ба афроди бегуноҳ, тарконидани биноҳо, ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ ё дигар амалиёти хатарнокро дорад, ки мақсади асосии онҳо эҷоди фазои тарс ва фишор ба қарорҳои сиёсӣ мебошад. Аз рӯйи ҷуғрофия терроризм ба терроризмҳои давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ ва фардӣ тақсим мешавад, вале ин ягона тақсимбандӣ нест. Олимон боз терроризмро ба терроризми сиёсӣ, динӣ, миллигароӣ, терроризми ҷаҳонӣ, терроризми ҳастаӣ, биологӣ тақсим намудаанд.
Маънои аслии экстремизм бошад –
(аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои
аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
Имрўз ба ҳамагон маълум аст, ки иддае аз дини поки Ислом сўйи истифода намуда даст бар қатли бузургону тифлони ноболиғ мезананд, аммо дар асл аз аркон ва моҳияти ин дини пок бохабар нестанд ё агар бохабар бошанд ҳам онро на ба манфиати дин, ҷомеа ва аҳли он, балки ба манфиати нопоки хеш истифода мебаранд.
Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонони пуртаҷриба ва аҳли илмро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гўё динӣ» онҳоро бар зидди ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки онро ба истилоҳ «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» меноманд равона месозанд ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд.
Бояд ќайд намуд, ки ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва ҳифз намудани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ мебошад. Қайд кардан ба маврид аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст.
Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷўй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд. Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгароӣ мегардад. Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат ва хоссатан падару модарро масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрўза-терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рўз мебошад, чунин иброз менамояд: “Имрўз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”.
Ин суханони Сарвари давлат бозгӯи воқеияти талхи замони мо мебошанд. Дар ҳақиқат, имрӯз терроризм ва экстремизм ба яке аз хатарҳои ҷиддии глобалӣ табдил ёфта, суботу амниятро дар тамоми ҷаҳон зери хатар қарор додаанд.
Имрӯз дар шароити нави таърихӣ низ ҷуғрофиёи терроризм ва экстремизм боз ҳам васеъ гардида, бештаре аз давлатҳои ҷаҳонро фаро мегирад. Ин
муаммо ва мушкилоте ба шумор меравад, ки ҳаллу фасл, пешгирӣ ва аз миён бурдани он рисолати тамоми кишварҳои дунё ва роҳбарону сарварони онҳо ба шумор меравад.
Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки имрӯз ҳар як узви ҷомеаро зарур аст, ки бар зидди терроризму ифротгароӣ муборизаи беамон барад. Зеро танҳо дар ҳамоҳангӣ метавон бар зиддӣ ин падидаи номатлуб ва хатарнок муборизаи беамон бурд. Аҳли ҷомеаи тамаддунофари мо, ки ҳисси баланди ватанпарварӣ, ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ доранд, ҳеҷ гоҳ намегузоранд, оромиву сулҳу суботи кишвар халалдор гардад.
Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони яке аз чеҳраҳои бузурги арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ва ташаббускори барномаҳои мусоид бар ҳаллу фасли муаммоҳои сайёра, борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи олам ба ин масъала руҷӯъ намуда, мақоми шахсии хеш ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти мубориза алайҳи ин мушкилоти аср муайян намудаанд.
Дарвоқеъ бояд гуфт, ки вазифаҳои дарпешистода аз корҳои то имрӯз анҷомдодаамон бузургтар ва душвортар мебошанд. Зеро мо дар марҳалае қарор дорем, ки авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақаҳои алоҳидаи сайёра метавонад ҳар лаҳза тағйир ёбад, равандҳои глобализатсия халқҳо ва миллатҳои гуногунро таҳти таъсир қарор диҳанд, яъне ҷомеаи башарӣ ва муҳите, ки инсоният дар он умр ба сар мебарад, ниҳоят осебпазир гаштааст.
Дар чунин шароит вазифаи имониву
муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат, таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад. Ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рӯҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад.
Танҳо бо иҷрои ин вазифаи муқаддас ва адои ин қарзи имонӣ, фақат бо меҳнати ҳалол, софдилона ва фидокорона мо метавонем давлати ҷавону соҳибистиқлоли худро обод созем, тараққӣ диҳем, пояҳои давлатдориамонро мустаҳкам намоем ва мақому обрӯи Тоҷикистони азизамонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.
Воқеан ҳам ҷаҳони имрӯза ҳар яки моро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба хотири сулҳу оромӣ ва пойдории суботи сиёсии ҷомеа муттаҳид бошем. Танҳо бо ҳамбастагӣ, фаҳмиши дуруст ва масъулияти шаҳрвандӣ метавонем ба нигоҳдории оромиву субот ва пешгирии хатарҳои замони муосир муваффақ гардем.
Лаборанти калони ШФКА
Назарова Ш.К.
2025-07-31 19:45:58
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҲИЗБИЁНИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР ТАҲТИ УНВОНИ “РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БО ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”
Имрӯз, 31 –уми июли соли 2025 Бо пешнињоди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ва КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳамовозиву ҷонибдорӣ аз ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳизбиёни ноҳияи Шоҳмансур таҳти унвони “Рушди зеҳни сунъӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Пешвои миллат” тибқи нақша- чорабиниҳо дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Содиқиён Умед Алимаҳмад – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, доктори илмҳои таърих, Қурбонова Ширин - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, Сангинзода Дониёр – муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Дипломат”, доктори илмҳои физикаю математика, Зарифзода Афзалшоҳ – раиси ташкилоти ибтидоии “Фотон”, номзади илмҳои физикаю математика, Буризода Анвар – раиси ташкилоти ибтидоии “Ахтарон” ва як қатор намояндагони ташкилотҳои ҳизбӣ, аъзои фаъоли ҳизб, кормандону ҷонибдорони ҲХДТ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст ҳамоишро Содиқиён Умед Алимаҳмад – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» боиси ифтихору сарфарозии мо ҳизбиёни буда, қадами муҳим дар роҳи истифодаи зеҳни сунъӣ барои рушди устувор, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар қабули санадҳои байналмилалӣ бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад.
Дар ин раванд, доктори илмҳои ҳуқуқ, Сангинзода Дониёр – муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Дипломат”, доктори илмҳои таърих, Қурбонова Ширин - муовини раиси КИИ “Хирадмандон”-и ҲХДТ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, Зарифзода Афзалшоҳ – раиси ташкилоти ибтидоии “Фотон” ва номзади илмҳои физикаю математика, Буризода Анвар – раиси ташкилоти ибтидоии “Ахтарон” маърӯза ироа намуда, оид ба аҳмият ва нақши қатъномаи мазкур баромад карданд, ки истифодаи зеҳни сунъӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидати фаъол менамояд.
Директори Институти астрофизикаи АМИТ, н.и.ф.м. Бӯризода А.М.
2025-07-03 21:36:19
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТЕРОИД”
СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ОММАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТЕРОИД”
Имрӯз, 3 июли соли 2025, дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинари илмӣ-оммавӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии астероид” бо мақсади ҳамқадам будан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба масъалаи муҳофизати сайёраи Замин аз хатари таҳдидҳои ҷирмҳои кайҳонӣ ва дар доираи Нақша чорабиниҳои Институти астрофизикаи АМИТ баргузор гардид.
Семинар бо сухани ифтитоҳии директори Институти астрофизикаи АМИТ, номзади илмҳои физика ва математика Бӯризода Анвар Маҳмад оғоз гардид. Дар баромади худ ӯ аҳамияти таҳқиқи астероидҳоро дар заминаи таъмини амнияти кайҳонӣ, рушди илмҳои астрономӣ ва иштироки муассисаҳои илмии кишвар дар барномаҳои глобалӣ таъкид намуд. Мавсуф ҳамчунин қайд намуд, ки Институт омода аст дар ҳамбастагӣ бо дигар муассисаҳои илмии минтақа ва ҷаҳон нақши фаъолтарро дар самти мониторинг ва таҳлили ҷирмҳои кайҳонӣ нақши созгор гузорад. Мақсади асосии семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии илмӣ ва оммавӣ дар мавриди хатари эҳтимолии ҷирмҳои кайҳонии наздизаминӣ (астероидҳо), нақши илмҳои кайҳонӣ дар таҳқиқи онҳо, инчунин мусоидат ба тақвияти робита байни ҷомеаи илмӣ ва аҳолии васеъ буд. Семинар ҳамчун минбари муҳими табодули афкор, муаррифии натиҷаҳои илмӣ ва таҳкими ҳамкориҳо миёни сохторҳои илмӣ ва омӯзишӣ хидмат намуд.
Дар кори семинар намояндагони соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқ ва табиӣ, аз ҷумла устодону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, докторантон, магистрантон,
кормандони марказҳо ва институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, муттахассисони соҳа, ва ҳамчунин ҳаводорони астрономия ва рӯзноманигорон иштирок варзиданд.
Солҳои охир мушкилоти марбут ба ҷирмҳои хурди байнисайёравӣ, аз ҷумла астероидҳои наздизаминӣ, ба як мавзӯи муҳими ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Бо дарназардошти
хатари эҳтимолии онҳо ба сайёраи Замин, Созмони Милали Муттаҳид санаи 30 июнро ҳамчун Рӯзи байналмилалии астероид эълон кардааст. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии кайҳонӣ, аз ҷумла ESA ва NASA, роҳандозӣ шудааст.
Дар ҷараёни семинар баромадҳои илмӣ ва илмӣ -оммавии зерин шунида шуданд:
1.
Бӯризода А.М. Cаҳми институти астрофизика дар омӯзиши астероидњои эњтимолан хатарнок.
2.
Хуҷаназаров Ҳ.Ф., Пирова В.С. Объектҳои ба замин наздикшаванда – таҳдиди воқеӣ ба амнияти инсоният.
3.
Алимов О.А., Муродова М.З. Воздействие
сейсмической активности на F - область ионосферы.
4.
Нормахмедов Н.О. My Year of Research in
China.
5.
Амиралиев С.К. Бархӯрди ғайричандирӣ дар кайҳон.
Семинар бо фаъолияти фаъоли иштирокчиён ва мубоҳисаву саволу ҷавобҳо ҷамъбаст гардид. Мавзӯъҳои муҳокимашуда ба таври васеъ равшанӣ андохта, зарурати рушди минбаъдаи илмҳои астрономӣ ва технологияҳои вобаста ба назорати ҷирмҳои кайҳониро нишон доданд.
Институти астрофизикаи АМИТ дар ихтиёр се пойгоҳи илмии мушоҳидавӣ дорад: Расадхонаи астрономии Ҳисор, Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглох ва Расадхонаи Шорбулоқ воқеъ дар н. Мурғоб. Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон бо имкониятҳои мусоиди мушоҳидавӣ дар баландиҳои гуногун аз сатҳи баҳр, шароити беҳамто барои таҳқиқи ҷирмҳои хурд доранд. Ин расадхонаҳо метавонанд ҳамчун пойгоҳи асосии мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ (астероидҳо) истифода шаванд.
Семинари баргузоршуда нишон дод, ки рушди илми астрономия ва татбиқи натиҷаҳои он дар амнияти глобалӣ нақши калидӣ дорад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои инфрасохтори беназири астрономӣ метавонад дар таҳқиқи астероидҳо ва таҳияи чораҳои муҳофизатии сайёраи Замин
аз ҷирмҳои кайҳонӣ саҳми арзанда гузорад. Ин чорабинӣ на танҳо ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дониш дар ҷомеа кумак кард, балки як заминаи хуб барои ҳамкориҳои наву васеътар дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ гардад. Расмҳо замима мегарданд.
Директори
Институти астрофизикаи АМИТ
Бӯризода А.М. 03.07.2025
Суратгузориш аз рафти семинари илмӣ
2025-06-30 11:02:04
ОБЪЕКТҲОИ БА ЗАМИН НАЗДИКШАВАНДА – ТАҲДИДИ ВОҚЕӢ БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ
ОБЪЕКТҲОИ БА ЗАМИН НАЗДИКШАВАНДА – ТАҲДИДИ ВОҚЕӢ
БА АМНИЯТИ ИНСОНИЯТ
(30 июн “Рӯзи байналмилалии
астероид”, ҳадаф: огоҳии мардум аз хатари эҳтимолии астероидҳо ва дигар
объектҳо ба Замин)
Дар солҳои охир
таваҷҷуҳи олимон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба омӯзиши объектҳои ба Замин наздикшаванда
(ОЗН) ба таври бесобиқа афзудааст. Объектҳои ба Замин наздикшаванда яке аз
таҳдидҳои ҷиддӣ ва воқеӣ барои амнияти сайёраи мо ба шумор мераванд. Ин
объектҳо метавонанд астероидҳо ё кометаҳо бошанд, ки дар мадорҳои худ ба мадори
Замин наздик шуда, ё ҳатто онро бурида мегузаранд. Бо дарназардошти суръати
баланди ҳаракат ва андозаи онҳо, дар ҳолати бархӯрди чунин объект бо Замин,
мумкин аст паёмадҳои харобиовар ва фоҷиаборе ба вуҷуд оянд.
Тибқи маълумотҳои
Маркази НАСА оид ба омӯзиши объектҳои наздикшаванда ба Замин, то имрӯз зиёда аз
16 ҳазор чунин объект ошкор ва ба қайд гирифта шудааст. Баъзе аз онҳо ба таври
доимӣ назорат карда мешаванд, зеро имкони наздикшавии хавфноки онҳо ба Замин
дар оянда мавҷуд аст. Бо афзоиши технологияҳои мушоҳидавӣ ва баландравии
дақиқии телескопҳои замонавӣ ва кайҳонӣ, ҳар сол садҳо объекти нав ошкор
мешаванд.
Бархӯрди як ОЗН бо
Замин метавонад боиси рӯй додани заминларзаҳои шадид, сӯхторҳо, сунамӣ ва ҳатто
тағйироти глобалии муҳити зист гардад. Таҷрибаи таърихӣ низ ин масъаларо тасдиқ
мекунад. Масалан, бархӯрди эҳтимолии як астероиди бузург ба Замин тақрибан 66
миллион сол пеш боиси нест шудани динозаврҳо ва бисёре аз намудҳои дигари ҳаёт
гашта буд.
Аз ин рӯ, омӯзиш,
мушоҳида ва таҳқиқи ОЗН барои пешгирӣ ва таҳияи чорабиниҳои муҳофизатӣ аҳамияти
ҳаётӣ доранд. Ин таҳқиқот на танҳо дар соҳаи астрономия ва кайҳоншиносӣ муҳим
мебошанд, балки барои рушди стратегияи мудофиаи сайёравӣ, ҳамоҳангсозии
байналмилалӣ ва ҳифзи муҳити зист низ нақши муҳим мебозанд.
Ба ин хотир,
ташкили барномаҳои муштарак байни муассисаҳои илмии ҷаҳонӣ, васеъ кардани
шабакаҳои мушоҳидавӣ ва таҳияи технологияи баргардонидани ё безараргардонии ин
гуна объектҳо вазифаҳои муҳим ва афзалиятноки илм ва амнияти ҷаҳонӣ ба ҳисоб
мераванд.
Дар таърихи
мушоҳидавӣ, як қатор ҳодисаҳои марбут ба бархӯрди ҷирмҳои кайҳонӣ ба Замин сабт
шудаанд, ки таъсири ҷиддӣ ба бор овардаанд. Яке аз чунин ҳодисаҳои маъруф,
ҳодисаи метеорити Тунгус мебошад, ки 30-юми июни соли 1908 дар қаламрави Сибир
(Федератсияи Россия) рух дод. Андозаи тахминии ҷирми воридшуда тақрибан 50–100
метр буда, таркиши он боиси нобудшавии даҳҳо миллион дарахтон дар масоҳати беш
аз 2000 километри мураббаъ гардид. Ин ҳодиса то ҳол ҳамчун яке аз мудҳиштарин
ва таъсиргузортарин таркишҳои метеорӣ дар замони муосири мушоҳидавӣ ба ҳисоб
меравад.
Ҳодисаи барҷастаи
дигар, ки дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, суперболиди 23-юми
июли соли 2008 мебошад, ки дар осмони қисми ғарбии ҷумҳурӣ рух дода, бо садои
пурқуввати таркиш ва дурахши шадид ҳамроҳӣ шуд. Ин падида таваҷҷуҳи зиёдро дар
байни аҳли илм ба вуҷуд овард. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии
илмҳои Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса таҳқиқоти васеъ гузаронида, як қатор
мақолаҳои илмиро дар маҷаллаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ба нашр расониданд.
Ҳодисаи дигар, ки
таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард, 15-уми феврали соли 2013 дар наздикии
шаҳри Челябински Федератсияи Россия рух дод. Таркиши метеор дар атмосфера бо иқтидори
тақрибан 400–500 килотонни ТНТ ба амал омада, ба ҷароҳатҳои зиёди инсонӣ ва
хисоротҳои моли оварда расонд. Ин ҳодиса, пас аз Тунгус, дуюмин ҳодисаи бузурги
таркиши ҷирми осмонӣ дар атмосфера ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби мардум ва
дастгоҳҳо ба таври густурда сабт шудааст.
Астероиди Апофис – як таҳдиди эҳтимолӣ ба Замин
Дар асри 21
омӯзиши объектҳои ба Замин наздикшаванда (ОЗН) аҳамияти афзоянда пайдо
кардааст. Ин гурӯҳи ҷирмҳои осмонӣ, ки асосан аз астероидҳо ва кометаҳо
иборатанд, бо сабаби хатари эҳтимолии бархӯрд бо сайёраи мо таҳти назорати
доимии астрономҳо қарор доранд. Яке аз чунин объектҳои маъруф ва хатарнок, ки
таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи илмиро ба худ ҷалб намудааст, астероиди Апофис (99942
Apophis) мебошад.
Астероиди Апофис
бори аввал 19-уми июни соли 2004 аз ҷониби астрономҳои амрикоӣ дар Расадхонаи Китт-Пик
(ИМА) кашф гардид. Тибқи маълумоти мушоҳидавӣ, диамтери он тақрибан 340 метр
буда, аз ҷиҳати назариявӣ дар сурати бархӯрд метавонад ба минтақаи васеъи рӯйи
Замин харобиҳои азим расонад. Астероид бо суръати тақрибан 30 км/с ҳаракат
мекунад ва мадораш Заминро бурида мегузарад.
Хатар ва наздикшавӣ дар соли 2029
Баъд аз кашфи
Апофис, ҳисобҳои аввалия нишон медоданд, ки эҳтимолияти бархӯрди он бо Замин
дар соли 2029 метавонад ба 2.7% расад, ки ин як нишондоди хеле нигаронкунанда
барои муҳаққиқон ба ҳисоб мерафт. Аммо бо зиёд шудани мушоҳидаҳои астрономӣ ва
такмил ёфтани моделҳои мадорӣ, ин хатари эҳтимолӣ пурра рад гардид.
Бо вуҷуди ин,
13-уми апрели соли 2029, Апофис аз масофаи тақрибан 31000 км аз назди Замин
мегузарад, ки ин наздиктар аз мадори муқаррарии моҳвораҳои геомарказӣ аст. Дар
натиҷа, он дар баъзе минтақаҳо — махсусан дар Аврупо, Африқо ва Осиё — бо чашми
оддӣ дидан мумкин аст. Ин ҳодиса яке аз наздиктарин гузариши як астероиди
бузург нисбат ба Замин дар таърихи мушоҳидавии кайҳонӣ хоҳад буд.
Пешгӯиҳои солҳои минбаъда
Баъд аз соли 2029,
муҳаққиқон эҳтимолияти наздикшавии хавфноки Апофисро дар солҳои 2036 ва 2068
низ баррасӣ карданд. Ҳисобҳои муосир, аз ҷумла натиҷаҳои таҳлили NASA дар соли
2021, нишон доданд, ки дар 100 соли наздик Апофис ба Замин бархӯрд нахоҳад
кард. Бо вуҷуди ин, он дар феҳрасти объектҳои таҳти назорати доимӣ қарор дорад.
Аҳамияти илмӣ
Наздикшавии Апофис
ба Замин як имконияти нодир барои омӯзиши сохтор, таркиб ва рафтори астероидҳо
мебошад. Олимон ният доранд дар вақти гузариши соли 2029 онро бо
радиотелескопҳо, Расадхонаҳои рӯйизаминӣ ва ҳатто зондҳои кайҳонӣ таҳқиқ
намоянд. Апофис метавонад дар рушди илмҳои астероидшиносӣ, дифои сайёравӣ ва
омодагӣ ба таҳдидҳои кайҳонӣ нақши муҳим бозад.
Бо вуҷуди он ки
астероиди Апофис дар ояндаи наздик хатари воқеӣ надорад, он ба таври равшан
нишон медиҳад, ки омӯзиш ва назорати мунтазами ҷирмҳои осмонӣ барои таъмини
амнияти инсоният ва муҳити зист аҳамияти бузург доранд. Омӯзиши Апофис на танҳо
ҷанбаҳои илмӣ, балки аҳамияти стратегии глобалӣ низ дорад ва дар оянда
метавонад ба таҳияи барномаҳои мудофиавии сайёравӣ замина гузорад.
Рӯзи астероидро кӣ таҳия кардааст?
Муаллифони идея инҳо буданд:
Брайан Мэй,
астрофизик ва навозанда (гитаристи гурӯҳи рокии Queen);
Григорий Рихтерс,
коргардон ва муаллифи сенарияи филми фантастикии «51 дараҷаи кунҷӣ» дар бораи
бархурди астероидҳо ба Замин;
Даника Рамей,
президент ва директори фонди Бунёдии B612, ки барои муҳофизати Замин аз
астероидҳо бахшида шудааст;
Рассел Швайкарт,
олим – пажӯҳишгар, астронавти НАСА ва ҳаммуассиси фонди Бунёдии B612.
Идораи СММ оиди
фазои кайҳонӣ корро дар омӯзиши ОЗН барои мудатҳои тулонӣ қабул намуд, ки
таҳдиди чунин объектҳо зимни бархӯрд ба Замин масъалаи ҷаҳонӣ гардида, ҷустуҷӯи
ҳалли онро дар сатҳи байналмилалӣ талаб менамояд. Тадбирҳо оид ба чунин таҳдид,
аз ҷумла ошкор кардани ин гуна объектҳо ва банақшагирии амалҳои дахлдор ба
манфиати амнияти ҷомеаи ҷаҳонӣ амали муштаракро талаб мекунанд.
Дар асоси тавсияҳо
ва вокунишҳои байналмилалӣ оиди таҳдиди бархурди ОЗН соли 2013 аз ҷониби Кумитаи истифодаи фазои Кайҳон бо мақсади
осоишта пешниҳод гардид, ки Шабакаи
байналмилалии огоҳсозии астероидҳо ва
Гурӯҳи машваратии банақшагирии миссияи кайҳонӣ таъсис дода шавад ва
билохира соли 2014 ин ниҳодҳо таъсис
дода шуданд.
Шабакаи байналмилалии огоҳсозии астероидҳо (ШБОА) маълумотро бо кишварҳо мубодила мекунад, то онҳоро дар
пешгӯӣ ва кам кардани таъсири астероид дастгирӣ кунад.
Гурӯҳи машваратии банақшагирии миссияи кайҳонӣ (ГМБМК) як форумест, ки агентиҳои кайҳонӣ аз кишварҳои гуногунро
муттаҳид мекунад, ки технологияҳои тағйир додани масири ОЗН - ро муайян кунад.
Ин гурӯҳ инчунин ҳадаф дорад, ки дар мавриди татбиқи тавсияҳо оид ба дифои
сайёра аз таҳдиди бархӯрд бо объектҳои ба Замин наздикшаванда мувофиқат кунад.
Мутахассисон
пешниҳод доранд, ки мониторинги кайҳон пурқувват карда шавад. Объектҳои
хатарнок – кометаҳо, астероидҳо ва пораҳои онҳо – метеороидҳо хуб омӯхта
шаванд. Роҳҳои пешгирии бархӯрӣ пешбинӣ гарданд. Объектҳои андозаашон 50 метр
ва зиёд аз он барои Замин бениҳоят хатарноканд.
Созмони миллали
муттаҳид ин пешниҳодҳоро ба эътибор гирифта, ибтидо аз соли 2016 рӯзи 30 июнро Рӯзи байналмилалии астероид эълон намуд
ва ҳамасола таҷлил карда мешавад. Дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон маъракаҳои
махсус ба ин муносибат гузарнода мешаванд.
Таҳияи ходими калони илмӣ ва лаборанти калони Институти
астрофизикаи АМИТ: Хуҷаназаров Ҳ.Ф.,
Пирова В.С.
2025-06-26 16:22:01
ТАБРИКОТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
ТАБРИКОТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Муҳтарам кормандони
гиромиқадри
Институти астрофизикаи
Академияи миллии илмҳои
Тоҷикистон!
Бо камоли эҳтиром Шумо ва тамоми кормандони
Институти астрофизикаро
ба ифтихори Рӯзи
Ваҳдати
Миллӣ - яке аз муқаддастарин ҷашнҳои
давлатдории навини тоҷикон,
самимона табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, комёбиҳои
илмӣ,
ва рӯҳияи баланди ватандӯстона
таманно дорам.
Ҷашни
Ваҳдат рамзи якдигарфаҳмӣ, сулҳу
субот ва иттиҳоди
миллат аст, ки маҳз ба шарофати он миллати тоҷик тавонист суботи сиёсӣ ва рушди илму фарҳангро
таъмин созад. Дар ин раванд саҳми олимону донишмандони тоҷик, аз ҷумла
Шумо - аҳли фидоии илм ва тадқиқоти кайҳонӣ, шоистаи таҳсину арҷгузорӣ
мебошад.
Бовар дорам, ки Шумо минбаъд низ бо масъулияти
баланд ва садоқат ба арзишҳои
миллӣ
дар пешбурди илми астрофизика
ва боло бурдани нуфузи илмии кишвари азизамон саҳми шоиста мегузоред.
Бори дигар Рӯзи Ваҳдати Миллиро табрик гуфта, ба Шумо сулҳу осоиш, илҳоми эҷодӣ ва комёбиҳои нав дар ҷаҳони илм орзу мекунам!
Бо
эҳтиром,
Директори
Институти астрофизикаи АМИТ
Буризода
А.М.