
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТРОНОМИЯ
2025-05-01 17:20:30
РӮЗИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТРОНОМИЯ
Астрономия
яке аз илмҳои қадимтарин, дақиқтарин ва ҷолибу шавқовар аст, ки аз бомдоди
зиндагӣ инсонҳоро ба сӯи хеш мекашад ва ҳамеша лаззату фараҳ мебахшад, зеро он ба мо имкон медиҳад, ки табиати бепоёни оламро
бифаҳмем, ҷойгоҳи худро дар миёни ситорагон дарёбем, қувваи тафаккур ва
эҷодиётро бедор созем, технологияҳои навро рушд диҳем ва дар баробари таҳқиқи
илмӣ аз зебоии кайҳон лаззати эстетикӣ бардорем, то ҳар як зарраи рӯшноӣ дар
осмони шаб, аз Моҳ то дурахши зебои галактикаҳои дур, ба пояи тавонои маърифат
табдил ёбад.
Астрономия илме, ки касеро
бетераф гузошта наметавонад, рӯзи худро дорад, ки ба ҳодисаҳои соли 1973 рабт
мегирад. Дар он сол 1973 Дeг Бергер, президенти вақтаи Ассотсиатсияи астрономии
Шимоли Калифорния, пешниҳод кард, ки телескопҳоро ба кӯчаҳо барорем ва ба
мардум имкон диҳем осмони шабонаро бевосита бубинанд. Ин иқдоми оддӣ «Рӯзи
астрономия»-ро поя гузошт. Барои он ки ҳар кас битавонад осмони пурситораро
тамошо кунад, ҷашнро ба ду санаи қулай гузоштанд:
·
Рӯзи
баҳории астрономия: шанбеи наздик ба чоряки якуми Моҳ дар давраи аз нимаи апрел
то нимаи май;
·
Рӯзи
тирамоҳии астрономия: шанбеи наздик ба фазаи чоряки якуми Моҳ аз нимаи сентябр
то нимаи октябр.
Дар
ин шабҳо ҳаво гарм буда, торикӣ барвақт фаро мерасад ва барои мушоҳидаҳои
астрономӣ вақти роҳат аст.
Дар
соли 2025 рӯзи баҳории астрономия
ба 3-юми май ва рӯзи тирамоҳӣ бошад
27 сентябр рост меояд.
Аз замони қадим, ки низоми
оламро меомӯхтанд то инқилобҳои бузургони тоҷик дар асрҳои миёна, аз давраи Коперник,
ки Заминро аз маркази Коинот дур кард, то физикаи Эйнштейн, ки фазо ва замонро
тағйирёбанда эълон намуд, астрономия муҳаррики асосии таҳаввули фикри башар
буд. Омӯхтани кайҳон одамиро водор месозад мавқеъ ва нақши худ дар Коинот,
қудрати андеша ва ҳудуди маърифатпазирии оламро муайян намояд.
Ҳангоми мушоҳидаи зебоиҳои
кайҳон, рангорангии ситораҳо, печутоби галактикаҳо ва думи нотакрори кометаҳо,
инсон лаҳзае ҳам бошад, аз мушкилоти рӯзмарраи худ канор рафта, ба андешаҳои
абадӣ рӯ меоварад ва аз бузургии коинот лаззат мебарад. Дар ин сукути пуршӯри шабона,
ситораҳои заррин чун ҳарфҳои махфии осмон дар саҳифаи кабуди беохир медурахшанд;
галактикаҳо ба шевоӣ дар ҳалқаи нур мечарханд, гӯё таҳти оҳанги ҷозибаи ҷаҳонӣ мисли
сӯфиён ба само мераванд; кометаҳо мисли ҳикояҳои кӯҳан бо ёди рӯзгори пешин дар
фазо хат мекашанд. Ин манзара аз даруни сиёҳии нурбор фарёди нозуки умед ва ниёзи
маърифату эҳсоси кунҷкобиро бедор мекунад: мо кистем, куҷо меравем, чаро ин
ҳисси беному нишон – ҳаяҷони ошиқона ба олами пурасрор –ҳамеша моро ба боло
нигаристан водор месозад? Астрономия,
чун оинаи азими рӯ ба бекарона, на танҳо қонуниятҳои таҳаввули оламро ошкор
мекунад, балки қалби моро ба суръати рӯшноӣ метапонад, то бифаҳмем: ҳар ҳуҷайраи
узвҳои мо резае аз чангест, ки дар қаъри ситорагон шакл гирифт ва ҳар орзуе, ки
ба осмон равона месозем, дар риштаҳои нур ба ҷавоб табдил меёбад. Ҳамин замон,
ки ҳавои шаб ранги кабуди торик мегирад, инсон дар хурдии худ бузургӣ меёбад:
аз як қатраи хурди фардият ба баҳри яккаву ягонаи олам мепайвандад. Астрономия
ба мо меомӯзад, ки назар ба дуртар кардан танҳо роҳи дидани наздиктарин ҳақиқат
аст: мо ҷузве аз олами бекаронем ва ин моро ба беинтиҳоӣ мебарад.
Бӯризода
Анвар Маҳмад,
Ризои Баҳромзод