ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
single-product

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

2025-02-06 16:26:42

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР РАСАДХОНАИ АСТРОНОМИИ ҲИСОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ  АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

Дар асоси дастуру супоришҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои сарсабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои он дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Бо ин мақсад, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ҷаласаи назоратии назди президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз  27-уми январи соли 2025, № 4 ҳисобот доир ба банди 11 дар Расадхонаи астрономии Ҳисор чорабинии ниҳолшинонӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани гирду атрофи биноҳои ёрирасон гузаронида шуд. Ҳайати кормандони Институт дар чорбинии мазкур фаъолона иштирок намуда зиёда аз 100 дарахтони мевадиҳанда (себ - 40 дона, олӯ – 20 дона, олӯча -20), ороиши ва сояафкан (40 дона) шинониданд.

Ҷараёни чорабинии ниҳолшинонӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор бо замимаи аксҳо.