ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
single-product

ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

2024-11-21 17:11:07

ПАРЧАМ ИФОДАГАРИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ ВА РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ


Парчами нангу номи мо,

Пораи ҷисму ҷони мо.

Сурху сафеду лоларанг,

Парчами Коваёни мо.

Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлати ба шумор рафта, бузургтарин арзиши имрӯзу фардои миллат мебошад. Ин рамзи давлатӣ, нишон аз давлати комилҳуқуқу дунявӣ ва ягона мебошанд. Аслан рамзҳое, ки дар ин ё он мамлак мавҷуд аст, ифодагари ҳуввияти ҳамон миллату халқ мебошад. Таърихи соҳиби парчам гардидан дар сиёсати давлатдории тоҷикон ба қарнҳои дур рафта мерасад. Бахусус дар замони давлатдории Пешдодиён, Каёниён, пеш аз ҳама, рамзи давлатдори дар парчамбардории онҳо зоҳир меёфт. Аҷдодони мо парчами худро доштанд, ки ифодагари қудрат, тавоноӣ, фарҳанг, сиёсат, иҷтимоию иқтисодиёти давлаташонро нишон медод. Дар замонҳои қадим миёни мардуми одди урфу одатҳое буд, ки тибқи он ақидаҳои худ парчамро тоҷи сар мекарданд. Ин эътиқод нерӯю тавоноиро дар замиру тинаташон нишон медод.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Ин сана минбаъд ҳамчун ҷашни умумимиллӣ бори аввал рӯзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» бошукӯҳ Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта шуд. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба муносибати Рӯзи Парчам 23-юми ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста, гуфтаанд:

«Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».                                              

«Парчам» вожаи суғдӣ («parcam») аст, ки маънои «зулфу кокул» ва ҳамчунин «пӯпаки абрешимӣ, мӯй ё думи ғаҷговро мегуфтанд, ки бар сари дирафш ё найза мебистанд». Ин вожа аз забони суғдӣ ба забони форсӣ роҳ ёфта ва бо гузашти замон, бар ҳукми итлоқи ҷузъ бар кулл, бар худуди дирафш низ гуфта шуд.

«Дирафш» зери се модаи луғавӣ чунин маънидод шудааст:

ДИРАФШ I -олоти нӯгтези дастадоре, ки бештар мӯзадӯзон барои сӯрох кардани чарм ва гузаронидани сӯзан ба кор мебаранд, дарафш.

ДИРАФШ II – ки парчам, ливо, байрақ: дирафши ковиёӣ, дирафши сурх.

ДИРАФШ III– ки дурахш, дурахшидан, тобандагӣ, дурахшиш.

Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар ҷаҳон (165 метр) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид гардид.

Имрӯзҳо парафшонии парчамонро дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали мебинем, ки ин боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Варзишгарон дар бахшҳои гуногун бо дастоврдҳои хеш, аҳли фарҳанг, илму маъориф ва дигар қишҳои ҷомеа дар минбарҳои баланди сатҳи байналмилали бо парчами хеш муаррифи мегарданд. Дар ин радиф саҳми ходимони илмӣ, бахусус ходимони илмии Институти астрофизикаи АМИТ назаррас буда, дар муаррифии парчами кишвар дар арсаи байналмилали намоён аст. Саҳми олимони Институти астрофизикаи АМИТ-ро дар рушди илми астрономия ба назар гирифта, Ҷамъияти байналмилалии астрономҳо ба якчанд сайёраҳои хурд номҳои олимони тоҷику расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон, инчунин ба номи Тоҷикистон (сайёраи хурди – 2469 Tadjikistan) гузошта шудааст. Мо аз он мефахрем, ки парчами мо на танҳо дар рӯи Замин парафшони мекунад, балки дар Кайҳон низ бо номи Тоҷикистон “парафшон” аст.

Дар замони муосир парчами ҳар давлат рамзи озодӣ, соҳибистиқлоли ва соҳибдавлатии ҳамон кишвару миллат мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҳама давру замонҳо парчамро ҳамчун тоҷи давлату давлатдорӣ медонанд ва онро дар болои қасру боргоҳҳои гуногун меафрозанд. Дар замони пеш ҳамин ҷилваи парчам дар болои кохи шоҳон дида мешуд, ки аз пойдору устувор будани давлат гувоҳӣ медод. Агар дар ҳолати ҷангӣ парчами яке аз тарафҳо афтонда мешуд, ин маънои онро дошт, ки лашкари бепарчам ҳуқуқи ҷангиданро надорад ва дар ин сурат рӯҳия ҷанговарон мешикаст. Имрӯз он нишонаҳое, ки мо дар парчамамон мебинем, ифшогари қудратмандии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст. Дар ин рӯзҳо мо зери сояи парчами миллӣ пирӯзии кишвару давлати хешро мебинам. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки Парчам нишони сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии кишвар аст. Дар арсаи байналмилали ҳар миллату давлатро аз рӯи рамзҳояшон, хусусан парчамаш мешиносанду эътирофаш мекунанд.

Бигзор ҳамеша ва абадан Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон ҷилвагару парафшон бошад. Зиндаву ҷовидона бошад, парчами мо ва давлатдории тоҷикон пойдору устувор боқӣ монад.

Ходими илмии Институти астрофизики АМИТ:

Хуҷаназаров Ҳабибҷон Файзалиевич

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )