ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД
single-product

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД

2024-11-12 22:05:02

БАРГУЗОРИИ “РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ” ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА КОРНАМОИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ВОБАСТАГИИ АМИҚ ДОРАД

Баргузории “Рӯзи Президент” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масири 32 соли истиқлолияти давлатӣ вобаста буда, дар бунёди идораи давлатдории президентӣ ва ташаккули давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёд заминаҳои воқеии бе ҳамторо гузоштааст.

Инчунин идоракунии давлат бо шакли президентӣ ба мо барои ба эътидол овардани вазъи сиёсию ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ ва бунёди давлати соҳибистиқлол замина гузошта дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иљтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванд мусоидат намуд.

Бояд қайд намуд, ки таъсиси ниҳоди президентӣ дар кишвар марҳилаи нави рушди давлатдории миллиро замина гузошта, воқеиятҳои аслии амалишавии унсурҳои давлати демократиро ба миён гузошт.

Дар раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз омилҳои муҳим ин баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он дар вазъи ҳассос ва мураккаби таърихии халқи тоҷик баргузор гардид. Ин Иҷлосия ҳамчун пойдевори асосии бунёди давлатдории миллӣ ва сарҷаъм орандаи миллати тоҷик дар он рӯзҳо маҳсуб гардида, заминаҳои устувори ташаккули Истиқлолияти сиёсии кишварро мустаҳкам намуд.

Дар Иҷлоисияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 масъалаи муҳим дар бахши ба эътидол овардани вазъи кишвар мавриди муҳокима қарор гирифта, 74 санадҳои муҳими сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, аз қабилӣ қонунҳои мукаммал, тағйиру иловаҳо, қарор ва фармонҳо ба тасвиб расид, ки дар бунёди давлатдории миллӣ ва фаъолияти қонунгузории давраи навини Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он ба таҳкими пояҳои давлатдории милӣ бисёр заминаи воқеиро гузошт.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки яке аз муҳимтарин дастоварди бузурги ин иҷлосияи таърихӣ интихоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахсияти барҷастаи сиёсат ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Қобили зикр аст, ки дар ин рӯз (16 ноябри соли 1994) баъди дар интихоботи умумихалқӣ пирӯз гаштан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 21-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум тантанавор савганд ёд карда, ба сифати Президенти кишвар фаъолияти кории хешро оғоз намудан. Ин рӯз дар ҳақиқат рӯйдоди муҳимми таърихӣ ба шумор рафта, онро бояд халқи Тоҷикистон ҳамчун «Рӯзи Президент» таҷлил намояд ва сабаби ҳамчун рӯзи Президент интихоб гаштани 16 ноябр маҳз ба ин омил вобаста аст.

Воқеан таҳлилҳои болозикр аз он гувоҳӣ медиҳад, ки бунёди давлати навини тоҷикон ба корнамоиҳои таърихиву сиёсии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад.

 

Маҳсули заҳматҳои шоистаи Пешвои миллат дар он аст, ки кишвари мо дар масири 32 соли таърихи истиқлолият ба сулҳу ваҳдати миллӣ расид ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон минбаъд, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардид.

Муалифон: Ҳамроев У.Х., Аюбов Д.Қ.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )