ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > ХУРУФОТПАРАСТӢ СИЛОҲИ ИФРОДГАРОӢ АСТ
single-product

ХУРУФОТПАРАСТӢ СИЛОҲИ ИФРОДГАРОӢ АСТ

2024-02-02 14:53:45

Дониш андар дил чароғи равшан аст

Ва аз ҳама бад бар тани ту ҷафшан аст.

 

 ХУРУФОТПАРАСТӢ СИЛОҲИ ИФРОДГАРОӢ АСТ

 

Қоҳирова Г.И.

Раёсати Академияи миллии илмњои Тоҷикистон,

Институти астрофизикаи АМИТ

 

Падидаҳои ниҳоят хатарноки иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки ифротгароӣ ва навъҳои он – амалҳои террористӣ дар заминаи ҷиноят, зуҳуроти ифротгароии миллатгароӣ, ифротгароии мазҳабӣ, ки ба амнияти ҷаӽон ва инсоният таҳдиди глобалӣ доранд, мушкилоти имрӯзаи ҷомеа гардидааст. Даҳҳо ҳазор таркишҳои террористӣ аллакай дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон рух додаанд ва рӯйхати қурбониёни онҳо тӯлонӣ шудааст. Силсилаи ҳамлаҳои террористӣ дар солҳои охир дар Иёлоти Муттаҳида, Россия, Испания, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Ироқ, Индонезия, Фаронса ва дигар кишварҳо бемисл буд ва нишон дод, ки механизмҳои муқовимат ба терроризм феълан дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба сатҳ ва хусусияти таҳдиди террористӣ мувофиқат намекунад. Айни замон мубориза бо таркишҳои террористӣ вазифаи маҳаллии як кишвар нест ва воқеан як мушкилии ҷаҳонӣ мебошад.

Терроризм дар паси шиорҳои гуногун ба монанди ифротгароии мазҳабӣ ва сиёсӣ пинҳон шуда, боиси сар задани низоъҳои байни миллатҳо ва гурӯӽӽои маӽаллӣ ва зуҳуроти ҷудоихоҳии минтақавӣ гардида, барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дорад.

Ҳоло терроризм кӯшиши худро  торафт мукаммал мекунад, то ки ба ҳадафҳои харобиовари худ бирасад. Яке аз аслиӽаи чунин таъсир бо ниқоби динӣ рӯйпӯш шуда,  истифодаи ӽуруфотпарастии шаӽрванд мебошад.

Даврањое, ки инсон аз қонунҳои табиат бехабар буд, ҳар дам оҷизии худро эҳсос мекард. Тангназарӣ то дараҷае буд, ки раъду барқ, шамол, Офтоб, Моҳ ва ғайра ҳадафи ибодат ба шумор мерафтанд. Дар ин замина гурўҳҳои экстремистӣ ба вуҷуд омада, саъй мекунанд, ки тавассути ифротгароӣ ва терроризм ба натиҷаи дилхоҳ ноил шаванд.

Фарди муосир ба ҳуруфот бовар намекунад, риоя кунад ҳам, онро анъанавӣ, ҳамчун  урфу одати миллӣ қабул кардааст. Парастиши ҷирмҳои осмонӣ ва дарк накардани  равандҳои ҷамъиятӣ (масъалан, шўриш ва ҷангҳои истилогарона), тассавуроти фантастикӣ дар бораи таъсири сайёраву ситораҳо ба рўйдодҳои заминӣ пайдо шуданд. Инкишофи илму маърифати оммавӣ тадриҷан сарҳади хуруфотпарастиро маҳдуд кард, лекин то ҳол байни одамони тангназар  ақидаҳои бардурўғу бемаънӣ ба монанди фолбинӣ, эътиқод ба тақдиру қисмат ва ғайра  мавҷуданд.

Масъалан оҳиста ноаён шудани Моҳ ва ранги сурх гирифтани он аз тарафи одамони хуруфотпараст ҳамчун наздикшавии «қиёмат» (охири дунё) шарҳ дода мешавад. Дар баъзе маҳалаҳо нақора зада мардуми торикфикрро ба ҳарос меафтонанд. Ҳақиқати ҳол дар он аст, ки  Моҳ ба сояи Замин меафтад ва ин ҳодисаро гирифти Моҳ меноманд. То ба Кайҳон қадам гузоштани инсон яке аз далелҳои курашаклии Замин маӽз сояи он дар сатҳи Моҳ буд. Масофаи кутоҳтарини байни Замину Моҳ 363000 километр мебошад. Дар ин масофа сояи Замин аз диаметри Моҳ, тақрибан, 2.5 маротиба зиёд аст ва дар ҳолати дар як хати рост мавҷуд будани Офтоб, Замин ва Моҳ, Моҳ ба сояи Замин ворид мешавад. Ин ҳодиса соле аз ду то чор маротиба такрор мешавад. Муддати аз сояи Замин гузаштани Моҳ ҳам гуногун аст ва сабаби ин гуногун будани ҳамвориҳои ҳаракти Замину Моҳ мебошад. Вақти зиёдтарини  аз соя гузаштан қариб 108 дақиқа аст. Гирифти Моҳ ҳодисаи даврӣ, яъне такроршаванда аст ва таърихи яке аз гирифтҳоро дониста, бо осонӣ ин ҳодисаро пешгўи кардан мумкин аст. Ҳамин тавр, гирифти Моҳ дар соли 2024, 25 март ва 18 сентябр пешбинӣ шудааст.

Ранги сурх гирифтани Моҳ ҳангоми гирифт ба атмосфераи Замин вобаста аст. Ҳатто ҳангоми гирифти пурра нурҳои Офтоб ба Моҳ рафта мерасанд ва атмосфераи Замин ба нурҳои сурху норинҷи нисбатан шаффоф аст. Маҳз чунин хосият ҳангоми ғуруби Офтоб мушоҳида мешавад. Чунин ҳодиса ва далелҳоро бешумор овардан мумкин аст.

 Бо мақсади мутеъ доштани омма ва беҷавобгарӣ истифода бурдани  халқи оддӣ, ҳар гуна гурўҳҳои ифродгар (террористию экстремистӣ) ҳуруфтопарстиро паҳн мекунанд. Ҳодисаҳои табиатро бо равандҳои ҷамъиятӣ вобаста карда, аз тангназарии шахсони алоҳида истифода мебаранд ва афсонаҳо дар бораи тақдир мебофанд. Шиносоӣ бо қонунҳои оддии табиат ва ҷамъият ҳадафи чунин гурўҳҳоро бекор месозад. Пешгирии экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як шаҳрванд низ мебошад ва саҳми олимон дар ин ҷодда беназир мебошад.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )