ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

single-product

ПАЁМ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

2024-01-15 14:18:57

ПАЁМ РОҲНАМОИ МИЛЛАТ

Ҷонмуҳаммади А.И. ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Хуҷаназаров Ҳ.Ф. ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, дар навбати аввал муҳимтарин самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян карда шуда, вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масаъалаҳои мубрами кишвар вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.

Ин паём нуктаҳои барои пешрафту тамаддуни кишвар муҳимро фарогир буда, дар он ҳамаи самтҳои фаъолияти кишварамон натиҷагирӣ гардида, нақшаҳо барои фаъолияти минбаъда тарҳрезӣ гардидаанд. Яке аз соҳаҳои муҳими давлат, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад соҳаи илму маориф мебошад. Аз ҷумла қайд шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ бо фароҳам омадани имконият аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид ва Ҳукуати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дода истодаанд. Воқеан ҳам бесабаб нест, ки Сарвари давлат ба рушди соҳаҳои маориф ва илм диққати хоса зоҳир менамоянд. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои рушдёфтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки онҳо маҳз бо такя ба маориф ва илм ба дараҷаи баланди тараққиёти худ расиданд ва дар муносибатҳои байналхалқӣ мақом ва нақши муассир доранд. Яке аз нуқтаҳои Паём ин буд, ки “Мо чӣ қадар маблағе, ки лозим бошад ба соҳаи илм равона мекунем”.

Дар ҳақиқат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат як қатор иқдомҳои муҳим дар ин самт амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла аз иқдомҳои солҳои охир эълон гардидани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», таъсиси Озмуни ҳамасолаи ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат», Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» оинаи таърихи миллат», «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм» ва озмунҳои дигар мисоли инҳо иқдомҳои созандае мебошанд, ки аз онҳо на танҳо аҳли илм, балки ҳамаи қишрҳои ҷомеа баҳра мегиранд. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Дар Паёми солонаашон Пешвои муаззами миллат бисёр суханҳои пурмӯҳтаворо ибрози назар намуданд, ки: “Илми тоҷик бояд инкишоф ёбад! Олимони ҷавонро тарбия намоед! Ҳамаи он озмунҳоеро, ки ташкил кардам, бо ҳамин ҳадаф аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем. Ин гуфтаҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки Пешвои миллат маорифро асоси наҷоти миллат дониста, пешрафти ҳамаҷонибаи кишварро аз мутахассисони варзидаю кордон ва дорои ҷаҳонбнии васеъ дошта арзёби менамояд.

Дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар яке аз ҳадафаҳои асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат дар доираи Паёми имсола беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишварро масоили калидӣ таъкид карда, аз ҷумла ишора фармуданд, ки аз якуми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мешавад. Ҳамзамон бо ин, Сарвари давлат масъалаи аз 1 июли соли 2024-ум 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳоро ба миён гузошта, дар ин замина ба тасвиб расидани дастуру фармоишоти заруриро ёдовар шуданд. Сарвари давлат, ҳамчунин бар он афзуданд, ки аз 1 июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин стипендияҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Ҳамин тариқ, аз 1 июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад, ки ин тарзи масъалагузории иҷтимоию молиявӣ дар мамлакат бесобиқа аст.

Дар Паёми Сарвари давлат ҳамчунин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ масъалаи энергетикӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат хулоса карданд, ки бо амалисозии тадбирҳои мазкур то соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо “энергияи сабз” таъмин гардида (ҳоло 98 фоиз), дар ин замина аз рӯйи меъёрҳои байналмилалӣ то соли 2037 партови газҳои гулхонаӣ то ҳадди ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Бо сухани дигар, Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037, воқеан ба “кишвари сабз” табдил меёбад. Чӣ тавре, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар доимо таъкид мешавад, дар ҷаҳони муосир масъалаи истеъмоли энергия хеле мубрам аст. Барқарорнашаванда будани захираҳои нафт, газ ва ангишт кишварҳои ҷаҳонро водор мекунад, ки дар бораи истифодаи манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ, аз қабили шамол, нури Офтоб ва гармии Замин чораҷӯӣ намоянд. Ҳоло манбаъҳои барқарорнашаванда энергия дар сохтори саноати ҷаҳонии энергетикӣ мунтазам энергияи атомиро иваз карда истодаанд. Баъзе садамаҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии давлатҳои ҷаҳон аксарияти кишварҳоро водор намуд, ки аз рушди энергияи атомӣ даст кашанд. Аз ҷониби дигар, тибқи арзёбии коршиносон энергетикаи ҳастаӣ айни замон гаронарзиштарин технология мебошад. Аз ин лиҳоз,  давлатҳои ҷаҳон сармоягузории хеле зиёдро ба технологияи сол аз сол арзоншавандаи манбаъҳои барқароршавандаи энергетикӣ равона менамоянд. Кишвари мо низ дар самти энерегиткаи сабз иқдомҳои созандаро роҳандозӣ карда истодааст ва чӣ тавре, ки аз ҷониби Сарвари давлат қайд карда шуд, ки “Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои гузошташуда зарур аст, ки дар солҳои оянда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар сохтору мақомоти марбута тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Бунёди неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Себзор» ва таҷдиди неругоҳҳои амалкунандаро бомаром идома дода, корҳо дар самти дарёфти маблағгузории иқтидорҳои нави тавлиди «энергияи сабз» ва ба 10 ҳазор мегаватт расонидани иқтидорҳои энергетикии кишвар вусъат дода шаванд”.

Дар интиҳо, қайд менамоем, ки мардуми кишварро водор месозад, ки дар амалисозии ҳадафҳои пешгузоштаи Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсола нақши калидӣ гузошта, дар пешрафти ҳамагуна самти фаъолият дастаҷамъона кӯшишҳо намоянд. Воқеан, ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат барои аҳли илму маориф ва дигар қишрҳои ҷомеа, ҳамчун роҳнамои асосӣ ба шумор рафта, ниҳоди калидии ҷомеаро водор месозад, ки ҷиҳати амалишавии тадбирҳои мазкур мароқи хосса зоҳир намоянд

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )