ПАЁМ – ДАСТУРИ РУЗМАРАИ МО
2024-01-15 14:14:44
ПАЁМ – ДАСТУРИ РУЗМАРАИ МО
Ќоњирова Г.И.
Институти астрофизикаи
Академияи миллии илмњои Тољикистон
Дар
солҳои
соҳибистиқлолии
давлатӣ бо талошу ҳидоятҳои
фарзанди
фарзонаи
миллат,
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон
дар
мамлакат
ислоҳоти
муҳим
ва
ҳадафманди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигаргуниҳои
муҳиме
рӯи
кор
омада,
омили
асосии
рушди
пайваста
ва
босуръати ҷомеаи
мутамаддини Тоҷикистони
муосир
гардиданд.
Санаи 28 декабри соли 2023 дар толори калони «Кохи Сомон»-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Паёми мазкури
Пешвои муаззами миллат тавассути Васоити ахбори омма ба таври мустақим пахш карда шуда, чун ҳамасола кулли сокинони кишвар мустақим ва ғайримустақим аз комёбиҳои тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардашуда ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои соли оянда огаҳӣ ёфтанд. Сардори давлат ба мақомотҳои ваколатдор, илму маориф ва дигар
қишрҳои ҷомеа ҷиҳати рушду пешрафти соҳа фикру андешаҳои судманд баён дошта, дастуру супоришҳои мушаххаси ояндасози хешро доданд. Хуб медонем, ки
баробари ба ҳайси Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи илму маориф ҳамчун самти пешбарандаи ҷомеа пазируфта шуда, таваҷҷуҳ ба он сол аз сол зиёд гардида истодааст. «Дар чунин шароит
омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифат дар ҳамаи бахшҳо, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забони хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли илму маориф мебошад» - омадааст дар Паёми Пешвои миллат. Инчунин, Сарвари
давлад таъкид намуданд, ки мо чӣ қадар маблағе, ки бошад ба соҳаи илм равона мекунем, дареғ намедорем.
Метавон гуфт, ки бо ироа гардидани Паём ҳазорҳо нафар мардуми касбу кори гуногун оид ба дастоварду пешравиҳои дар зарфи солҳои охир ноилшудаи Тоҷикистон маълумоти бештаре дарёфта, андешаи таҳияи нақшаву ниятҳои некро дар зеҳну зарфияти худ парвариданд.
Бо мақсади беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолӣ, мушкилотҳои мардум, шароити мусоид ва зиндагии хубу бароҳат яке аз нуқтаҳои асоси Паёми имсолаи
Сарвари давлатро дар бар мегирифт. Бо ин мақсад, аз якуми январи
соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 дар сад зиёд мегардад. Аз 1 июли соли
2024-ум нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ ва иловапулии онҳо 30 дар сад зиёд
шуда, ҳамзамон Сарвари давлат, афзуданд, ки аз 1
июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин идрорпулиҳо 40 дар сад зиёд мегардад. Бо
ин тартиб, аз 1 июли соли 2024 музди меҳнати ҳадди ақал, барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар мегардад.
Аз факту рақамҳои Паёми имсола бармеояд, ки музди миёнаи меҳнат беш аз 2 маротиб ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 маротиб афзудааст. Бо мавҷудяти афзудани арзиши мол дар
бозорҳои ҷаҳонӣ, солҳои равон дар мамлакат
сатҳи таваррум дар ҳадди эътидол нигоҳ дошта шуда, дар соли 2023, 3,8 фоизро ташкил намуд. Бо ин васила, дар
натиҷаи амалисозии
тадбирҳо сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз (2023) коҳиш дода шудааст.
Дар соли 2024
Сарвари давлат дастур доданд, ки тавассути татбиқи самараноки барномаву нақшаҳои қабулгардида суръати рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи на кам аз 8 фоиз
таъмин карда шавад.
Бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои буҷет баҳри рушди соҳаҳои маърифатию маданӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Сарвари давлат буда, дар Паёми имсола
дарҷ гардид, ки барои илму
маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ хароҷот аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд. Гуфтан бамаврид
аст, ки соҳаи илму маориф дар сиёсати давлатӣ ҳамеша нақши калидиро дошту дорад. Омӯзгор ҳамчун шахсияти мафкурасоз субъекти асосии
маорифи кишвар ба шумор рафта, таваҷҷуҳи асоси ба ин шахсият зоҳир мегардад. Дар ҳар як суханронии хеш Сарвари давлат вазъи мафкурасозӣ, давлатсозии милли ва пайвандии онро бо ҷомеа ба шахсияти омӯзгор нисбат медиҳад, ки дар Паёми соли 2022 чунин таъкид
карда буданд: “Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф намуда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст
мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф
оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”. Гузашта аз ин,
мушкилотҳои соҳаи маориф дар Паёми имсолаи Сарвари давлат бори дигар мавриди таҳлилу боздид қарор гирифта, таъкид намуданд: “Маҳз ба ҳамин хотир, мо дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои
рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ менамоем. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом, пеш аз ҳама, дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад. Фаромӯш набояд намуд, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.
Қисмати хотимавии Паём ба мо таъкид менамояд, ки бо вуҷуди авзои ноороми ҷомеаи ҷаҳонӣ, зиракии сиёсиро аз даст надода ҳадафмандона стратегияи давлат ва Ҳукуматро пайгири намоем ва чӣ хеле ки Сарвари давлат ҳамчун пешвои сиёсиамон бо як руҳияи баланди давлатдорӣ таъкид кардаанд: “Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона созем. Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати
Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем. Ман ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил дорам”.
Дар чаҳорчубаи Паём – як барнома – стратегияи давлатиро дидан мумкин аст, ки
зимни ироаи он аз ҷониби Сарвари давлат барои ҳамаи қишрои ҷомеа шунида шуд. Бо ин мақсад тамоми мардуми Тоҷикистонро вазифадор месозад, ки дар роҳи рушду инкишофи иқтисодиёт, нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ, пойдории ваҳдату ягонагӣ, тамомияти арзӣ, суботи сиёсӣ ва бо қадамҳои устувору амали рузмарраи хеш ба зиндагии арзанда бирасем.