ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > МУАРРИФИГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ
single-product

МУАРРИФИГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

2023-12-20 13:08:44

МУАРРИФГАРИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ

Дар раванди сиёсати давлатии “дарњои кушода” олимони кишвар имкон пайдо намуданд, ки натиљањои худро дар маърази байналмиллалї изњор намоянд. Дар ин маврид, аз дастгирию мусоидати њамешагии Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон олимон изњори миннатдорї баён менамоянд.

Ќоњирова Гулчењра Исроиловна, доктори илмњои физикаю математика, узви вобастаи Академияи миллии илмњои Тољикистон, директори Институти астрофизикаи АМИТ ва њамзамон и.в. ноиби президенти АМИТ, раиси Шуъбаи илмњои физикаю математика, химия, геология ва техникии АМИТ мебошад. Натиљањои бадастовардаи назарраси Ќоњирова Г.И. дар конференсияњои байналмилалї муаррифї гардида, дар маљаллањои кишвар ва маљаллањои таќризшавандаи бонуфузи байналмилалии ба нашр расидаанд. Ин аз он шањодат медињад, ки Ќоњирова Г.И. коршинос-кайњоншиноси маълум дар арсаи љањонї мебошад ва корњои илмии ў эътироф гардидаанд.

Ќоњирова Г.И. аз 28-уми октябр то 6-уми ноябри соли 2023 дар ш. Монреали Канада ќарор дошт. Маќсади сафари хизматї бањри иштирок кардан њамчун намояндаи Тољикистон ва коршиноси эътирофшуда дар нишасти бонувон-коршиносони кайњоншинос «Тањкими иќтидор љињати пешбурд ва дастёбї ба баробарии гендерї дар соњаи кайњоншиносї», ки аз 30 октябр то 03 ноябри соли 2023 дар шањри Монреал баргузор  гардид.

Нишаст аз љониби Кумитаи фаъолияти кайњонии Созмони Миллали Мутањид (UNOOSA) ва Ољонсии кайњонии Канада ташкил ва амалї гардид ва сафари Ќоњирова Г.И. пурра аз бурди гранти UNOOSA дастгирї ёфт. Дар кори нишаст масъалањои муњим оид ба тањкими иќтидор љињати пешбурд ва дастёбї ба баробарии гендерї дар соњаи кайњоншиносї баррасї гардиданд.  Дар кори нишаст зиёда аз 34 давлати љањон иштирок намуданд. Бояд ќайд намуд, ки Ќоњирова Г.И. ягона номзад аз минтаќаи Осиёи Миёна ширкат варзида Љумњурии Тољикистонро муаррифї намуд.

 Њангоми нишаст ў маърузаи илмї “International cooperation of women scientists as a precondition for gender equality in space research – Tajikistan case study” (Њамкории байналњалкии занони олим њамчун шарти хатмии баробарии гендерї дар тадќиќоти кайњон-Омӯзиши мисоли Тоҷикистон) доир ба сиёсати Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон нисбати дастгирї ва тањкими сањми бонувон дар љомеаи кишвар, риояи баробарии гендерї дар њамаи соњањои љомеа, аз љумла дар соњаи илму маърифат, баромад кард. Баромад оид ба сиёсати давлат дар соњаи илм ва дастовардњои кайњоншиносони кишвар аз тарафи кумитаи тадорукот ва иштирокчиёни нишаст баланд арзёбї карда шуд. Инчунин Ќоњирова Г.И.  дар кори нишаст фаъолона иштирок намуда аз таљрибаву корњои бонувони-коршиносон кайњоншинос аз минтаќањои мухталиф бањравар гардид.

Ќоњирова Г.И. њамчун коршиноси соњаи кайњон ва намояндаи Љумњурии Тољикистон дар Анљумани љањонии кайњонї «Фазои кайњонї барои ояндаи муштарак» дар ш. Венаи Австрия, аз 11 то 15 декабри соли 2023  ширкат кард. Нишаст аз љониби Кумитаи фаъолияти кайњонии Созмони Миллали Мутањид (UNOOSA), маќомоти њукумати иљроияи ш.Вена ва ташкил ва амалї гардид ва сафари Ќоњирова Г.И. пурра аз бурди гранти UNOOSA дастгирї ёфт. Дар кори Анљуман масъалањои муњим барои тамоми башарият оид ба ояндаи идоракунии фаъолияти кайњонї, барои тамоми инсон истифодаи баробари дастовардњои технологияњои кайњонї барои рушди устуворї љамъият баррасї гардиданд.  Дар кори нишаст коршиносон зиёда аз 80 давлати љањон иштирок намуданд. Њангоми Анљуман дар яке аз бањши он Ќоњирова Г.И. бо маърузаи илмї доир ба натиљањои тањќиќотњои кайњонї дар Тољикистон бо маќсади муаррифї намудани сиёсати давлат дар соњаи илм ва дастовардњои кайњоншиносони кишвар дар арсаи љањонї баромад кард.

 


Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )