Телескопи кайҳонии «Евклид»
2023-11-27 14:56:02
Телескопи кайҳонии «Евклид»
Оҷонси кайҳонии
Аврупо 1 –уми июли соли 2023 телескопи кайҳонии
«Евклид» -ро ба кайҳон партоб кард. Ин миссия ба
воситаи мушаки SpaceX Falcon 9 аз космодроми Канаверали Флорида партоб дода шуд.
Массаи «Евклид» 2 тонна, баландиаш 4,7 метр ва бараш 3,5 метр аст. Он ба телескопи кайҳонии Ҷеймс Уэбб, ки аз Замин дар масофаи 1,5 млн.км дар нуқтаи дуввуми Лагранж (L2) қарор дорад, пайваст шуд.
Аз он ҷо «Евклид» харитаи сеченакаи коинотро месозад, ки ду миллиард галактикаро фаро гирифта, беш аз сеяки осмонро фаро гирифтааст.
«Евклид» масофаи то 10 миллиард соли рӯшноӣ бояд бубинад. Ситораҳое, ки дар чунин масофаи дур чойгиранд нури онҳо (бо суръати 300 000 км/с) навакак ба Замин расидааст ва тавассути ин телескоп онҳоро мебинанд. Ба чунин масофа назар кардани «Евклид» маънои онро дорад, ки он ба 10 миллиард сол гузаштаи кайҳонӣ назар мекунад.
Ҳадафи асосии «Евклид» беҳтар фаҳмидани табиати материяи торик ва энергияи
торик аст, ки якҷоя 95% - и коинотро ташкил медиҳанд.
Мавҷудияти ҳардуи онҳо
комилан назариявӣ боқӣ мемонад, гарчанде
ки олимон мехоҳанд ба воситаи онҳо коинотро дарк кунанд.
Материяи торик ноаён буда, мавҷудияти онро танҳо тавассути объектҳое, ки ба ҳаракати онҳо ҷозибаи ин материя
таъсир мерасонад, муайян кардан мумкин аст.
Энергияи торик - қувваи номаълуме мебошад, ки боиси шитобгирии суръати васеъшавии
коинот мегардад.
Интизор меравад, ки «Евклид» табиати аслии нуҳуфтаи ин материяи торикро ифшо кунад, ва астрономҳо умедворанд, ки нигоҳи беҳамтои он ба коинот дар бораи кор ва таҳаввулоти он бо мурури замон равшанӣ хоҳад дод.
Манбаъҳо
- https://www.astronews.ru/cgi-bin/mng.cgi?page=news...
- https://3dnews.ru/.../evklid-zapolnyaet-baki-goryuchim...
- https://alev.cc/wp-content/uploads/2022/10/pia20059.jpg