ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > Ҷисмҳои хурди кайҳоние, ки вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиашон дар фазо номҳои гуногунро мегиранд: метеороид, метеор, метеорит.
single-product

Ҷисмҳои хурди кайҳоние, ки вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиашон дар фазо номҳои гуногунро мегиранд: метеороид, метеор, метеорит.

2023-10-09 09:22:16

Ҷисмҳои хурди кайҳоние, ки  вобаста ба мавқеъи ҷойгиршавиашон дар фазо номҳои гуногунро мегиранд: метеороид, метеор, метеорит.

Ҳусейн  Асоев

ходими илмии Институти асторфизикаи АМИТ 

Метеороидҳо. Метеороидҳо   ҷисмҳои хурди сахти кайҳонӣ  буда, аз  пораҳои астероидҳо ё боқимондаи газу чанги думи кометаҳо  ташкил ёфтаанд.  Андозаашон аз 10 мкм(микрометр. 1мкм = 0,00001) то даҳҳо метрро ташкил медиҳад. Чунин номро вақте мегиранд, ки агар берун аз атмосфераи Замин дар фазои кайҳон ҷойгир шуда бошанд.


Расми 1. Метеороид.

Метеорҳо.  Метеор аз калимаи юнонӣ гирифта шуда, маънояш «дар ҳаво буғшаванда»  мебошад.  Вақте, ки метеороидҳо ба атмосфераи Замин бо суръати аз 11 то 72км/с дохил шуда, дар ҳавои атмосфера соиш хурда, баъдан то ҳарорати алангазанӣ метасфанд ва сипас шуълавар шуда, сӯхта нобуд мешаванд. Дар ин  ҳолат онҳо номи метеорро мегиранд. Мардуми одди онҳоро «ситораҳои паррон» ном мебаранд.


Расми 2. Селҳои  метеорӣ.

Дар байни ниёкони оддии мо ва дигар халқиятҳо ақидае мавҷуд буд, ки гӯё ҳар як инсони рӯи Замин ба номи худ дар осмон ситора дорад, ва вақте, ки ситорааш аз осмон канда шуд, риштаи умраш канда шада мемирад. Вақте, ки дурахши метеорҳоро дар осмон медиданд, мегуфтанд, ки ситорае  аз осмон канда шуд ва одаме аз дунё гузашт. Ин ақида ҳоло ҳам дар байни мардуми оддӣ машҳур аст, ки хурофоте беш нест. Дар ҳақиқат ситораҳо аз осмон канда намешаванд, ва онҳо аз мо дар масофаҳо хеле дур воқеъ буда, ба зиндагии мо ва фаъолияти мо ягон таъсире намерасонанд.

Чуноне, ки  дар расм аён аст, ранги метеорҳо вобаста ба таркиби химиявиашон гуногун мешавад.


Расми 3. Ранги метеорҳо вобаста ба таркиби химиявиашон.

Метеоритҳо.Ҷисми метеороидие, ки ҳангоми ҳаракат кардан дар атмосфераи Замин қисман сӯхта, қисми дигираш ба сатҳи Замин меафтад, ба худ номи метеоритро мегирад.

  

Расми 4. Метеорит.

  Болид. Ҷисми метеорие, ки равшаниаш аз равшании сайёраи Зӯҳра (-4m. -4 қадри ситорагӣ ) зиёд аст, болид ё соқиба номида мешавад. Он дар ҳаво гулдуросзанон  ҳаракат карда, ба паси худ думи равшани дудиеро мемонад.  Дар охир он бо таъсири фишори астмосфераи Замин пора – пора шуда пораҳояш ба Замин меафтанд.


Расми 5 . Болид (Соқиба).

Расми 6. Метеороит, метеор, метеорит.

Манбаъҳо

1.     https://ru.wikipedia.org/wiki/Метео

2.     https://nversia.ru/imgs/thumbs_news/1603184928_1858357284_980-653.jpg

3.     https://prokop.udedamiti.ru/wp-content/uploads/2022/10/poisk-meteoritov-s-metalloiskatelem.jpg

4.     https://sun9-west.userapi.com/sun9-62/s/v1/ig2/dFmX_bE7qaDs7Y-0iknKvNhPese_8dzCW7y0qGHTn9iBXTAVTQ-atRkeJc2q6oZLbHqyPTg70TJOs9WSS-oAjI3W.jpg?size=1000x1000&quality=96&type=album

https://100urokov.ru/predmety/meteoridy-meteory-i-meteority

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )