ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > «Ситораҳои қатор» - и дар осмон ҳаракаткунанда чӣ ҳастан?
single-product

«Ситораҳои қатор» - и дар осмон ҳаракаткунанда чӣ ҳастан?

2023-08-02 09:55:11

«Ситораҳои қатор» - и дар осмон ҳаракаткунанда чӣ ҳастан? Ин саволест, ки вақтҳои охир мардум медиҳанд

Муаллиф: Асоев Ҳ.

Тақрибан тӯли ду сол аст, ки баъзеҳо бо ҳайрат аз як ҳодисаи дар осмон рухдиҳанда мепурсанд, ки дар осмон «ситораҳои қатор» аз як тарафи осмон ба тарафи дигари осмон ҳаракат мекунанд. Аз дидани ҳаракати ин «ситораҳои қатор» шояд баъзеҳо ҳатто тарсанд. Ва метарсам, ки баъзе хурофотпарастон аз ин ҳолат истифода бурда, дар байни мардуми омма ягон ваҳмеро ба вуҷуд оранд. Ба ҳамин хотир хостам оиди ин масъаламухтасар равшанӣ андозам.

«Ситораҳои қатор» - и дар осмон ҳаракаткунанда ягон чизи ғайриоддие нестанд , онҳо радифон(моҳвора, ҳамсафар ё русӣ- спутник) -и сунъии Замини мо ҳастанд, ки аз тарафи инсон патофта шуда, дар атрофи Замин бо суръати тақрибан 8км/с давр мезананд.

Ин «ситораҳои қатор» радифон ё моҳвораҳои хусусии Илон Маск соҳибкор инженер ва миллиардери амрикоӣмебошанд. Айни замон сармояи хусусии Илон Маск ба 240 миллиард доллар мерасад. Илон Маск асосгузори ду ширкати бузург - SpaceX (спейс икс) ва Tesla (тесла) мебошад. Ширкати SpaceX ба истеҳсоли техникаҳои кайҳонӣ ва ширкати Tesla ба истеҳсоли мошинҳои электрикӣ (электромобил) машғул аст.

Яке аз лоиҳаҳо (проект) – и бузурги ширкати SpaceX лоиҳа бо номи Starlink(старлинк) мебошад, ки барои сар додани радифони сунъи дар мадорҳои пасти Замин барои таъмини интернети баландсифат ва баландсуръат дар тамоми нуқтаҳои дунё новобаста аз мавқеъи ҷойгиршавӣ барои тамоми мардуми дунё мебошад.


Афзалияти лоиҳаи Starlink аз дигар лоҳаҳо дар он аст, ки радифони интернеттаъминкунандаи ӯ дар мадорҳои пасти Замин дар баландии аз 328км то 614км дар атрофи Замин ҳаракат мекунанд. Лоиҳаи Starlink радифонашро гурӯҳ – гурӯҳ (масалан иборат аз 50 -60 радиф) аз ин ҳам камтар мефиристад, ки мо онҳоро дар осмон чун ситораҳои қатори ҳаракаткунанда мебинем. Дар оянда шумораи чунин қатораситораҳо меафзояд. Зеро лоиҳа нақша дорад, ки ба мадори Замин то 42 000 радиф фиристад ва то ҳол 4541 радиф фиристонидааст.

Шакли радифон панели ҳамвор буда, массаи ҳар кадомашон 260 кг мебошад.


Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )