Астероидҳо ба сайёраи мо хатари ҷиддӣ доранд
2023-07-09 01:10:24
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСТЕРОИДҲО
Рӯзи байналмилалии астероидҳо (Asteroid Day) бо
қатъномаи № 71/90 Маҷмаи Умумии СММ аз 6 декабри соли 2016 бо мақсади "баланд
бардоштани огоҳии мардум дар бораи хатари бархурди астероидҳо" эълон шудааст.
Ин
ҷашни
кайҳонӣ ҳамасола дар сатҳи байналмилалӣ 30 июн – солгарди "падидаи Тунгуск дар болои Сибир" таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1908 фалокати бузурги
астероидӣ рух дод - метеорити Тунгуск ба Замин бархӯрд. Мавҷи таркиш, ки
аз ҷиҳати қудрат ба таркиши бомбаи гидрогенӣ монанд буд. Аз ҷониби олимони кишварҳои гуногун ҳудуди 2000 километри квадратӣ несташавии дарахтон, ҳайвонот,
ярадоршавии одамон мушоҳида гардид.
Бо вуҷуди
ин, муҳаққиқон, олимон
ва ҳаваскорон то ҳол дар бораи ин ҳодиса ба як қарор наомадаанд.
Астероид – ҷирми осмонӣ дар Системаи офтобӣ аст, ки дар атрофи Офтоб давр мезанад ва атмосфера надорад. Астероидҳо шакли номунтазам доранд ва аз ҷиҳати ҳаҷм ва масса нисбат ба сайёраҳо хело хурданд.
Мувофиқи маълумоти олимон, дар Системаи офтобӣ метавонад аз 1,1 то 1,9 миллион астероидҳо - ҷирмҳои калонтар аз 1 км мавҷуд бошанд. Бузургтарин анбуҳи астероидҳо дар тасмаи байни Миррих ва Муштарӣ ҷойгир аст. Калонтаринҳои маълум Сесера, Веста ва Паллас мебошанд ва Сесера аллакай мақоми сайёраи паканаро гирифтааст. Тибқи иттилои Маркази NASA, то имрӯз зиёда аз 32 000 ҷирмҳои наздик ба Замин (ҶНЗ) кашф шудааст.
Гарчанде, ки Замин аз ҳама астероидҳои маълум хеле калонтар аст, ин ҷирмҳои осмонӣ ба сайёра хатари ҷиддии эҳтимолӣ доранд - бархӯрд бо астероиди калонтар аз 3 км метавонад ба нобудии тамаддун оварда расонад ва ҳадди аққал хисороти назаррас расонад.
Ин ташаббуси байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии талошҳои инсоният дар таҳияи системаҳои ошкорсозии барвақтии ҷирмҳои осмонии ба Замин таҳдидкунанда ва ҷустуҷӯи роҳҳои пешгирии бархӯрди астероидҳо бо сайёра ба манфиати амнияти ҷаҳонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамасола дар доираи ин Рӯз дар бисёр кишварҳо чорабиниҳо баргузор мешаванд. Channel Discovery Science, ки ташаббуси баргузории ин ҷашнро дастгирӣ мекунад ва силсилаи барномаҳои "Рӯзи астероид" ва як қатор барномаҳои дигари "кайҳонӣ"-ро оғоз мекунад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола Рӯзи астероидҳо ҷашн гирифта мешавад, ки дар он ба ғайр аз экскурсияҳо дар Расадхонаҳои астрономии Институти астрофизикаи АМИТ, инчунин дар бораи пешгирӣ кардани хавфи астероидҳо лексияҳои олимон, тамошои филмҳои тематикӣ ва як қатор дигар чорабиниҳо гузаронда мешаванд.