ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

  • Новости
  • > ДАР НАЗДИКИИ ҲАМСАФАРИ ЗУҲАЛ - ЭНСЕЛАД ПАРДАИ БУЗУРГИ ОБӢ КАШФ ШУД
single-product

ДАР НАЗДИКИИ ҲАМСАФАРИ ЗУҲАЛ - ЭНСЕЛАД ПАРДАИ БУЗУРГИ ОБӢ КАШФ ШУД

2023-06-13 12:49:42

ДАР НАЗДИКИИ ҲАМСАФАРИ ЗУҲАЛ - ЭНСЕЛАД ПАРДАИ БУЗУРГИ ОБӢ КАШФ ШУД

Муаллиф: Асоев Ҳ.

Дар расмҳои нави Энселад, ки бо ёрии телескопи Ҷеймс Уэбб гирифта шудааст, пардаи буғи обие мушоҳида шуд, ки аз қутби ҷанубии он мебаромаданд. Инчунин ба воситаи спектргорафи ин телескоп имконият фароҳам омад то бубинанд, ки оби аз сатҳи Энселад ҷаҳанда чӣ гуна муҳити атрофро шодоб мегардонад.

Энселад ҳамсафари Зуҳал буда, дар давоми ҳамагӣ 33 соат дар атрофи он як давр мезанад, ва дар вақти ҳаракаташ ба муҳити атроф "обпошӣ" намуда, аз паси худ изи обии ҳалқамонандеро мекашад.

Суръати партоби буғи об аз Энселад 300 литр/сония буғро ташкил медиҳад. Таҳқиқот нишон дод, ки 30% -и об дар дохили пардаи обӣ ё ҳалқаи обӣ монда, 70%- и дигараш берун аз ин баромада, минтақаҳои боқимондаи ҳалқаҳои Зуҳалро бо об таъмин мекунад.

Дарозии ин пардаи обӣ ба 9700 км баробар аст, дар ҳоле, худи ҳамсафар андозаи 500 км дорад. Ин ҳалқа дар расм бо ранги кабуди равшан тасвир ёфтааст.

Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институти астрофизика)
  • Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ( Институти астрофизика )